Бахшҳо

Норозигии ёрдамчии Президент аз сурудҳо: Хубу бомаъниро намеёбем

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз сатҳи пасти мазмуну муҳтавои сурудҳои баъзе ҳунармандони кишвар интиқод карда, афзуд, ин сурудҳо аз ҷониби шоирони дараҷаи чоруму панҷум навишта мешаванд.

Ҷаноби Раҳмонзода ин нуктаро 30-юми июн зимни баргузории 14-умин Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иброз дошта, гуфт дар пайдо кардани суруди хуб ба мушкилӣ дучор шудаанд: “Бо Вазорати фарҳанг барои омодасозии барномаи фарҳангӣ вобаста ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор сару кор мекунем. Суруди хубе, ки дар он ҳам вазни хуб бошад, мазмуни баланд бошад, ибораҳои латифу рангину дилшурдиҳанда бошад, хеле кам аст. Раёсати иттифоқ медонад, ки мо бори панчум ё шашум шеърҳоро мегардонем, шеърҳо ва сурудҳо мавзуӣ нестанд ва ҳам рабту мазмун надоранд”.

Ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таассуф илова кард, ки “ман намедонам, иллат дар Вазорати фарҳанг ё ҳунарманд аст, вале худи шумо шоҳиди он ҳастед, ки дар чорабиниҳои фарҳангие, ки доир мегарданд, шеъру сурудҳои бахусус шоирони бисёр барҷастаи мо эҳсос намешаванд”.

Ёрдамчии раисиҷумҳури кишвар дар идомаи суҳбаташ навиштан ва таҳияи сурудҳои баландмазмун барои ҳунармандонро масъалаи муҳим хонда, аз адибони баркамоли даъват ба амал овард, ки ба суруднависӣ машғул шаванд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз раёсати нави Иттифоқи нависандагони кишвар хоҳиш кард, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Мӯҳр
Осмон
Як дам аз сатр, як дам аз риш, як дам аз суруд, дигар проблемаи мубрами руз набошад дар чомеа!

Беназир
Чаноби Рахмонзода Шумо дигар кор надоред? Ба гайр аз ин ягон масъалаи дигаре нест ки онро барраси намоед? Магар ин масъалаест, ки доги руз????? Ин мавзу дар дар дарачаи хело хам поён карор дорад ва аз ин болотар зиёд мавзухое хаст ки метавонад ба рушди Точикистон сахм гузорад. Хубтараш сари масъалахои чиддитаре ки метавонад ба таъмини амнияти озукавори , иктисодиёт ва ичтимоиёт хуби мардумро таъмин намояд кор бубаред!

хакикат
Э неки хами мардак худша басавод метарошадда. Факат ту метони хамаи корро да сатхи баланд ичро кардан ЕРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ!!!

Freedom
Мард боши баромади Миноро дар ТВ ва фуруш фитахояшро манъ кун!

Шеършинос.
Иллати асоси дар кучост? Мухтарам Рахмонзода мебояд дар ин хусус харф мезадед. Маълум, ки барои шеъри хуб навиштан, суруди хуб навиштан, хакки захмати хуб додан лозим. Имруз шоир барои шеъраш такрибан, ки хакки захмат намегирад. Магар, бо чунин усул шеъру суруди хуб навиштан имкон дорад? Бо хакки захмати калон конкурс эълон кунед, албатта шеъри хуб пайдо мешавад. Агар нашуд, ман зомин!
Дар замони шурави барои як мисраъ шеъри хуб се сум хакки калам медоданд, ки баробари дах доллари имруз аст. Шумо барои як мисраъ лоаккал панч доллар таъин кунед, шеъри хуб мегиред.

Ба ОЗОДАГОН мурочиат намуда хохиш мекунам,
посухи касонеро чоп намоед, ки ному насаби худро пурра навишта бошанд. Агар ин корро накунед пас худатон, касдан, ба гайбат кардани шахсони пушти парда рох кушодаед.
Бо арзи салом Бехруз Сафаров.

01
Огои Рахмонзода шумо Хубу бомаъниро аз сурудахои шашмакому фалак чуед ба ин сарояндахои жанри эстрада чи кор доред?! чи фикр мекунед сарояндахои попи хоричи матнхои сурудхояшонро аз Гётею Мояковский ба оханг медароранд? бехтараш дигар мушкилоти мабрами рузро пайгири намо!

Рустам
Ба наздики бо як шоире хамсухбат шудам. Ба гуфти он шоир барои нашри китобчаи шеърхояш ягон кас ёрдам накард, худи у назди хамшахрихову шиносхо рафта бо илимосу тавалло китобашро нашр кардааст. Ва пас аз пешниход кардани китоб ба чои лозима ба у 80 сомони хакки калам додаанд. Пас аз ин кор ягон шоир метавонад аз завки дил ягон шеъре нависад? Ба ин чи мегуи Рахмонов?

dust
Цитата: Шеършинос.
Посух додан
Шеършинос.

Офарин Шеършинос...!!!

расул
Хамин абдучаббор Рахмон чанд китоб нависта бошад ва чандтояш ба гайр аз афсонашиноси илмианд? Ки медонад????

Бехтарин фикр. Ин корро 10-15 сол пеш огоз кардан даркор буд. Биёед як маротиба мукоиса кунем. Хар руз як овозхон баромада истодааст, баъзеашонро хатто падару модарояшон намешиносад. Чи мехонанд намефахми. Хама гапхои кучаги. Бо ин фархангу маданият мо кучо меравем?????? Хозир баъзехо эстрада гуфта, худаш маънои хатто эстрадаро намефахмад чи аст. Имруз боз комментария мекунад. Як маротиба мукоиса кунед сурудхои шодравон Карамматулло Курбонро бо Минои хозира. Мардак дар дунё нест, лекин сурудхояшро сад соли дигар пиру барно гуш карда боз халоват мебаранд. Ё ки Зафар Нозим. Дар Точикистон кариб, ки санъати касби аз байн рафта истодааст. Маълум аст, ки мухбирони "Озодагон" ин шахсро чашми дидан надоранд, зеро 99 ,9 фоизашон аз ин шахс бахои 1,5 ва 1,9 (хайр кадоме 2 гирифтааст шояд хозир ифтихор карда истодааст )гирифтаанд. Барои хамин факат бо нигохи бад, маколахои таъхиромез менависанд. Набошад, дигар кас нест. Аз вакте, ки худамро ёд дорам "Озодагон" дар паи танкиди хамин одам аст. Хамчун агент аз паяш мегардад. Магар дигар кас нест. Бас будагист кудак бози. Барои хамин Шумо газетаи обруманд шуда наметавонед. (Озодагон мард боши нашр кун)

хамин хел баназар мерасад, ки гуё Озодагон худаш хамин хел маколахои росту дуруг ва провокатсиёнир менависад ва худаш хам хурра карда комментария навистан мегирад. Дигар Шумо аз ба гайр аз Рахмонов клиент надоред барои танкид. Ё ин, ки аз хама бештар барои танкиди хамин одам ганарар гирифтаед ???? Шумо ахамият дода бошед чанд маколае, ки бар зиди хамин одам навистаги аст ному насаби мухбир нест . Пас барои чи ??? (агар озод боши чоп кун)

Дар хакикат хозир сарояндахо 99,9 фисадашон аз гушаи фархангу илму маданият нагузаштаанд. Рост мегуянд мунакидон, ки хозира хофизо шеъри худам, оханги худам ва худам месароям гуфта худашон шоху табъашон вазир шудааст. Баъд пайдо мешаванд хамин хел сарояндахои пучак ба монанди Мино, Баха -84 ва гайра. Ба ин хол мо кучо меравем???? Масалан ба рости хамин Баха 84 -ро музыкаааш набошад намефахми, ки вай суруд хонда истодааст ё ин, ки ягон кучада хавои - хавои гап зада истодааст.
Барои хамин точики ман зинда бош (хамин хел сарояндахои бе кала зиёд шудааст, ки фарханги мо на дар дохил ва на дар берун пазируфта мешавад).
Аз комментарияхо бар меояд, ки хар як шахс аз руи фархангу маданияташ бахо медихад.
Барои хамин, мухтарам Рахмонзода танхо ба пеш. Моро тавар мусалмон мегуянд ва ин дар хуни мо хаст . На худамон ислох мешавем ва на дигаронро тавсия медихем, ки ислох шавед.
Барору муваффакият дар корхоятон.

БА ХАМА БЕКАЛЛАХОЕ, КИ ПЕШНИХОДИ БИСЁР ХУБУ САРИВАКТИРО КАБУЛ НАДОРАН! АБДУЧАББОР РАХМОНЗОДА ВОКЕАН ПЕШНИХОДИ ХЕЛЕ ДУРУСТ КАРДААСТ ! МИНО ЯК БОР АЗ ТИРИКИ ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА БАРОМАД КАРДА БУД, ОН ВАКТ РАХМОНЗОДА ДАР ИН МАКОМ ФАЪОЛИЯТ НАМЕКАРД! БАЪАДАН ХИТОБ БА 01 (ШАРХНАВИС) КОРИ МО ЧИ, КИ ДАР АВРУПО ЧИ МЕСАРОЯНД? МО БОЯД САНЪАТИ ХУДРО БАЛАНД БАРДОРЕМ БО МАТНУ ОХАНГУ САДО ОЛИ!

Тарафдор
Офарин Раҳмонов!Дар ҷашнҳо Убайдулло Раҷабов кам-кам ба ҷӯрабозӣ роҳ медиҳад.Аз ин рӯ истеъдодҳо паси парда мемонанд.Мисли озмуни "Овози тиллоӣ" интихоби шаффоф бояд гузаронд.Суруд бояд дорои мазмун,оҳанг,ва садои зебо бошад.Мисли таронаҳои Аҳмад Зоҳир,Зафар Нозим,Тоҷиддин,Ҷӯрабек Мурод,Кароматуллоҳи Қурбон...На ин ки мисли Мино бо биниаш суруд хонда "Бутата-метата",",,,дар дилакут медромадай"гӯяд.Лаҳни тоҷикиро аксари овозхонон гум кардаанд.Мутаассифона.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)