Бахшҳо

Нишасти раиси Кумитаи забон: Аз нестшавии забонҳои бадахшию яғнобӣ то сихкабоби хуҷандию табдили “милитсия” ба “политсия”

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои наҷоти забонҳои помирию яғнобӣ аз нестшавӣ дар назди Кумита курсҳои омӯзишии ин забонҳоро таъсис медиҳанд.

Шарофзода, имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, забонҳои бадахшию яғнобӣ бо хатари нестшавӣ рӯбарӯ шудаанд: “Кумита тасмим гирифтааст, ки як гуруҳи кориро барои омӯзиши ин забонҳо ташкил кунад, мутахассисонро ҷалб кунад. Ҳатто барои ҳифзи забонҳое, ки ба нестшавӣ рӯбарӯ шудаанд, Кумита як санади меъёрӣ ҳуқуқиро таҳия кардааст. Дар назар аст, ки дар назди Кумита барои хоҳишмандон ва хориҷиён курсҳои 1 моҳа, 2 моҳа ва семоҳаю шашмоҳаи омӯзиши забонҳои бадахшию яғнобӣ ташкил карда шавад. Феълан якҷоя бо Академияи улум дар ин мавзӯъ кор карда истодаем”.

Раиси Кумитаи забон дар мавриди баҳс барои “сихкабоби хуҷандӣ” афзуд, ки иддаояшон барои тағйири чунин ному овезаҳо дар Душанбе ба маҳал ҳеч рабт надорад: “Ман аз фикрам даст намекашам. Ин ҷо мақсад маҳал набуд. Мақсад ин ҷо риоя накардани меъёрҳои забон ва қоидаҳои имло буд”.
Шарофзода афзуд, ки навиштаҷоте монанди “сихкабоби хуҷандӣ” бренд шуда наметавонад: “Мо ба мақомот ҳам муроҷиат кардему ҷавоб гирифтем, ки ягон ғизои миллӣ ягон вақт “бренд” шуда наметавонад”.

Дар мавриди иваз намудани номи “милитсия” ба “политсия”, ки дуюмаш ҳам тоҷикӣ нест, раиси Кумитаи забон илова намуд, ки феълан ба омӯзиши ин масъала гуруҳи кории махсус машғул аст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи мақомоти умури дохилӣ дар назар аст, ки милитсия ба политсия иваз карда шавад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои иваз намудани милитсия ба политсия 38 миллиону 454 ҳазор сомонӣ зарур аст.

Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки барои тағйир додани номи милитсия ба политсия иваз намудани муҳр, навиштаҷоти биноҳо, воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва сару либоси кормандон зарур аст: “Аз ҷумла барои иваз намудани мӯҳр – 153 ҳазор сомонӣ, навиштаҷот дар даромадгоҳи биноҳо – зиёда аз 74 ҳазор сомонӣ, дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ беш аз 37 млн 720 ҳазор сомонӣ сарф мегардад”.
Мӯҳр
милитсионер
милитсия-хомии мардум ва нигахдорандаи тартиботи чамъияти,политсия нигахбони сарватмандону боени навбаромад дигар фаркияте нест,вассалом

Чалолиддин
Мухтарам Раиси Кумитаи забонхо. Монед забонхои ягнобию бадахшониро, хамин забони точики омехтаи забони русию англиси шудааст хаминро начот додан даркор. Телевизионхои Точикистон аз сахар то бегох рекламаю ахбор нишон медиханд, ки бо забони кучагию авомона ва дагалу гушхароши аз фархангу забон дур мебошад. Як бор телевизионхои кишвари чангзадаи Афгонистонро бубинед, ки фасохати калом ва риояи забон ба чи шакл сурат мегирад. Ин рузноманигорони воситахои ахбори оммаи Точикистон аз мардуми хамзабони Афгонистон сабак гиранд бисёр нагз мешавад.

Ҳадаф аз тағйир додани "милитсия" ба "политсия" дар чист?

вапҳҳҳҳҳҳҳҳҳҳҳҳ

Freedom
Хамин шумо то кай Хучандихода бахили мекунед а???

Нур
э мардум барои чандин бор таъкид мекунам, ки агар зарурати табдили номи милитсия ба политсия бошад, сахлангори нашояд. политсия боз хам шакли русист. Тамоми форсигуён ва аглаби кишвархо онро полис гуянд на политсия. З-ин ру котъиёна хохиш менамоям, ки агар ин вожаро кабул кардани бошед, ба шакли полис (пулис) бипазиред, чаро ки боз хам зарурати дубора иваз кардани он падид наояд.

Рустам
Ин Шарофзодаро ба ягон мактаби миёна бурдан даркор, ки Алифборо дарс дихад, на ин ки раиси кумита.

Солех
"Ман аз фикрам даст намекашам"... Ачиб, ибораи "аз фикрам намегардам"- ро шунида будам, вале "аз фикри худ даст (на)кашидан"-ро не. Аз коре даст кашидан Аз ичрои амале худдорИ кардан хам Хаст. аммо замоне гап дар бораи фикр ва ё сухани гуфта шуда равад, маъмулан мегУем: аз фикраш (гапаш) гашт (нагашт), суханашро рад кард.

* Ба ибораи "забонҳои помирию яғнобӣ" хам мешавад эрод гирифт. Ин ду чиз холо дар сатхи гУиш ва лаХЧа аст. Меъёрхои таъинкунандаи забонро надоранд. Ё ин талабот тагйир ёфта бошад? Ба фахмиши нав ва дар чунин сатх хар кор шуданаш мумкин....

Cолехчон- уко аввал, лутфан, аз "меъёрхои таъинкунандаи забонро надоранд"-гупта, манзуратон чист? Агар бо забонхои помири ва ягноби сухбат кунанд, шумо матлаби сухбатро пурра фахмидан метавонед, ё не? Агар ифхому тафхиме надоред, пас инхо забонанд, на гуйиш ва лахча. Гуйишу лахча дар Точикистон ба лахчахои чануби, маркази ва шимоли точики мегуянд, зеро як дехкони вилояти Сугд забони кишоварзи Хатлониро 65% дарк мекунад. Як кудак ё кампири шугнонизабон гуфтори истикоматкунандаи нохияи Бобочон Гафуров Сугдро намефахмад, ё баръакс.Аз ин руй ибораи забонхои помири ва ягноби туппа тугри,- уко. Талабот мантики солим хаст, ягон зарра хам таъгир наёфтааст. Чащмхоро аз нав шуст дунёро бо аклу заковат ва хирад бояд дид.

Солех
Чарогабдол-Уко, гапатон туппа тугрИ -боин. Хамин тур фикр кардан гиред. Худо хохад ба чое мерасем.

Дар матн калимаи"инҷо" ҷудо омадааст, "ин ҷо", ки нодуруст аст. Маълум нест, ки ин шарҳи матбуот аст ё иқтибос аз матни Раиси кумитаи забони давлатӣ? Калимаҳои "инҷо" ва "ин ҷо" маънои гуногун доранд.
Дуруст аст, ки забонҳои яғнобӣ ва Бадахшон бояд ҳифз ва рушд ёбанд, вале вазъи забони давлатӣ беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад. Забони тоҷикй (ё форсии тоҷикӣ) комилан фалаҷ гаштааст. Ба назари банда такмили забони давлатиро бояд аз худи раис хонуми Кумитаи забон шурӯъ кардан даркор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)