Бахшҳо

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба амалиёти Исроил алайҳи Фаластин: Дигар бояд бихезем...

Амалиёти шадиди низомии Исроил, ки дар ду ҳафтаи охир беш аз 800 кушта ва 4,5 ҳазор захмӣ аз ҳисоби мардуми осоишта, аз ҷумла кӯдакону занони фаластинӣ барҷой гузошт, миёни ҷомеаи Тоҷикистон низ вокунишҳо ба бор овардааст.

Бисёре аз намояндагони аҳли фарҳангу адабиёти тоҷик иқдоми Исроилро маҳкум карда, ба ҳимояти Фаластин садо баланд намудаанд. Мушкилоти Фаластину бедодгариҳои Исроил даҳсолаҳо боз вуҷуд дошту дар адабиёти тоҷик то ҳол инъикос наёфта буд, вале ҳафтаҳои охир дар шабакаи интернет чандин шеър дар ин мавзуъ ба нашр расидааст, ки ба қалами шоирони шинохтаи тоҷик аз қабили Рустами Ваҳоб, Озар Салимов, Исфандиёри Назар, Аслиддини Ҳисорӣ, Рустами Аҷамӣ ва дигарон тааллуқ доранд.

Рустами Ваҳҳоб ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин ва Қудсро ба қалам кашида, гуфтааст, аз он рӯзе, ки мусулмонон қиблаи нахустини худро аз даст доданд, ҳаловати имон гум кардаанд:

Қиблаи нахустин

Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,
Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.
Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,
Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.
Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд...
Ҳар шаб аз канорони дил ситора мечинам.
Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,
Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам.
Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,
Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.
Эй башар!
Тафовутро бас азим меёбам
З-он ки ту ҳамегӯйӣ то ман он ки мебинам.
Пойгоҳи меъроҷ,
эй хоки поки Озодӣ,
Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.
Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун
Даст мебарад Ҳуре сӯйи қалби сангинам.
Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам…

Озар Салим низ дар қазияи Фаластин ва қатли кудакони бегуноҳи ин сарзамини мусулмоннишин худро бетараф нагирифтаасту онро озмун миёни куфру имон хондааст:

Аз нав Фаластин дар миёни хоку хун аст,
Аз нав миёни куфру имон озмун аст.
Аз нав Фаластин чун ҳақиқат монд танҳо,
Кас нест пурсад ҳоли зорашро, ки чун аст.
Эй во, Фаластин!
Эй захми бедармони ин дунё, Фаластин!
Аз нав Навори Ғазза майдони ғазо шуд,
Тифли ятиме аз сари сабзаш чудо шуд.
Аз нав ба мисли санги дасташ қалби марде
Афтода рўи хоки хунин, зери по шуд.
Эй во, Фаластин!
Манзумаи беохири ғамҳо, Фаластин!

Исфандиёри Назар дар пасманзари амалиёти низомии Исроил алайҳи навори Ғазза ва куштори кӯдакони фаластинӣ навиштааст:

ЯҲУДО БАР ШУДА ИН БОР...

Қасам бо тину бо зайтун, ки инҷо сабза хунин аст,
Саманди ҷўйбор ин ҷо дигар бесоҳибу зин аст.
Қасам бар шаб, ки дар инҷо нигоҳи раҳзанон резад,
Нигоҳи шуми Исроил, ки бешак раҳзанойин аст.
Яҳудо бар шуда ин бор, к-аз хуни башар нўшад,
Яҳудо ҳасту Юсуф нест, Юсуф – ин Фаластин аст.

***
Ҷаҳон ҳарфе намегўяд, ҷаҳони Ғарб хомўш аст,
Ҷаҳони ҳар мусалмоне ба хуни дида рангин аст.
Мусулмон ҳар куҷо дасту гиребон мешавад бо худ,
Ҳамора ҷанги мазҳаб дораду ҳарфаш ҳама ин аст.
Ҷаҳони Ғарб бар кори Яҳудо медиҳад ёрӣ,
Дигар Ғарби ҷаҳон хасми Фаластин, душмани дин аст.

***
Куҷо ояд аз ин тири дуо, тири нигоҳу оҳи мо коре?
Дигар бояд бихезем, ҷанг бояд кард, кор ин аст!

Рустам Аҷамӣ, шоири ҷавони тоҷик ҳаёти кӯдакони Фаластинро ба қалам дода, аз ҷумла навиштааст:

Ба кӯдакони Ғазза

Ту ҳам дӯст доштӣ орзуҳоятро
Ки дар кӯчаҳои вайрона гум шудаанд
Дӯст доштӣ розҳоятро
Ту таронаи ғамгине будӣ
Пур аз ваҳшати модар
Пур аз васваса дар шеърҳои падар
Ки аз ту борон ба вуҷуд оварданд
Шеър шудӣ чун ситораву суруд
Туро аз кӯчаҳо ҷудо сохтанд
Аз дарахтоне, ки бо ту ҳарф мезаданд
Аз ситораҳое, ки арусакҳоят буданд

Дилат гирифта буд, зебои кӯчак!
Аз мадраса ба ҷои занги тафреҳ садои гулӯла ба гӯш мерасид
Хаффошҳо шаҳрро гирифта буданд
Тамоми лаҳзаҳо шабанд, шаб
Ту ҳеҷ гоҳ субҳона нахӯрдӣ
Ва бо ҷанг бузург шудӣ
Саҳми ту аз ин дунё танҳо шаҳодати бародаронат буд
Ту панҷараатро дӯст медорӣ
Дар ҳоле ки ҳеч насими шодӣ намевазад
Ҳанӯз бедорӣ
Кӯчаҳо ва хонаҳо бӯи саҳми ту
ва хотираҳои падарро медиҳанд
Медонам, дарёҳо байни ману ту фосила андохтааст
Ту дигар танҳо нестӣ
Мо қаиқ мешавем
Ва ҳеҷ тӯфоне наметавонад ҷудоямон кунад...
Мӯҳр
Фуркат
Газали устод Исфандиёр баёнгари вокеахои имрузаи Фаластин аст. Ахсан устод Исфандиёр.

Марселез
Шоирони Точик аз нав ба илхом омадесон. ГРЕНАДА,ГРЕНАДА, ГРЕНАДА МАЯ...

Саидчон. Якутия.
Ассалому аллайкум бародари азиз Рустам Ачами. О ин чи хел шеър хаст на мазза дораду на лаззат?! Бовар кун дар шеърхои болои камтар зик шудам, хамин шеъри худатро хондаму хушёр
шудам. Инро шеър нагуй инхое,худат навиштаи гап хастанд. Боз чи хел гап,гапхои бемазза. Узри бисёру вакти худатро бехуда дар ин гуна шеърхо нагузарон.

беном
бале дигар кор ба чое расидааст, ки бояд дахолат кард мусулмонон бихезед

ненавижу американцев

Х,амдард
Ташакури зиёд ба шоирону нависандагони бо номус, хамдард ва мусалмони точик , ки дар ин рузои вахшат худро бе тараф нагирифтед, ин нишонаи Имон ва вичдони шумо аст! Худоё мо ва шумо ва бародарони фаластиниро аз шарри ин яхудииёни золим (ва куфри чахон) нигахдор бошад ва хамеша тансихату саломат ва хонаободу сарбаланд бошем! Омин.

Точикандеш
Вокеъан хамаги бояд хампояву такягохи мардуми Фаластин бошем.Дар инчо мусулмонон бояд кудурату адовати андохтаи яхудиёни куфорро,ки исломро ба шохахои мазхаби чудо карда чанг карда истодаанд бояд канора гузорем.Барои мардуми мусулмони Шурави боз дардовар он аст,ки замони Чанги 2-юми чахон миллионхо нафар дар набардхо ширкат варзида,бештар аз 1 миллион мусулмони шурави барои озодии халкхои чахон аз чумла яхудиёни кофар чон бохтаанд!Натичааш чи?Кишвари 2 хазор сол набудаи Яхуд дар хоки Фаластин таъсис ёфт ба кариб 70 сол боз бародарони муслими мо ранч мекашанд.Марг ба Амрико,марг ба Инглис,марг ба Исроил.Зинда бод кишвари озоди Фаластин!

Абумуслим кучои ту?
Зи хоки сард намехези!
Кучои Ахмади Масъуд?
Ба рузи сахти муслимин!
Яхуду янки насрони,
Ба Моху рузи Раббони,
Ба куфру касди шайтони,
Фаластинро чудо карданд!
Ба зери тиру теги худ,
Шахид карданд мусалмонро,
Ту гуи Карбалое шуд,
Чу Освенцими олмони!
Мадад эй марди исломи,
Ба вакти чанги раббони,
Чиходи мост дар инчо,
Набарди мост Тел-Авив!

Чобир
Ин мусулмонон хич муттахид нашуданд, ки нашуданд-дия... Тика-тика када кир мекунанд. Аз Ироку Шомда аввал ин тарафа ором кунед, намшуд ми?

фарз кардеv мусалмонон муттахид шуданд, лекин бе яроку аслиха, бе савориххои муосир, бе мигхои муосир, танкахои муосир, чи кор карда метавонем?? Аз пушти Исроил Амрикою Руссу Аврупо аст, дар таърихи таъсиси ин давлат Сталин, Рузвелт ва Черчил бо якдигар якчоя шуда ин давлатро таъсис доданд. Аввал мо бояд бехтарин физикхою мухандисхо дошта бошем, то ки заводхои яроку аслихахои муосирро созем , артиши ба тартибандохта ва генералхои стратегиядон ба мо даркоранд. Охирон империяе ки ба мусалмонон сояпанох буд ин Империяи Усмони буд, ки метавонист чавобгу бошад барои дифоъ, аммо дигар нест.

Салом ба хамаи хонандагони азиз, ваяте ин шеърхоро хондам хеле хурсанд шудам, ки шоирони мо хам дар ин мазлимияти мардуми фаластин хам худро шарик донистанд ва хамдарди худро бо онхо дар колаби шеър оварданд, мо хам хонандагони расонахо ин кори вахшиёнаи израилро махкум мекунем ва аз шучоат ва дифоъи мардуми мазлуми фаластин химоят мекунем ва аз Худованди бузург мехохем ки ин ин душманони башариятро хору залил гардонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)