Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Бишкек ниҳоят иҷозат дод, ки 37 тоҷик вориди Қирғизистон шаванд

22 январ 2014, 14:05

Ҳудуди 37 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Манас дармонда буданд, ниҳоят баъди тафтишот иҷозат гирифтаанд, ки вориди Қирғизистон шаванд.

Дар ин бора худи мусофирони тоҷик ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд. Қаблан як манбаъ аз фурудгоҳи "Манас" иттилоъ дод, ки 37 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳ дармонда, наметавонанд иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро дарёфт кунанд.

Манбаъ омилҳои сар задани ин ҳолатро шарҳ дода натавонист, вале афзуд, ки ин амал бо дастури Хадамоти марзбонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ваъда доданд, ки ба зудӣ вазъи баамаломадаро шарҳ хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки 11-уми январ миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Исфара тирпарронӣ сар зада, муносиботи ду кишварро шиддат бахшид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 22 январ 2014 14:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин киргизхо гузарондестиян ку! Ба фикрам то Президент ба ин масъала дахолат накунан, вазъият вазнинтар мешавад. Барои чи Чаноби олй хомуш бошанд?????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин киргизхо аз хад гузарониданд барои чи Хукумати мо хомуш имруз донишчухои точикро аз боткант ронданд боз шахрвандони точикро дар фурудгох медоранд . Аслан хамон Оксой замини точик аст дар аввал киргизхо моли точикро мечарониданд имруз Замини моро аз они худ мегуянд .Хукумати мо набояд хомушва як см заминаморо диханд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!