Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:36

Раҳимов гуфт, президент аз кори пулис дар соли 2013 розист

10 январ 2014, 17:16

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми январ, зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ниҳоди зертобеяш аз кори маъмурини пулис дар соли 2013 изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД Раҳимов зимни ҷаласа изҳор дошт, ки «соли 2013, соли баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ буд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, тартибот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда тавонистанд.”

Вазир афзудааст, ки кори мақомот дар умури ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мусбат баҳогузорӣ гардид: “Ин қадршиносиро мо бояд бо хизмати софдилона ва поквиҷдононаи худ ҳамеша сазовор бошем».

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ин ниҳод идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Darvesh

  • 10 январ 2014 17:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
DURUG DURUG DURUG !!!! Ku hamu 2 dukhtarchai gumshuda dar soli 2013-ro YOFTED JANOBI RAMAZON RAHIMOV???????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ну конечна-духтарчахои гумшуда ёфт шуданд? Писари Хукумовба делаи -чинояти кушодед?-ба кадом сабаб рози будаст Чаноб?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз шарм надошта худашонро таъриф мекунанд.......
Бахои шумоён аз 2- баланд нест !!!
Хаёл мекунед мардум кару куранд?
Посух додан
  • Часур

  • 10 январ 2014 20:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хел рози набошад интихобот бо тенчи ва ба фоидаи худашон гузашт.
Посух додан
  • Рахмдил

  • 10 январ 2014 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хамаш гапхои дуруг супориши ЧО ро ичро куни албатта кадоатманд мегуяддия
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ором Ором, ми работаим, не мешайте, хамаш тенч меша,
Посух додан
  • Ман

  • 11 январ 2014 00:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
... ошуфтаи девони умри мо мапурс,
Хат галат, имло галат, иншо галат, маъно галат!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!