Бахшҳо

Низоми пурзӯри хидмат дар Тоҷикистон баъди таҳдиди "баҳори гарм"

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикиҳои сарҳад ва таҳдиди “баҳори гарм” ба кишварро тасдиқ кард.

Раҳимзода ба суоли “Озодагон” оид ба он ки гӯиё ҳудуди 4 ҳазор ҷангҷӯ дар назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омадаанд ва таҳдид доранд, баҳори соли равон худро нишон хоҳанд дод, посух дод, “воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад. Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон онҳо ба наздикиҳои сарҳад ҳаракат доранд.”

Ӯ гуфт, дар ҳайати ин ҷангҷӯён аъзои созмонҳои гунонуни террористӣ, аз қабили Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд: “Мо ҳар гуна иттилоъро дарёфт карда истодаем ва бо мурури дарёфти иттилоъ чораандешӣ мекунем. Баъди дарёфти иттилоъ доир ба хатарҳо аз Афғонистон хидмати низомиёни тоҷик ба низоми пурзӯр гузаронда шудааст. Чораандешӣ карда истодаем, баъзе гуруҳҳоро аллакай боздошт кардаем.”

Вазири умури дохилӣ таъкид намуд, дар боробари чорабиниҳо аз ҷониби Тоҷикистон Афғонистон низ мубориза хоҳад бурд: “Афғонистони пешӣ нест ва низомиёни ин кишвар бо техникаи муосир таҷҳизонида шудаанд.”

Раҳимзода илова намуд, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии Вазорати умури дохилӣ ифтитоҳ хоҳад шуд, ки муборизаи ду кишварро алайҳи ҷинояткорӣ ҳамоҳанг ва пурзӯртар хоҳад кард.

Ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди “баҳори гарм” дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”
Мӯҳр
Савдои
Ин толибхо ва дигар созмончахои террористи бозичаи дасти давлатхои абаркудратхо хастанд. Хадаф танг кардани хузури манфиатхои Русия дар ОМ. Толиби каторира аклаш ба ин чизхо намерасад. Пулташа кадом каналида пахш кунанд, ба хамон оханг, дар зери парчами ба ном чиход мераксанд. Инхо на дин доранду на миллату на мазхаб. Робот, манкурт ва гумрохи бе каламу, бе матлабу бе мактаб. Худоё кай мардуми моро аз ин душманони Ислом начот медихи.

коршинос
Ин баҳонаест барои ворид намудани нерӯҳои сарҳадбони Русия ба сарҳади Тоҷикистон, ки солҳо боз бе ҳеҷгуна далел даъвои бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.
Ғарбиёнро шеваҳои соҳирист,
Такя ҷуз бар хеш кардан кофарист.

Прапорчик
буд набуд Тоҷикистон буд,
замин буду толибистон набуд,
дар як замон дар марзи Тоҷикистон,
гуруҳи толибон пайдо шуд...........................

БАРОДАРОН, ТОЧИКОНИ БАНОМУС. ХОЛО ХАММА САРЧАМЪ БОШЕМ ВА ТАМОМИ ТОЧИКИСТОНИЁНРО ГИРДИ ХАМ ОВАРДА ДАР ПАИ ПЕШГИРИ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХАРГУНА ХАТАРХОИ БЕРУНА ОМОДА БОШЕМ. КОРМАНДОНИ АМНИЯТ ДАР АЛОХИДАГИ ПЕШИ РОХИ ХАТАРХОРО ПУРРА ГИРИФТА НАМЕТАВОНАНД. ТАКЯИ АСОСИ БА АХЛИ ВАТАРДОРХО МАНСУБ АСТ. ЯКИНАН БОВАРИ ДОРАМ ДАР ВАТАНИ МО ЧАВОНОНИ БАИМОНИ ВАТАНДОР КАМ НЕСТАНД. ОЛЛОХ МАДАДГОРАТОН БОШАД. БЕДОР ВА ХУШЁР БОШЕД. ОСУДАГИИ ФАЗОИ ВАТАН ИН ФАРМОНИ ОЛЛОХ МЕБОШАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)