Бахшҳо

Эълони айб алайҳи “шарик”-и додарарӯси президент

Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори “Ином”-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, дар қасди нест кардани ин бозор муттаҳам мешавад.

Ином Абдуллоев, писари соҳибкор рӯзи 22 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пулиси вилояти Хатлон падари ӯро боздошт карда, дар он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё барои сузонидани бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс дастур дода бошад: “Пулиси ноҳия берун аз бозор ду нафарро боздошт кардааст, ки онҳо дар даст 8 шиша бензин дошта, гӯиё бо дастури падарам мехостаанд, бозорро оташ зананд.”

Ба гуфтаи Ином Абдуллоев, падараш дар ҳоле ба сӯзонидани бозор айбдор мешавад, ки ҳамроҳи ҳамсар ва вакили дифои хонаводагиашон тӯли беш аз як ҳафта ба хотири баҳсҳои додгоҳӣ барои ин бозор дар шаҳри Душанбе қарор доштаанд. Наздикони Бурҳон Абдуллоев мегӯянд, ӯ рӯзи 19 декабри соли равон аз назди бинои Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳоло падараш дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон нигаҳдорӣ шуда, давоми беш аз се шабонарӯз танҳо вакили дифои хонаводиашон иҷозаи дидор бо Бурҳон Абдуллоевро дарёфт кардааст.

Эълони айбнома алайҳи ин соҳибкори тоҷик дар ҳолест, ки ӯ рӯзи 19 декабри соли равон аз назди бинои Додгоҳи олии иқтисодии кишвар дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
абдул
Номардбошаму бозора гирам


Охи хами акаи Асадуллозодамда чи намерасида боша??? охи хамикадар дори бо чи нафста калон сар доди??? Хай мон хами занаки бечора кору фаъолиятша давом тия......

Демократ аз Хитой
О акаи Мухибулло хаму бозор чи арзиш дорад, ки номи Чаноби Олира паст мезани, о то ин казия ягон кас туро намешинозт ва то хол туро хамчун шахс эътироф хам намекунанд, лекин аз бачои ту мардум аз Рохбари давлат норози шуда истодааси

Тарсубой
зайд кучост?хакикат дар тахи хок аст. Бози макун ба арбоб ...чи кор кунем замин пасту осмон баланд.Барои шумо аз ин бештар часорат мехохам.Бо афсусхои зиёд.

апачон масква чи ки агар дар вашингтон хам рафта сад мусохиба гузаронед хеч суде нахохад дошт, баръакс ин бар зиёни шумо меанчомад. ЛУТФАН дигар рохро чустучу намоед. Шумо метавонед!!!

мухлис
Бародари азиз! Бисёр талаб макун ки ба кам зор нашави

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)