Бахшҳо

Мулоқоти Зоиров бо Абдуфаттоҳи Ғоиб баъди шикоятҳо ба президент

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов ҳимоят мекунад, ахиран бо Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди кишвар мулоқот намудааст.

Ин мулоқот баъди шикояти Зоиров аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбеи 30-юми август сурат гирифта, ба иттилои Зоиров ҳудуди 2 соат идома кард.

Зоиров афзуд, дар ин мулоқот Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кардааст, ки барои таъмини қонуният дар қазияи Шуҳрат Қудратов талош мекунад. Ин ҳуқуқшинос аз ифшои ҷузъиёти бештари ин мулоқот худдорӣ карда, афзуд, зимни он қарор шуд, ҷонибҳо ҷузъиётро то анҷоми тафтишот эълон намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан оқои Зоиров тариқи як нома аз зиёдаравии Абдуфаттоҳи Ғоиб – раҳбари Оҷонси мубориза бо коррупсия шикоят карда, аз раиси ҷумҳур хостааст, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ бигирад.

Зоиров навишта буд, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар дар робита ба қазияи муовини боздоштшудааш, вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ба қонуншиканиҳо роҳ дода, бе ҳукми суд ӯро гунаҳкор арзёбӣ карда, зиёдаравӣ мекунад: “Ба гуфтор, рафтор ва амали раиси Оҷонсӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”,-тақозо шудааст дар номаи раиси ҲСДТ аз президент Раҳмон.

Шӯҳрат Қудратов дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи Фирдавсии пойтахт тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мемонад. Оҷонсӣ ӯро барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муттуҳам медонад ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод дар нишасти ахири матбуотяиш гуфта буд, дар сурати таъйиди ин иттиҳом Қудратов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.
Мӯҳр
Ба зоиров
То ба хамин наздикихо хамин Зоирова камтар эхтиром мекардам баъди он ки дар чанд чо аз хукуки узбакои Точикистон химоят кард фахмидам ки хеле инсони баддил ва кутохандеш будааст ту то аз хукуки узбакои Точикистон химоят кардана ва онхоро барои кор ба идорахои давлати чалб кардана як маротиба ба вазъияти 15 миллион точики хамшахрихоят нигох кун ё ту точик нести? то аз узбакои инча химоят кардана бра бибин вазъияти хешу таборота ё точикони дигар махаллу минтакахои Узбакистона як рузномаи точики надоран вактои охир хатто аз корхо зада мешаван.. аз точик дар Узбакистон хуб истифода мекунн хатто аз касое ки миллаташа узбак навиштаги хастай... бад ё аз кор пеш мекнан ё зиндон мекнанша ба бахонаи корупция.. Аз Зоиров хохиш мекунем ки то аз акаллиятои Точикистон хусусан узбако ки як кавми омада хастан мисли узбакои дигар кшвархо химоя кардана аз хешу таборош химоя кунад..

Хакбин
Ба зоиров,
Чи, Шухрат Кудратов узбак аст? Дуруг нагуй. чура...

Точикистонро миллатхои гуногун обод кардаанд. узбак мардуми хеле мехнатианд ва кургонтеппаро хаминхо дар сохаи кишоварзи обод кардаанд. ва офарин ба онхо. миллатпараст нею ватанпараст шудан даркор аст.

хакбин ту мехохи шухрат кудратовро узбак гуен нафрати дигаронро бедор куни, не Шухратро инсонхои комил хуб мешиносанд ва медонанд барои чи уро тухмат доранд. ин номерат намегузарад. ту ба фикрам хамон фабрики чавобхои.

Ба Зоиров
Инча касе Кудратова узбак нагуфтаст Зоиров дар чанд мавриди дигар аз узбакои Точикистон химоят кардааст кори худаш лекин аввал хеш баъд дарвеш гуфтаанд мо гуфтан мехохем ки аввал бра ббин точикои узбакистона барои и аз ваё тамоман як калима гап намешкоя дар тамоми фаъолиятои сиёсиш.. худаша нону намаки точик парварида калон кардаги хастай ку ё не.. одаме ки дилаш ба хамкавму хешу таборош намесуза ё бефаркай чи мегу

точикистон,
узбакое ки да солхои 91- 92 чи кор кардагиян фахмида гир бад мефами узбак чи кор кадай барои миллати точика....душанбе,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)