Бахшҳо
12 фев 2015 08:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нигаронии сафорат аз қасди худсӯзии Гулрухсор барои раҳойии шавҳараш

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қасди худсӯзии зани тоҷик барои раҳойии шавҳарашро нигаронкунанда хонда мегӯяд, аз мақомоти додгоҳии Русия таҳқиқи шаффофи қазияи Аслиддин Асоев, муҳоҷири тоҷикро, ки беш аз 11 моҳ мешавад дар СИЗО қарор дорад, талаб хоҳад кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 12 феврал дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо тасмим доранд, бо ирсоли як нома аз мақомоти дахлдори ин кишвар таҳқиқи фаврӣ ва одилонаи парвандаи Асоевро талаб намоянд: “Ин ҳодиса ҳарчи зудтар бояд дар доираи қонун шаффоф ҳал шавад”.

Ӯ дарёфти муроҷиати Гулрухсор Асоева, ҳамсари Аслиддинро, ки гуфтааст, дар сурати расидагӣ нашудан ба қазияи шавҳараш даст ба худсӯзӣ мезанад, тасдиқ намуда афзуд, бо ин хонуми тоҷик дар ҳузури вакили дифоъ суҳбат доштанд: “Ин ҳодиса бисёр нигаронкунанда аст, зеро қазия сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Ҳангоми суҳбат ба ӯ фаҳмондем, ки ба ин амал даст назанад, зеро дуруст нест. Ин кор бояд дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳал шавад”.

Гулрухсор Асоева, ки модари се фарзанд мебошад, бо ирсоли муроҷиатномае ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Додситонии кулл, Додситонии ғарби Маскав ва Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, “дигар умедам ба тафтиши одилона ва назорати одилонаи тафтишот намондааст. Иқрор мешавам, ки ба адолати додгоҳӣ ҳам бовар надорам. Бидуни шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам. Бо ин муроҷиатнома ба таваҷҷуҳи ҳама мерасонам, ки қасди худсӯзӣ дорам. Масъулияти марги ман бар души прокурори ғарби Маскав Радионов Г.Г. аст, ки бо вуҷуди далелҳои қавӣ ҳабси шавҳарамро тасдиқ кард”.

Аслиддин Асоев дар даст доштани дуздии беш аз шаш миллион рубл муттаҳам мешавад. Дар ҷои ҳодиса сабукрави тамғаи “Рено”-и ӯ, ки 11 моҳ қабл аз анҷоми ҷиноят фурӯхта буд, ёфт мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои дарёфти маълумоти соҳиби нави мошин даъват мекунанд, аммо баъдан ҳамчун ҳамдасти ҷинояткор боздошт мешавад ва инак беш аз 15 моҳ аст, ки дар СИЗО қарор дорад.

Ахиран, баъди муроҷиати видеоии Алексей Наделсон, вакили дифои Аслиддин ба қазияи боздошти Аслиддин Асоев дар ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Наделсон дар ин муроҷиатнома аз мақомоти Русия хост, ба бедодгарию сохтакориҳо дар мақомоти тафтишотии Раёсати умури дохилии ғарби Маскав хотима диҳанд. Ӯ сабти пинҳонии Степан Корпутяк, муфаттиши Раёсати тафтишотии ғарби Маскавро пешниҳод мекунад. Корпут бехабар аз он ки ӯро сабт мекунанд, шеваи кори мақомоти пулиси Маскавро ифшо кардааст: “Заказҳо хеле зиёданд. Рақибонро бартараф мекунем. Баъзан маводи мухаддир партофта боздошт мекунем, ки хеле осон аст. Масалан як нозири роҳ зимни тафтиш маводи мухаддирро ба мошини нафари мавриди таваҷҷуҳ мепартояд ва ӯро дар постгоҳи дигар боздошт мекунем. Дигар радкуниҳои ин нафар фоида намекунанд, зеро ягон қочоқчӣ иқрор намешавад, ки воқеан мухаддирот аз ман аст. Бинобар ин дар суд чунин парвандаҳо бо маҳкумият анҷом меёбанд.”

Ӯ дар идома мегӯяд, дар парвандаҳое, ки далели гунаҳкорӣ кам аст, сохтакориҳо низ мешаванд: “Масалан, дар мавриди ҳамин Асоеви шумо делелҳо каманд. Аммо нафареро, ки беш аз 11 моҳ дар боздошт аст, озод кардан ғайриимкон аст. Медонед, ғайриимкон аст. Аз рӯи одамгарӣ ба ӯ ва ҳамсараш раҳмам меояд, аммо...”

Ба қавли Корпут, раҳбарият ба вай фишор меорад, то ҳар чӣ зудтар парвандаҳоро ба додгоҳ ирсол кунад: “Ин ҷо шахс гунаҳкор аст ё на фарқ надорад.”


Нусхаи муроҷиатномаи Гулрухсор Асоева ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Нигаронии сафорат аз қасди худсӯзии Гулрухсор барои раҳойии шавҳараш

Нигаронии сафорат аз қасди худсӯзии Гулрухсор барои раҳойии шавҳараш


Акс аз pasmi.ru
Мӯҳр
муосир
Худо аз ин гунна бедодгарию тухматхо нигох дорад

Вот это и является бездействием Правительства страны Таджикистана которым наплевать на судьбу своих сограждан... Аллах вам судья всем...

мухочир
Хукумат ба чои хали проблемаи мардум ва бо чои кор таъмин кардан миллати точикро дар тамоми дунё шарманда кард. ин хел занхо дар тчоикистон бисёранд аз сатхи пасти зиндаги ва аз дурии хешутабор ва шавхар дигар рохе чуз бадбахти надоранд. Кани уламои академия ки харгох худро донишманд метарошанд то чойгахи муллохоро хабар гирифтанду гузориш доданд хамрох бо дигарон, ки проблемаи мардумро ошкор гуянд то кай ин хукумати пусидаро бо фиреб таъриф мекунед шарманда кардед милати точикро

Саид
Имруз аксар бародарони точики мо чи дар ватани худамон ва чи дар хорич ба тухмат дар зиндонхо умр ба сар мебаранд...

Доъӣ
Худо сабру имон диҳад ба ин зани нодону заифулимон. Ба ҳамин зан гуфтаниям, ки аз Худо битарс ва нияти худкушӣ, ки гуноҳи нобахшиданист, мунсариф шав. Ин акси фарзандонатро низ дигар ба русҳо нишон надеҳ, ки боз бо туҳмати гиритории фарзандонат ба бемории сироятӣ тбалои дигар ба сарат наояд. Русҳо ингуна туҳмату беинсофиҳоро нисбат ба тоҷикон миҷа назада мекунанд.

Бас аст дар Русия зистан! Баргардед хама ба ватан!!!

сино
Точик сохиб надорад.Кани як рус ё чеченро кунанд тамоми матбуоташон доду войро сар мекунанд хукумати точик факат хизби нахзат гуфта мешинад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)