Бахшҳо

Матни номаи 21-саҳифагии Шӯҳрат Қудратов қабл аз боздошташ

Матни комили номаи Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи Зайд Саидов – соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав тоза ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси мо шуд. Ин номаи 21-саҳифаӣ як ҳафта пеш аз боздошти Қудратов ба раиси ҷумҳур, парлумон, сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ навишта шуда, ҳоло бидуни таҳрир чоп мегардад:


“Бо ҳукми коллегияи Судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри 2013 Саидов Зайд Шерович дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо гунаҳкор эътироф ва ба муҳлати 26 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мувофиқи муқарраркунии ҳамон суд аз 23 майи соли 2014 шикояти кассатсионӣ рад карда шуд. Ҳамин тариқ тамоми қоидаҳои (процедураҳои) дохили давлатӣ амалӣ шуданд. Миқдори зиёди муроҷиатномаҳо бе ҷавоб мондаанд, аз он ҷумла ба раиси ҷумҳур, прокуратураи генералӣ ва дигар идораву мақомот, бо мақсади қатъ кардани беадолатӣ нисбат ба шахсе, ки дорои обрӯю эътибори хуб мебошад, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи давлат. Шахсе, ки миёни мардум ба васоити амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, инсонпарварӣ, одамдӯстӣ ва хушахлоқиву маънавиёти баланд обрӯ пайдо кардааст.

Сабаби ҳамаи ин он буд, ки бо ташаббуси Саидов З. Ш. ва гурӯҳи ҳамсафонаш ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» ташкил карда шуд. Ҳизби навтаъсис дастгирӣ ва тарафдорони худро дар байни мардум ба зудӣ пайдо кард. Лекин 1,5 моҳ пас Саидов З. Ш. ҳабс карда шуд.

Мувофиқи нашркунӣ дар воситаҳои ахбори омма (СМИ) шахсияти Саидов З. Ш. ва ташшабускории сиёсии вай диққати одамонро зиёдтар ба худ ҷалб карда истодааст, ки аксарияти онҳо боварии комил доранд, ин шахс бегуноҳ аст ва сабаби ҳақиқии таъқибкунии вай характери сиёсӣ дорад. Таъқибкунии ҷиноятиро вайронкунии зиёди қоидаҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ, ки дар Тоҷикистон эътироф шудаанд хамроҳӣ мекард ва мекунад. Ҳангоми дастгир кардан ва ба ҳабс гирифтани Саидов З. Ш. дахлнопазирии депутатии ӯро вайрон карданд, тарафи ҳимояткунанда бошад, ба монеаҳои бартарафнашаванда рў ба рў шуд, муроҷиатномаҳои зиёд оиди қатъ кардани қонунвайронкунӣ ва зулму ситам, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон, ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо, ҷавоби худро наёфтанд. Таъқибкунии ҷиноятӣ бо санксияҳои иқтисодии аз ҳадду меъёр зиёд ба роҳ монда шудааст, ки мақсади он ба ҳар васила маҳрум кардани Саидов З. Ш. ва хешу наздиконаш аз маблағи барои зиндагонӣ зарур мебошад. Объектҳо ва тамоми моликияте, ки соҳибкор бо маҳорати барҷастаи худ ба даст оварда буд, ки қисме аз онҳо дар асоси сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил шуда буданд, ҳабс ва мусодира карда шудаанд.

Инчунин, далелҳои раднашаванда оиди корҳои қалбакӣ ба назар гирифта намешаванд, адвокатҳо бошанд ба таҳдиду найранг гирифтор мешуданд ва айни замон қарор доранд, яке аз онҳо Ф. Зокиров бо баҳонаи ба таъхир гузоштани мўҳлати бозгардонидани қарзи бонкӣ, ки бо гарав таъмин гардида буд, қариб панҷум моҳ мешавад, ки ба ҳабс гирифта шуда айни ҳол дар маҳбас қарор дорад. Муаллифи ин муроҷиат бошад, бе ягон асоси қонунӣ бо баҳонаи ҳифзи шаъну шарафи инсон, ки дурӯғ ва тўҳмат нисбати Саидов З. Ш.-ро фош кардааст, дар асоси гӯш кардани сўҳбатҳои телефонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Истифодаи чунин механизми ҳифзи ҳуқуқ нисбати Саидов З. Ш беҳуда буданд. Ба ин мақсад ба шумо муроҷиат менамоем, ки Тоҷикистон ҳамчун як қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ худро бо ўҳдадориҳои байналхалқӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд алоқаманд намудааст. Хоҳишамандам дар доираи чораҳои байналмиллалӣ-ҳуқуқӣ ва воситаҳои ҳифозатӣ, ки истифодаи онҳо бо шарти иҷроишу ўҳдадориҳо таъмин карда мешавад, ба тақдири Саидов З.Ш. ба маъюби гуруҳи 2, инсоне, ки бо саломатии бад ва минбаъд бадтаршаванда диққат зоҳир намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқи ӯ мусоидат намоед.

Шӯҳрат ҚУДРАТОВ

ЗАМИМА ДАР 19 САҲИФА:

1.МАЪЛУМОТИ ТАРҶУМАИҲОЛӢ
Саидов Зайд Шерович 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод)-и ҷумҳурии Тоҷикистон дида ба олам кушодааст. Соли 1976 мактаби миёнаи рақами 5-и ноҳияи Нурободро хатм кардааст. Соли 1978 ба курси аввали факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ – банақшагирии саноат хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

Моҳи августи соли 1983 ба иттиҳодияи истеҳсолии “Ритуал”-и Вазорати хизмати маишӣ дар шаҳри Душанбе чун иқтисодчӣ ба кор даромадааст. Аз моҳи июли соли 1984 то июни соли 1987 сармуҳандиси ин Иттиҳодия будааст. Аз моҳи июни соли 1987 то моҳи августи соли 1988 сардори корхонаи нонпазиву қаннодӣ будааст. Аз августи соли 1988 то моҳи майи соли 1991 дар вазифаи сардори корхонаи коркарди санги Ассотсиатсияи душанбегии «Промстройматериал» ва аз моҳи июни соли 1991 то моҳи марти соли 1993 дар вазифаи директори корхонаи истеҳсолии “Лаъл”-и Ассотсиатсияи «Промстройматериал» кор кардаст. Аз моҳи октябри соли 1993 то июни соли 1999 директори генералии ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “Халиф” дар Маскав буд.

Хизмати давлатӣ

Аз моҳи июни соли 1999 то январи соли 2002 Раиси кумитаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноат буд. Аз моҳи январи соли 2002 то 30 ноябри соли 2006 Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолияти ҷамъиятӣ

Аз соли 2007 то 2013 Федератсияи тениси рӯи мизи Тоҷикистонро сарварӣ кард. Аз соли 2007 то 2013 Раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва аз моҳи июни соли 2012 Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи бизнес ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фаъолиятҳои сиёсӣ

Саидов З.Ш. ширкаткунандаи фаъоли раванди гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки барои ба даст омадани сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар, ки солҳои 90-и асри гузашта ба ҷанги дохилӣ печидаву тибқи арзёбиҳои гуногун аз 100 то 150 ҳазор нафар дар он қурбон шуда буданд, саҳми сазовор гузоштааст.
6 апрели соли 2013 Саидов З.Ш. ва гуруҳи таҳти сарпарастии ӯ аз қасди ташкили ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” бо мавзеъгириҳои марказгароёна хабар доданд. Аммо бо гузашти як муддати кӯтоҳ Зайд Саидов аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон ба содир намудани як силсила ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳангоми кор дар сохторҳои давлатӣ ва иқтисодӣ дар фаъолиятҳои соҳибкории ӯ гунаҳгор дониста шуд. Билохира, дар таърихи 19 майи соли 2013 боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, ба муҳлати 26 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум ва ҳама амволаш мусодира гардид. 25-уми декабри соли 2013 З. Саидов аз рӯи чор моддаи Қонуни ҷиноии ҶТ - 138, 247, 319, 170 гунаҳкор дониста шуда, 26 сол бо мусодираи амвол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум гардид. Дигар моддаҳо, ки дар асоси он гуноҳи З. Саидов исбот нагардид, барои тафтиши иловагӣ пас фиристода шуд.

2. ХРОНОЛОГИЯИ ТАЪҚИБ

6 апрели сол 2013 Саидов З.Ш. бо гуруҳи ҳамфикронаш эълон мекунад, ки ният доранд ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» созмон диҳанд. Аз 8 апрели соли 2013 фишорҳои давлат ба монеъ эҷод кардан ва бэътибор намудани фаъолият барои эҷоди як ҳизби сиёсӣ шуруъ мешавад. Зангҳои телефонии таҳдидовар ба сарвари гуруҳи ташаббускор Саидов З.Ш. ба қайд гирифта мешаванд, вале муроҷиати ӯ ба мақомоти салоҳиятдор барои ҳифз ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон ягон натиҷа намедиҳад. 19-уми майи соли 2013 соати 03.00 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Порис (Фаронса) ба муҷарради поён шудан аз ҳавопаймо Саидов З.Ш. аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (минбаъд Агентӣ) боздошт гардид ва ин амал бо нақзи талаботи моддаҳои 46 (Гумонбаршуда), 94 (Тартиби боздошт), 190 (кофтукоб), 191 (Асосҳои барои дарёфт кардан), 192 (Тартиби анҷом додани кофтукоб ва дарёфт кардан)-и Кодекси мурофиави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Протоколи боздошти Саидов З.Ш. тӯли 35 соат баъди амалан дастгир шуданаш дар бинои Агентӣ тартиб дода шуд.

Ҳангоми боздошт ҳамчунин он ҳолат, ки Саидов З.Ш. вакили мардум дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд, ба инобат гирифта нашуд ва бо моддаҳои 21 ва 22 Қонуни ЧТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакили Маҷлиси депутатҳои халқии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо», ки ризояти ин мақом бояд гирифта шавад, вайрон карда шуд. Розигӣ баъди 32 соати боздошт ба даст оварда шуд. Аммо то ин замон аллакай як силсила амалиёти тафтишотие чун кофтуков дар хонаи оила ва хешовандон, дафтари корӣ, рӯ ба рӯ кардан бо Ҷӯраев Низомхон, пурсиш ба сифати гумонбар, мусодираи аснод, техникаи компутарӣ, воситаҳои пулӣ ва дигар ашё гузаронида шуд.

Тафтишот ғайриқонунӣ бо нақзи моддаи 5 Қонуни ҶТ «Дар бораи сирри давлатӣ» ба парванда муҳри махфӣ мезанад. Дар ҳама давраи тафтишоти пешакӣ талаботи моддаи 53 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ дағалона вайрон карда шуда, Саидов З.Ш. пурра аз доштани ҳуқуқи мулоқоти маҳрамона ва номаҳдуд ба теъдоди мулоқоташ бо вакилони мудофиа маҳрум карда шуд.

Як рӯз баъди боздошт - 20 майи соли 2013 дар воситаҳои ахбори умуми давлатӣ ва асосан бо воситаи телевизион маъракаи густардаи беэътибор кардани обрӯи Саидов З.Ш. оғоз мегардад. Худи ҳамон рӯз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои пурҷамъияту пуродам китобчаҳои мазмунан туҳматомез ройгон ба одамон тақсим карда мешаванд, ба ҳадде, ки Саидов З.Ш.-ро чун оташдиҳандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд. Маълум буд, ки дар тафаккури ташаббускорони ин маърака Саидов З.Ш. бояд чун ҷинояткори давлатӣ, ки ҷиноятҳои сангин содир кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Бо ин моддаи 19 Конститутсияи ҷТ ва 15 Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавӣ- чиноятии Чумхурии Точикистон, принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ нақз карда шуд.

Молу мулк ва амволи ғайриманқули Саидов З.Ш., хешовандони дуру наздики вай ба ҳабс гирифта шуданд. Бо нақзи талаботи моддаҳои 53 ва 175 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ мақомоти тафтишоти пешакӣ ва прокуратура бештар аз 30 дархосту аризаи вакилони мудофиа дар бораи пешгирӣ аз вайрон кардани Конститутсия ва қонунҳои мурофиавӣ дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба баррасӣ нагирифтанд. Бар хилофи талаботи қисми 3, моддаи 210 Кодекси мурофиави- ҷиноятии ҶТ оид ба қонеъ намудан ва ё рад кардани аризаҳои супурдашуда муфаттишон ягон қарор дар бораи қонеъ намудан ва ё рад кардани онҳо содир накарданд.

Аризаҳои бешумор дар бораи таъин намудани ташхиси генетикӣ оид ба ҷиноятҳои хислатан шаҳвонӣ қонеъ карда нашуданд, ҳамзамон аллакай баъди он ки парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шуд, ҳодисаи таъини ин гуна ташхис аз ҷониби тафтишоти пешакӣ бо нақзи дағалонаи талаботи моддаҳои 172, 183, 215 қ. 3 Кодекси мурофиавӣ- ҷиноятии ҷТ гузаронида шудааст. Бар хилофи талаботи моддаи 210 Кодекси мурофиави- ҷиноятии ҶТ Саидов З.Ш. бо қарор дар бораи таъини ташхис шинос карда нашуд, дар натиҷа ин амал ӯро аз ҳифзи ҳуқуқ барои пешниҳод намудани саволҳои иловагӣ ба таҳлилгарон, эътироз ба таҳлилгар ва дигар ҳуқуқҳое, ки моддахои зикргардида пешбинӣ кардаанд, маҳрум намуд. Тавзеҳ дар қарор дар бобати он ки Саидов З.Ш. дар ин бора бо қарор аз 12-уми августи соли 2013 дар бинои Агентӣ шинос карда шуда буд, сохтаву қалбакӣ баромад ва дар суд вакилони дифоъ бо ироаи дархости дахлдор исбот карданд, ки дар ин рӯз вай бинои СИЗО-и КДАМ-и ҶТ-ро тарк накарда буд. Исботи қотеъонаи дигари тақаллуби парванда бо истифода аз воситаҳо ва усулҳои ғайриқонунӣ сохтакорӣ дар хулосаи ташхис аст, ки дар натиҷа хулосаи манфии таҳқиқот дар мавриди падарии Саидов З.Ш. мусбат нишон додаву ба суд пешниҳод шуд. Роҳбарият ва мутахассисони озмоишгоҳи москавии «Био-Папа», ки худи мақомоти тафтишот ба сифати муассисаи ташхисӣ пазируфта буданд, тасдиқи ҳуҷҷатӣ ва видеоӣ дода буданд, вале хулосаи ташхиси онҳоро сохтакорона тағйир доданд. Бо таваҷҷуҳ ба шароит ва вежагии таъини ташхис метавон ба хулосаи ягона омад: ин иқдоми ҷинояткоронаи бесобиқа кори дасти худи мақомоти тафтишотӣ буд. Гузашта аз ин ва ба муроҷиатҳои ҳимоя нигоҳ накарда, аз ҷумла дар Прокуратураи генералӣ дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон ягон чора андешида нашудааст.

Бе фишор ба вакилони мудофеа ва ҷонибдорони Саидов З.Ш. нагузашт. Чунончӣ, барои баргузории «Флеш-моб» бахшида ба садумин рӯзи боздошти Саидов З.Ш ва будубоши ӯ дар маҳбас суд чор тан аз писарони ӯ, домод ва ҷонишини Саидов З.Ш. дар гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии «Тоҷикистони нав» Қосимов М.Х.-ро ба муҳлати 5 шабонарӯз боздошт намуд, ҳамчунин узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсӣ Соҳибназарова М. ҷаримаи маъмурӣ шуд.

Вакилони мудофеа низ ба фишори шадид рӯ ба рӯ гардиданд. Маълумоти онҳо ба мақомоти салоҳиятдор дар мавриди он ки ба телефонҳои ҳамроҳашон таҳдидҳои қасос мерасанд, оид ба ҳодисаҳои таъқиби ғайриқонунии онҳо, дар бораи он ки роҳбарияти Агентӣ изҳороти туҳматомез дар бораи онҳо паҳн мекунанд, ҳамеша ва басо сарсахтона нодида гирифта мешаванд. Баъди як нишасти матбуотии онҳо (30.07.2013 с.), ки ҷавобан ба як нишасти хабарии Агентӣ, ки дар он роҳбаронаш бо нақзи принсипҳои конститутсионии эҳтимолияти бегуноҳӣ бори дигар маълумоти манфиро барои паст задани шаъни Саидов З.Ш. пеши чашми ҷомеа роҳандозӣ шуда буд, баргузор гардид, Директори Агенти ғоибов Ф. шахсан вакилони мудофеаро даъват кард ва басо бо оҳанги дағалона онҳоро ба таъқиби ҷиноӣ ва лаҳзаи нави гунаҳгорсозии шахси зерҳимояашон ба содир намудани ҷиноятҳои шаҳвонӣ таҳдид намуд.

Ваъда дер напоид ва дар парванда ҷабрдида Гасилина Е.В. бо иддаои таҷовуз ба номус падидор шуд. Вакилони мудофиа низ истисно набуданд. Дар остонаи баррасии парвандаи иқтисодӣ бо баҳонаи таъхир дар пардохти қарзи бонкӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, вакили мудофеаи маъруф, раиси яке аз коллегияҳои адвокатҳрои кишвар Ф.Зокиров, ки машғули парвандаи иқтисодӣ оид ба моликияти Саидов З.Ш. буд, ба ҳабс гирифта мешавад ва инак, муддати бештар аз 4 моҳ аст, ки дар маҳбас қарор дорад. Моҳи июли соли 2014 дар бехабарӣ ва бе ширкати вакили мудофиаи дигар-Қудратов Ш. парванда дар бораи ҳифзи номус ва шарафи Бобораҷабова М., ҳамоне, ки нишондодаш дар мавриди падарии Саидов З.Ш. ба фарзанди ӯро натиҷаи ташхис рад кардааст ва ин худ баробар ба туҳмати ноҳақ аст, баррасӣ мешавад. Ба вакили мудофеа ҳич имконе барои ҳимояи худ дода намешавад, ба ӯ сабти гуфтугӯи телефониеро нисбат медиҳанд, ки ғайриқонунӣ гӯш карда шудаву дар дастрасии Бобораҷабова қарор дода шудааст. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳолатҳои дигари яқинан ишоракунанда ба найрангу дасиса бар зидди адвокате, ки ҷуръати ҳимояи манфиатҳи Саидов З.Ш-ро дорад, суд пурра даъвои шаҳрванди ёдшударо қонеъ мекунад, аз ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ (бештар аз 40 ҳазор доллари ИМА), яъне, ин пули бузурге дар шароити яке аз фақиртарин кишварҳои олам, мебошад, ки ҳатто 2 дар сади онро Ш.Қудратов тавони пардохт кардан надорад.

Суд ҳамчунин, чун дар тафтишоти пешакӣ бештар аз 15 дархости вакилони мудофиа ва айбдоршавандаро нодида мегирад. Додани нусхаи ҳалномаро суд вобаста ба уҳдадорӣ ба ифшо накардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ, тибқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии ҷТ ва моддаи 177 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии ҶТ кард.

3. ТАЪҚИБИ ҶИНОӢ

Тибқи ҳукми Коллегияи Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2013 Саидов З.Ш. ба содир намудани ҷиноятҳое, ки бандҳои «а» ва «г»-и қисми 4-и моддаи 319, банди «б» қисми 4-и моддаи 247, банди «а», қисми 3-и моддаи 138, банди «д» қисми дуи моддаи 131 ва моддаи 170 Кодекси ҷиноятии ҷТ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 26 сол бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳукми суд бар хилофи талаботи моддаҳои 21, 88, 33, 335, 339, 342 – 343 ва 348 Кодекси мурофиави ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст. Ҳолатҳои мутобиқ ба моддаи 85 Кодекси мурофиави ҷиноятии Чумхурии Тоҷикистон дар мавриди исботи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва судӣ метавонад ҷурмҳое, ки умуман исбот нашудаанд, гуруҳбандӣ шавад, ин ҳам дар ҳоле даъвои тафтишот ва суд дар бораи онҳо дар пояи тахминҳо бошад, ҳатто агар ягон асос вуҷуд надошта бошад ва онҳое, ки муайян шудаанд ва бегуноҳии Саидов З.Ш-ро исбот мекунанд, вале бо нақзи қисми 3 моддаи 21 (Ҳамаи ҳолатҳои исботшаванда бояд ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида шаванд ) ва моддаи 88 (Баҳодиҳии далелҳо) КМҶ аз ҷониби тафтишот ва суд нодида гирифта шудаанд.

3.1. Айбдоркуни бо банди «г», қисми чори моддаи 319 КҶ («Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё бо воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қимматнок, дигар амвол ё фоидаи дорои характери амволӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба қудрати мавқеъи мансабиаш ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мосоидат карда метавонад, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат:

Ҷазо: 11 сол аз озодӣ маҳрум.

Тарҳи мухтасари иттиҳомот: Ҳангоми дар вазифаи вазири саноати ҶТ фаъолият намуданаш, шахси мансабдори давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо сӯистифода аз вазифа, бо ҳадафҳои ғаразнок моҳҳои март ва апрели соли 2006 барои мусоидат ба пешрафти кори Директори генералии ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди «Химзавод»-и Исфара Ҷӯраев Н.Х. аз ӯ ба cифати пора корхонаи хусусигардонидашудаи ҶСК «Тоҷикатлас», ки дар кӯчаи Н.Қарабоев 8, ш. Душанбе воқеъ буд,гирифтааст.

Исботи бегуноҳӣ:
1) Саидов З.Ш. ҳич замоне соҳиби ҶСК «Тоҷикатлас» набуд ва амалиёте, ки ба ӯ номнавис карда мешавад, воқеият надорад. Соҳиби корхона амалан Саидов Абдусамад (ҳамнасаби Саидов З.Ш., ки ҳеч иртиботи хешутаборӣ бо ҳам надоранд) ва ӯ ҳар гуна эҳтимолияти истифодаи ҳуқуқи молик будани худро дар пуштибонии касе, аз ҷумла Саидов З.Ш.-ро рад мекунад ва қабул надорад. Ягон шаҳодате ба даст оварда нашудааст, ки исботкунандаи ба ҳам омадани манфиатҳои ин ду Саидов, яъне Саидов З.Ш. ва Саидов А. дар иртибот бо ҶСК «Тоҷикатлас» бошад ва шифоҳиву хаттӣ сабаби муоҳада миёни ин ду тан шуда бошад.

2) Як чизе ки ҳатман дар доираи талаботи моддаи 85 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ мебошад, вақти содир гардидани ҷиноят аст. Мавқеи тафтишот ва суд дар ин бахш қатъан дар пояи тахминҳост ва ҳамзамон муғойир на танҳо ба шаҳодатҳои барои парванда ба даст оварда шуда, балки ба меъёрҳои қонунгузории соҳавист. Гузашта аз ин дараҷаи чунин номутобиқатӣ ба ҳадде бузург аст, ки сухан аз дурӯғ меравад, на тахминҳо. Тафтишот ва суд тасдиқ мекунанд, ки бегонашавии корхонаи Саидов А. моҳҳои март ва апрели соли 2006 ҷой дошт, ин дар ҳолест, ки вай танҳо 24-уми майи соли 2006 соҳибмулки ин корхона шуд, пас дар ин давра наметавонист фармонравои он бошад. Бо ҳамин як сабаби басо одӣ наметавонист моҳҳои марту апрел, чуноне суд тасдиқ мекунад, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи корхонаро ба намояндаи Саидов З.Ш. таслим кунад, ё худ он аслан дар ихтиёри вай набуд. Ва тафтишот ва суд сарсахтона намехоҳанд қисмҳои 1 ва 2 моддаи 247 Кодекси граждании ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчунин моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро дар ҳолати ба миён омадани ҳуқуқи моликият ба инобат гиранд.

3) Бедодии тоқатнопазир он аст, ки суд ва тафтишот намехоҳанд бипазиранд, ки Ҷӯраев Н. ҳеч гоҳ молики ҶСК «Тоҷикатлас» набуд.

4) Пурра исбот шудааст, замоне ки Саидов З.Ш. вазир буд, ба манфиати Ҷӯраев Н. талоше накард, ягон амал ё беамалие нисбат ба ӯ нишон надод. Аз рӯзи аввали тафтишоти пешакӣ то анҷоми мурофиаи судӣ ҳамон Ҷӯраев Н., ки дар асоси нишондодҳои ӯ тафтишот ва суд иттиҳом месозанд, ба ин савол, ки сабаби ба Саидов З.Ш. додани корхона чӣ буд, ё худ чӣ манфиатеро дунбол мекард, посух медиҳад, ки «Ҳеч манфиате, ҳамин хел додам!» Яъне, дар асоси шаҳодати ин одам бо забони ҳуқуқӣ метавон гуфт, ки ҷанбаи зеҳнии таркиби ҷиноят вуҷуд надорад.

5) Диспозицияи ин модда, тарафи объэктивӣ ва субъективии ҷиноят онро дар назар дорад, амал (беамалӣ), ки ба ваколати шахси мансабдор ва мавқеъи шахси мансабдор, ки бо чунин ҳаракатҳо (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонад. Маҳз кадом ваколати вазири саноат дар он замон ишора ба содир намудани ҷиноят дорад ва мушаххасан дар чӣ инъикос мешуданд-боз як муаммо буд, ки тафтишот ва суд натавонистанд ба он посух диҳанд. Инро метавон шарҳ дод: гап сари он ки: а) фурсатҳои инзиботӣ ҳамчунин ваколатҳо дар мавриди таъин ё сабукдӯш кардани Директори генералии «Химзавод»-и шаҳри Исфара ваколати худи Ҳукумати кишвар буд. Вазорат танҳо коре метавонист,ки тавсия додан буд; б) ҳатто ин ваколати тавсия додан, ки аз Низомномаи вазорат бармеояд, бо назардошти мақом ва ҷойгоҳаш дар мавриди Ҷӯраев Н. на бештар аз тавсияви буда метавонад. Ва ин на танҳо як факти барои умум маълум, балки ҳатто бо гуфтаҳои худи Ҷӯраев Н. тасдиқ мешавад. Дақиқан суд ба ҳеч ваҷҳ намефаҳмонад, ки ин «пуштибонии умумӣ», ки гӯё Саидов З.Ш. ба Ҷӯраев Н. кардааст, дар чӣ зоҳир мешуд. Ин дар ҳолест, ки Ҷӯраев Н. дар суд нишон дод, ки ба назари ӯ ин одам (Саидов З.Ш.) хеле инсони поквиҷдон аст ва замоне, ки Вазир буд на танҳо талаби чизе накард, балки хоҳишеро ҳам дар мавриди иҷрои ин ё он хизмат пеш нагузошт. Дар ин маврид талаботи банди 8 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2008 № 11 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, додани пора ва дар бораи пораи тиҷоратӣ» нодида гирифта мешавад.

6) Харидори саҳмияҳои ҶСК «Тоҷикатлас»-и Саидов А. Раҳимов Д. (ҷияни Саидов З.Ш.) буд, ки манфиатҳои ӯро охирин намояндагӣ мекард. Муоҳада миёни Саидов А. ва Раҳимов Д. 26-уми декабри соли 2006 дар Вазорати молия ба қайд гирифта шуд ва бино ба гуфтаи Саидов А. маҳз ҳамин рӯз асноди муайянкунандаи ҳуқуқи корхонаро ба Раҳимов Д.В. додааст ва дар навбати худ Раҳимов Д. дар суд тасдиқ кард, ки маҳз ӯ ин корхонаро харида буд, аз ин рӯ вай корхонаи хусусии ӯ маҳсуб мешуд. Вай ба ёд овард, ки дар солҳои гуногун ин ё он мақомоти салоҳиятдор ва соли 2010 Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба фаъолиятҳои вай таваҷҷӯҳ карданд ва аз ӯ дар мавриди харидуфурӯши корхона ва соҳибмулкии он пурсида буданд. Ва ӯ ҳар вақт воқеъияту ҳақиқатро такрор ба такрор мегуфт. Зимнан, дар маводи парвандаи ҷиноӣ ҳуҷҷате мавҷуд аст, ки онро Агентӣ соли 2010 тартиб додаст ва дар он ба гуфтаҳои Саидов А. такя шудааст, ки корхонаро ба ӯ на ба каси дигар, балки ба Раҳимов Д. фурӯхтааст. Ҳамин тариқ ҷиддан исбот шудааст, ки а) шахси аслӣ дар мавриди харидуфурӯши ҶСК «Тоҷикатлас», ки тафтишот ва суд гумонбар мешаванд, на Саидов З.Ш. аст. б) ба ҷонибҳои харидуфурӯш на ӯ ва на мақоми хидматиаш аз нигоҳи имтиёз ва бартариҳо дахле надоранд, в) таҳвили асноди қонунии корхона на моҳхои марту апрел, чуноне суд ба ин таъкид мекунад, балки моҳи декабри соли 2006, баъди 26 рӯзи аз Вазорат рафтани Саидов З.Ш. сурат гирифтааст.

7) Ҳолатҳои тасдиқкунандаи он, ки шартномаи бегонакунии саҳмияҳои ҶСК “Тоҷикатлас” ба ҳолатҳои дар назардоштаи тафтишот ва суд мувофиқат менамояд ва он ба Саидов З.Ш. ягон алоқамандӣ надорад, бо санадҳои зиёди тафтиши фаъолияти ҶСК “Тоҷикатлас”, ки аз солҳои 2008 то 2010 гузаронида шудаанд, аз ҷумла бо муроҷиати як қатор иштирокчиёни ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти назоратӣ аз он ҷумла ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҶТ таҳаққуқ ёфтааст.

8) Он ки айбдоркунӣ танҳо дар асоси аризаҳо ва нишондодҳои зиддунақизи Ҷӯраев Н. сохта шудааст, тасодуфӣ нест ва ҳатто як назари сатҳӣ ба шахсияти ин одам бо назардошти арқоми барои ҷомеа дастрасшуда далолат ба он мекунад, ки агарчӣ на ҳама, вале бисёре аз сабабҳои асосӣ дар бемуҳаббатии ҳукуматдорон ба Саидов З.Ш. рух додаст. Беш аз ду сол ба инҷониб, аниқтараш пештар аз бадбахтиҳои ба сари Саидов З.Ш., омада, ки ба содир намудани ҷиноятҳои зиёд гумонбар мешавад, 17-уми майи соли 2013 зимни як шикоят дар бораи Саидов З.Ш. ариза боз ҳам аз ҷониби ҳамин Агентӣ тафтиш карда мешавад. Вале то замоне, ки Саидов З.Ш. объекти таъқиби ҷиноӣ қарор намегирад, ҳамон Ҷӯраев Н. ҳам дар муроҷиатҳо ва нишондодҳои зиёдаш ишорае сӯи Саидов З.Ш. намекунад. Гузашта аз ин ҳимояи Саидов З.Ш.ба суд муроҷиати Ҷӯраев Н.-ро ба Хадамоти муҳоҷирати Русия пешниҳод кард, ки дархости паноҳандагии сиёсӣ мекунад. Вай дар ин дархост сабабҳои ин талаби худро бо кӯчактарин ҷузъиёташ менависад, аз ҷумла дар бораи «низоми мавҷуда дар Тоҷикистон», ҳодисаҳои тааддиву таарруз ба моликияти ӯ, беназмиҳои мансабдорон ва ғайра. Аммо дар он аслан чизе дар бораи ҶСК «Тоҷикатлас» ба назар намерасад. «Созгории универсалии» Ҷӯраев Н. вобаста ба он аст, ки аз сӯе муносиб ва хуб будани вазъи ӯ ва аз ҷониби дигар талабот ба тақаллуби парвандаҳои ҷиноятӣ дар иртибот ба шахсони барои давлат номатлуб, Саидов З.Ш. ба қатори онҳо қарор гирифт. Ин хулоса дар назари аввал бо собиқаи судӣ тасдиқ шудааст. Маҳз 7-уми марти соли 2014 ҳамон Коллегияи судӣ оид ба парвадаҳои ҷиноии Суди Олии Тоҷикистон бо таъиноти худ парвандаи ҷиноӣ оид ба айбдоркунӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби ду корманди олирутбаи Агентӣ ва Прокуратура –Ғоибов Э. ва Очилов О.-ро қатъ кард. Айбдоркунӣ будубоши тӯлонии охириҳоро дар маҳбас ба асос мегирифт ва чуноне дар мавриди Саидов З.Ш. дида мешавад, иттиҳомот алайҳи онҳо низ тибқи муроҷиат ва нишондодҳои Ҷӯраев Н. тартиб дода шуд, ки аз ҷониби суд на танҳо ғайрибоварибахш унвон гирифт, балки дурӯғин номида шуд. Ҳамзамон бо ин маълум шудааст, ки ҷинояте, ки Ҷӯраев Н. ба он шаҳодат додаст, аслан рух надода будааст. Ғайриихтиёр ин савол матраҳ мешавад: чаро суд дар ин ҳолат ҷуръат карда қарори дуруст қабул карда тавонист? Гап танҳо сари он аст, ки бахт ба рӯи яке аз муттаҳамин –Ғоибов Э. хандид, ки вай шарикдарси прокурори генералӣ буд ва айбдоркунандаи давлатӣ дар суд амалан аз эълони ҷурм даст кашид.

3.2. Айбдоркунӣ бо банди «а», қисми се, моддаи 247 КҶ (Қаллбоӣ яъне, тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ бо миқдори калон):

Ҷазо: маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол аз рӯи ҷамъи се ҳолати қаллобӣ.

Мундариҷаи мухтасари иттиҳомот: Бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр аз роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ бо истифода аз вазъи хизматӣ ба андозаи калон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев С.Т. барои мусоидат ба дарёфти иҷозатнома ҷиҳати азхудкунии кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд 700 000 доллари ИМА талаб намуд. Гӯё дар шаҳри Алма-Ато дар шоҳидии Бобоев Д. ин миқдор пулро ба даст овард, вале бо ин ҳам қаноат накарда, боз 800 000 доллари ИМА талаб намуд. Дар ҷавоб ба талаби Окушев С.Т. дар бораи пешниҳод намудани кафолат, ба ӯ ба сифати гарав ҳуҷҷатҳои ҶСК «Тоҷикатлас»-ро медиҳад, ки гӯё пештар ба Саидов З.Ш. чун пора аз Директори генералии «Химзавод»-и шаҳри Исфара Ҷӯраев Н. расидааст. 500 000 доллари ИМА-ро Окушев С.Т. гӯё ба намояндагони Саидов З.Ш. дар Алма-Ато додаст, ки шахсияти онҳо муайян нашудааст. Ба дунболи ин 4-уми июни соли 2009 Саидов З.Ш. қисме аз саҳмияҳои ҶСК «Тоҷикатлас»-ро, ки ба намояндаи ӯ Раҳимов Д.С. мутааллиқ буд, ба номи Окушев С.Т. ба расмият даровард, ки бо ҳам корхонаро ба қиммати 2 500 000 доллари ИМА ба Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст фурӯхтанд. Аз ҳисоби ин пул вай гӯё ба Окушев С.Т. 800 000 доллари ИМА-ро баргардонд, вале 400 000 доллари боқимондаи мансуб ба ӯро надода, ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намуд. Ва бо ин васила зарари молии калон ворид сохт.

Исботи бегуноҳӣ:
1) Замони Вазири саноат будан Саидов З.Ш. ягон ваколати маъмурии мусоидат ба дарёфти иҷозатномаи ҳукуматӣ, ки дар асоси он кони тилло аз худ карда шавад, надошт. Шаҳодати ин Низомномаи Вазорат мебошад. Дар он замон Саридораи геология ҳаққи қонунии муроҷиат ба Ҳукумат барои додани иҷозатнома дошт. Баъди он Вазорати саноат аз нав ташкил карда шуд ва дар базаи он Вазорати саноат ва энергетика ташкил шуд, ки дар ҳақиқат ин гуна ҳақ ба он дода шуд, вале он вақт вазоратро каси дигар сарварӣ мекард, на Саидов З.Ш. Ана барои чӣ на тафтишоти пешакӣ ва на суд ягон шаҳодати шарикии Саидов З.Ш.-ро ба талошҳои Окушев С.И. ҷиҳати дарёфти иҷозатномаи ҳукуматӣ барои кони тилло пайдо накарданд.

2) Тибқи арзиза ва нишондоди Окушев С.Т. сафар ба Алма-Ато, ки гӯё пул он замон дода шуда буд, моҳҳои январ-феврали соли 2006 сурат гирифааст. Вале бо далелҳои раднашаванда исбот шудааст, ки Саидов З.Ш. 12-уми декабри соли 2006 сафари Алма-Ато доштааст. Яъне, дар замоне, ки аллакай дигар вазири саноати Тоҷикистон набуд. Дар мурофиа ба саволи айбдоркунандаи давлатӣ дар бораи он ки чӣ гуна 6-7 моҳ баъд аз супурдани ваколати вазирӣ, яъне баъди бозгашт аз сафар, чуноне тафтишот тасдиқ мекунад, дар он утоқи хидматӣ Саидов З.Ш. тавонист пора гирад, яке аз муаллифони ин сохтакорӣ Бобоев Д. посух дода натавонист.

3) Номаи кафолатии Бонки қазоқии "Банк ТуранАлем", ки ба Ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст, 28-уми декабри соли 2006 навишта шудааст, яъне як моҳ баъди он ки Саидов З.Ш. аллакай дигар Вазир набуд. Ҳамчунин ягон муроҷиати вазорат ба Ҳукумат дар бораи додани иҷозатнома ба коркарди кони тилло бо имзои ӯ вуҷуд надорад. Ин ҳолатҳо пурра асоснок будани нишондоди Окушев С.Т-ро рад мекунанд. Дар бораи 700 000 доллари ИМА, ки гӯё баъди ба даст овардани кафолати бонкӣ дода шудааст, чуноне мебинем, он баъди 15 рӯзи сафари Саидов З.Ш. ба Алма-Ато аз ҷониби "Банк ТуранАлем" дода шудааст.

4) Далели айбдоркунӣ дар мавриди таъмини гарав бо истифода аз ҶСК «Тоҷикатлас» низ беасос аст, зеро на танҳо бо ҳуҷҷатҳо, чуноне дар ин гуна ҳолатҳо муоҳадаҳо талаб мекунанд, ҳамчунин бо салоҳиятҳо, ки барои Саидов З.Ш. зарур буд, тақвият дода нашудааст. Муайян карда шудааст, ки ба ин корхона вай аслан ягон иртиботе надошт, баръакс 55 дар сади саҳмияҳои он ба худи Окушев С. мутааллиқ буд. Гузашта аз ин Бобоев Д. дар нишондодҳо, ки бар асоси мавқеъи Окушев С. сохта шудааст, дар тафтишоти пешакии судӣ нишон дод, ки 55 фоизи саҳмияҳои корхонаро дар доираи фаъолиятҳои ширкати «Группа Восток» ба даст овардааст.

5) Молики ҶСК «Тоҷикатлас» дар суд тасдиқ кард, ки ҳуҷҷатҳои хукукмуайянкунандаи корхона то 21-уми декабри соли 2006 дар дасти ӯ буд ва онро баъди дар вазорати молия ба қайд гирифтан ба Раҳимов Д. супурд. Ҷӯраев Н. дар суд иқрор шуд, ки ин ҳуҷҷатҳоро вай аслан ягон бор бо чашмонаш надидааст ва аз ин рӯ вай наметавонист онро ба касе диҳад. Танҳо 21-уми декабри соли 2006 ба Саидов А. гуфт, ки вай онро ба номи Раҳимов Д. ба расмият дароварад. Ҳамин тариқ мантиқи суд ва тафтишот қобили ҳич интиқод нест: агар миёнаҳои соли 2006 ҳуҷҷатҳо ба сифати гарав ба Окушев С. дода шуда бошанд, пас то 21-уми декабри соли 2006 дар дасти Саидов А. будани ин аснод ва на ба номи Окушев С., балки ба номи Раҳимов Д. ба расмият даровардани онҳоро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Чӣ гуна метавон фаҳмонд, ки ӯ, Окушев С, аз чунин ранг гирифтани кор ба риққат намеояд ва бо ариза муроҷиат намекунад? Баъди он ки Саидов З.Ш. аз мансаби вазирӣ маҳрум гардид, на Окушев С, на Бобоев Д. ҳич вақт, дар ягон ҷо ва ба касе нагуфтаанд, ки онҳоро ким-кадом уҳдадорӣ ба ҳам мепайвандад. Баръакс, муайян карда шудааст, ки барои ба даст овардани иҷозатнома Окушев С. бо вазорате сару кор гирифт, ки Саидов З.Ш. аллакай вазири он набуд.

6) Саидов З.Ш., бар хилофи иддаои гирифтани пул аз тариқи намояндагони худ дар Алма-Ато изҳор медорад, ки ҳич замоне дар Алма-Ато ин гуна шахсони боваринок надошт. Ҳатто суд ва тафтишот ногузир мешаванд истилоҳи «шахси номаълум»-ро истифода баранд. Агар ба ёд орем, ки гӯё додани як сармояи бузург бе талаб кардани кадом як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ҳатто бе навиштани забонхат дар бораи соҳиб шудан сурат мегирад, тасдиқи он то кадом ҳад бемаънист.

7) Аз тариқи марзи давлатии ду кишвар-Қазоқистон ва Русия убур кардани пули нақд ба миқдори 700 000 доллари ИМА ба тартибу қоида махсус алоқаманд аст. Саидов З.Ш. чун мачрӯҳи гурӯҳи 2 бо нуқси модарзодӣ ҷисман сумкаеро бо ин вазн амалан наметавонад тавре бардорад, ки номаълум бошад. Гузашта аз ин махсусияти дасти сунъии вай чунин аст, ки дар ҳар ҳолати гузаштан аз таҷҳизоти муоинакунанда садо медиҳад, дар натиҷа хадамоти гумрук ва хадамоти махсуси фурудгоҳ ба ташдиди тадобири эҳтиётӣ рӯ меоранд. Ин ҳолат дар тафтишот ва суд нодида гирифта шудааст.
8) Бо дархости ҳимоя хадамоти гумруки Алма-Ато гузаштани Саидов З.Ш.-ро аз марзи гумрукӣ дар соли 2006 бо асъори хориҷӣ ба андозаи 700 000 доллари ИМА санҷид ва муайян намуд, ки ин гуна ради марз шудан ба қайд гирифта нашудааст. Дар натиҷа 5 –уми октябри соли 2013 дар бораи рад карда шудани оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор содир шуд.

3.3. Айбдоркунӣ аз рӯи банди «б», қисми чори моддаи 247 (Қаллбоӣ яъне, тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ бо миқдори калон):

Ҷазо: маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол аз рӯи ҷамъи се ҳолати қаллобӣ.

Мундариҷаи мухтасари иттиҳомот: Гӯё дар соли 2008 дар замони бунёди маркази «Пойтахт» дар кӯчаи М.Турсунзода, ш. Душанбе ба боварии Сафаров Д. даромада, ба ӯ ваъдаи пардохт дар ширкати сохтмон дод, вале 9 000 доллари ИМА ҳақи кори анҷомдодаи ӯро пардохт нанамуд ва фиреб кард.

Исботи бегуноҳӣ:

1) Асноди мавҷуда ва нишондоди шоҳидон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Саидов З.Ш. танҳо яке аз муассисони маркази тиҷорӣ буд ва масъалаҳои сохтмон (ташкили кор, бастани шартномаҳо, идораи пул) ба ӯ аслан дахл надошт. Сохтмон аз ҷониби шарики дигар-Саидов М. идора мешуд, ки пудратчиёнро ҷалб мекард ва бо онҳо шартномаҳо имзо менамуд.

2) Суд ва тафтишот дар амалҳои Саидов З.Ш. ягон далел ё мавҷудияти нишони ҷиноятро пайдо накард. Барои муайян намудани ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ, асосҳои муоҳадавӣ-ҳуқуқии ташкили ин корҳо, маблағгузорӣ, салоҳият ва ҳаҷми ваколатҳои шахсони мансабдор ягон чорабинии тафтишотӣ гузаронида нашуд. Айбдоркунӣ танҳо тибқи ариза ва нишондодҳои Сафаров Д., сохта шудааст, ки ягон баҳона ва асоси дидани нишонаҳои таркиби ҷиноят на танҳо дар амалҳои Саидов З.Ш., балки ба ягон шахси мансабдори дигари масъул дар кори сохтмон дода наметавонад.

3) Саидов М. ва Саидов А. нишон доданд, ки арзиши корҳои сохтмонӣ, ки Сафаров Д. хоҳиши иҷрои онро кард, аз 17-18 ҳазор доллари ИМА бештар набуд, вале ба вай 20 ҳазор доллари ИМА пешниҳод карданд. Бо назардошти ҳамин шарт онҳо ба кор сар карданд. Баъди анҷоми корҳо Сафаров Д. бе ягон даъво ин пулҳоро мегирад ва меравад. Вале баъди 3 моҳ гӯё назди Саидов З.Ш. меояд ва муддаии 9 000 доллари боқимонда мешавад.

4) Муроҷиати Сафаров Д. метавонад сирф аз тариқи қонунгузории гражданӣ ҳалл шавад (қисми 1 ва 3 моддаи1, қ.2 моддаи 3, қ.1 моддаи.11, банди «а» қисми 1 моддаи186, қ.1 моддаи 187, моддаи 206, қ. 3 моддаи 470, қ.1 моддаи 721 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диг.). Аммо умеде барои исботи ҳақонияташ дар баҳс ва исботи талаботаш бо усули гражданӣ-ҳуқуқӣ надорад. Аз ин рӯ бо гузашти муҳлат ва замони рӯйдод, вақте суд ва тафтишот омодаанд ба ҳар даъво алайҳи Саидов З.Ш. обу ранги ҷиноӣ диҳанд, Сафаров Д. аз ин фурсати муносиб истифода бурд.

ИДОМАИ НОМАИ ШӮҲРАТ ҚУДРАТОВ ДАР ИНҶОСТ
Мӯҳр
Сино
Дар хакикат бародари Шухратчон адвакати хакики будааст! Босавод бомахорат бочуръат ва зирак. Худо хифзат кунад!

лд
21 сахифа ин кам аст. Аккалан 80 сахифа мешуд, он гох таъсирнок мебуд.

55
Адолат. Адолат! Адолат?

Рустам
Ин номаро чонибдорони Зайд Саидов аз номи Шухрат Кудратов омода ва расонай намудаанд. Ба як тир ду нишон мезананд. 1) ин ки "бегунохии" З.Саидовро нишон доданианд ва 2) гуё ки Кудратовро махз бо сабаби хамин нома ба чавобгарй кашидаанд))

Фахриддин Зокиров
Рустам, Бояд барои ту чи хел исбот кунанд, ки Зайд бегунох аст ё ба гунох. тамоми факт ва тамоми кори гайрик,онуниро навиштааст боз чи мефорат? як бор корут ба корупсия мегалтид бад мефахмиди...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)