Бахшҳо
13 авг 2014 09:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ноиби сардори пулис хабарнигори “Tojnews”-ро ба додгоҳ кашид

Зафар Суфиев, муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, Қамари Аҳрор -- хабарнигори маҳаллии Оҷонси иттилотии “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ”-ро барои итоат накарданаш ба амри пулис ба додгоҳ кашидааст. Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи тоҷик, гуфт, алайҳи Қамари Аҳрор бар асоси моддаи 479-и Кодекси маъмурӣ парванда боз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Қамари Аҳрор аз болои Зафар Суфиев ба додситонии шаҳри Хуҷанд шикоят бурда буд. Ин хабарнигор дар аризаи шикоятии худ ба унвони Қурбон Мирзозода – додситони шаҳри Хуҷанд гуфтааст, кормандони пулис, аз ҷумла Зафар Суфиев - муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ҳангоми иҷрои фаъолияти касбияш ба ӯ монеа эҷод карда, ҳуқуқашро поймол кардаанд.

Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.

Қамари Аҳрор, яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии Тоҷнюз ва ҳафтаномаи Нигоҳ дар Хуҷанд кор мекунад.
Мӯҳр
Ана хамин хел милисахо фармони № 1 ва № 01-и вазири корхои дохилии кишварро дагалона вайрон намуда обруи рохбарияти вазорат ва худи системаи милитсияро ба замин мерезанд. Зафар Суфиев! Бо журналистон шухи накунед, эй милисахо минтакахо! Журналистон Амонуллои Хукумови ман-манро аз вазифа гирифтанд. холо шумо он тарафаш муовини сардори ШКД будаед! ИН чавонмардони генерали ВКД ба кучо нигох мекунанд?

Макомоти "хифзи хукук" - и мо ба чуз ташкили казияхои судиву пурсучу дар киболи рузноманигори шахир дигар коре анчом дода наметавонанд. Дар холе, имруз факат хамин чомеаи журналисти каме аз каштали давлат гирифта мегарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)