Сӯхторе, ки дар тангкӯчаи Афанасйеви шаҳри Маскав рух дод, дар маҷмуъ ҳафт қурбонӣ дар пай дошт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, миёни фавтидагон се нафар ҳамватани мо низ ҳастанд. Таҳқиқоти расмӣ муайян кардааст, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо, Қурбон Аҳмадови 55-сола сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бародарон Алихону Наимшо Саиднаимовҳо, ки зодагони ноҳияи Шуғнони вилояти МКБ ҳастанд, дар пайи ин ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳуввияти чор нафари дигар то ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Мӯҳр