Бахшҳо

Шикояти “ИмрӯзNews” аз пирӯзии Рустам Ҳукумов ба СММ

Гулечеҳра Холматова, вакили мудофеи “ИмрӯзNews” мегӯяд, аз қарори додгоҳи Тоҷикистон, ки нашрияи зерҳимояашро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ба Рустам Ҳукумов, писари собиқ раиси корхонаи роҳи оҳани кишвар муваззаф кард, ба Созмони милали муттаҳид аризаи шикоятӣ таҳия кардааст.

Холматова имрӯз, 25-уми апрел зимни конфронс дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ дар Душанбе гуфт, аризаи даъвогии ӯ омода аст ва ояндаи наздик дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милллали муттаҳид мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҷониби “ИмрӯзNews” бо вуҷуди он, ки тибқи қарори додгоҳ 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулиро ба Рустам Ҳукумов пурра пардохт намудааст, пирӯзии Ҳукумовро дар ин баҳси додгоҳӣ беасос хонда, талаб дорад, ки адолат барқарор шавад.

Қаблан Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов (Амонуллоҳи Ҳукуматулло), собиқ раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», рӯзномаи «ИмрӯзNews» - ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд ва додгоҳ ин дархосташро қонеъ кард. Норозигии аслии Рустам Ҳукумов, ба як навиштаи рӯзнома, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст. Назири Нусрат, муаллифи матлаб мегӯяд, қазияҳои боздошти Ҳукумов ва Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро ба баррасӣ кашида, дар навиштааш дар ягон ҷо ба таҳқир роҳ надодаст.

Рустам Ҳукумов соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди 3,5 сол ба гуфтаи падараш сафед гардида, соли 2011-ум раҳо гардид.

Номи Рустам Ҳукумов бори дигар баъди он вирди збон шуд, ки моҳи октябри соли гузашта дар маркази ноҳияи Айнӣ зимни як роҳбандӣ бо истифода аз таппончаи пневматикӣ тирпаронӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Мақомоти ноҳияи Айнӣ ҳам тасдиқ карданд, ки воқеан Рустам Ҳукумов боиси хархаша шуда, то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз карда, мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони милиса ӯро таъқиб карда, боздошт мекунанд: “Аз ҷониби ШКД-и ноҳия нисбат ба ин ҳодиса санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол шудааст.”

Аммо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 16-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз рӯи қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов дар ноҳияи Айнӣ тамоми парвандаҳо таҳия ва ба суд ирсол шуданд ва гунаҳкорон муҷозот гардиданд. Ба суол, ки оё шахсан Рустам Ҳукумов ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вазири умури дохилӣ посух дод, дар ёдаш нест. Дар маҷмӯъ ӯ таъкид намуд, дар қазия силоҳи ҷангӣ истифода нашудааст ва иштирокдорон асосан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Мӯҳр
sergei
Зулми кай аз сари мардум дар мешуда бошад.

душанбе
Имруз нюз хамавакт худро ростгу мехисобад, дигарон факат гунахкор. як бор чарима супор дигар дуруг наменависи. wink

...Э-ха!Ин Рустами чони падар мумкин аз "ШАЙХ ТЕМИР" ягон ТУМОР гирифтагистай, ки ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛИ ба чавобгари кашида йо нашуданаш фаромуш кара дар ёдуш нестай ! "ИМРУЗ NEWS" хушёр бош, ки ин дафъа 50000 доллар чуброн накни !!!!!?????

эрадж
Инхоро бояд сари нешашонро гирифи ..

сино
Ба суол, ки оё шахсан Рустам Ҳукумов ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вазири умури дохилӣ посух дод, дар ёдаш нест.

Муҳтарам вазиир аз оне ки чунин ҷавоби бесаводона медиҳед руирост гуед зурам намерасад чунин савол надиҳед.Мо ҳам мефаҳмем.Вагарна дар замоне ки бо як ало он тарафи уқёнусро даракдор мешави шумо бошед дар як курсии муҳим нишаста дар ёдам несо гуфта ҷавоб медиҳед.

фадои наздик
бойбачахо хам мекушанд хам пул мегиранд. Андоз супоридан барои инхо нанг аст. Дар хана хурок намехуранд. Бо духтаракони мактабхон кайфу сафо мукунанд пули хурокро хам намедиханд. Инхо сохиби ТОЧИКистонанд

Озодагон рустам не рустамчон гуед эхтиет кунед шуморо хам чаримаи вазнино мекнан и Барои шумо дарсай

ислом.70mail.ru
Озодии ноозод яъне дар кафас

Номус
Вазир надонад, ки кӣ муҷозот шудааст кӣ не, пас кӣ медониста бошад?!
Аз рӯзноманигорон як хоҳиш, ҳамин қазияи дар Айнӣ шударо таҳқиқ кунед, мабодо бечораи гаишникҳоро гунаҳкор набароварда бошанд? Ё делои ҷиноятиро бар пояи набудани шикояти ҷабрдида нахобонда бошанд?
Барои вазир бояд шарм бошад, ки надонад зердастонаш дар ин қазия бохтанд ё буридаанд.

Аммо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 16-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз рӯи қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов дар ноҳияи Айнӣ тамоми парвандаҳо таҳия ва ба суд ирсол шуданд ва гунаҳкорон муҷозот гардиданд. Ба суол, ки оё шахсан Рустам Ҳукумов ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вазири умури дохилӣ посух дод, дар ёдаш нест. Дар маҷмӯъ ӯ таъкид намуд, дар қазия силоҳи ҷангӣ истифода нашудааст ва иштирокдорон асосан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Канд занед вазир!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)