Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:11

Тафтиши бе огоҳии Шералӣ Мирзо ва таҳпӯши сарбозон

16 декабр 2013, 12:13

Шералӣ Мирзо баъд аз такя заданаш ба курсии вазири дифоъ бидуни огоҳӣ аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шимол ва ҷануби кишвар боздид анҷом дода, баъзе камбудҳоро ошкор кардааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳарчанд фурсати зиёд металабид, аммо вазири нав то таҳпӯши сарбозонро аз назар гузаронд.

“Ошхона, хобгоҳ, ҳаммом ва ҳатто таҳпӯши сарбозонро аз назар гузаронданд, то камбуде набошад. Агарчӣ вақти зиёдро гирифт, вале ин корро анҷом доданд”,-гуфт ӯ. Оқои Маҳмадалиев афзуд, ин боздиди Шералӣ Мирзо шиносоӣ бо қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамзамон ошкор кардани камбудҳо будааст: “Вазир тасмим гирифта буданд, қисмҳои низомиро бе огоҳӣ тафтиш намоянд. Барои ҳамин, дар ҷараёни боздид муайян карда шуд, ки баъзе аз камбудҳои ҷузъӣ вуҷуд дорад”.

Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, вазир мушоҳида кардааст, ки дар баъзе аз қисмҳои низомӣ дарсҳо аз рӯи нақша сурат нагирифта ва либоси сарбозон низ иваз нашудааст. “Дастур шуд, ки дар хобгоҳи сарбозон ба ғайр аз чароғи асосӣ боз чароғҳои иловагӣ монда шаванд. Инчунин муайян гардид, ки дар як утоқ ба ҷои ду нафар панҷ тан муолиҷа мешуданд. Дар ошхона сарбозон бидуни халат мегаштанд. Вазир ба ҳамаи ин эрод гирифта, хостори рафъи камбудҳо шуданд”,-гуфт Маҳмадалиев.

Шералӣ Мирзо дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ вазири нави дифои Тоҷикистон таъин гардида, дар ин мақом Шералӣ Хайруллоевро иваз кард, ки 18 соли охир вазири мудофиа буд. Оқои Мирзо то омаданаш ба ин вазифа раҳбарии раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ӯҳда дошт. Интизории аксари сокинон ва соҳибназарон аз вазирии Шералӣ Мирзо ин аст, ки шароит дар қимҳои низомиро беҳтар карда, даъвати иҷборӣ ва ё “облава”-ро аз миён бардорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ахмад

  • 16 декабр 2013 13:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар давраи вазирии Хайруллоев ягон камбуди набуд ку. Ин чи хел шудаст, ки камбуди пайдо шудаст? Худи хамин акои Фаридун танхо аз дастовардхо мегуфт ва таъкид мекард, ки умуман камбуди нест.
Посух додан
  • Точик

  • 16 декабр 2013 13:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале камбудихои ЧУЗЪИ......................чунки камбудихои КУЛЛИ аллакай бартараф шудаанд wink
Посух додан
  • РИЗО

  • 16 декабр 2013 16:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"ҳарчанд фурсати зиёд металабид, аммо вазири нав то таҳпӯши сарбозонро аз назар гузаронд. " майкаву туриси нимдаридаро чи вакти тафтиш аст???. тафтиш кунед, ки мавди гизои барои сарбозон бо чи киммате ва аз дукони ихо харида мешавад???? дар лашкари шумо ба забонатон дар АРТИШИ шумо чанд сарбоз аз оилаи раисони нохия то оилаи Дарбори Хукумати хастанд????
Посух додан
  • собик сарбоз

  • 16 декабр 2013 19:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ду сол бе матрас хизмат кардам дар чиргатол.
Посух додан
  • Тафтишгар

  • 16 декабр 2013 21:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба сарбозон муза харидан лозим.
Посух додан
  • лола

  • 17 декабр 2013 09:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
собиқ сарбоз ту..... боши айби ки? чоп кунен

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!