Бахшҳо

А. Ғаффоров: Болои курсии одӣ ҳам нишаста, кор карда мешавад

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон аз имзои протоколе барои худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа дар вазорату идораҳои давлатии кишвар истиқбол карда, онро дар давраи буҳронӣ манфиатовар хонд.

Ҷаноби Ғаффоров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ин иқдом барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат манфиатовар буда, дар мавриди беҳтар гардонидани зиндагии нафақахурон, оилаҳои камбизоату маъюбон ва донишҷӯён кумак хоҳад кард”.

Ӯ афзуд, ҳарчанд ин амали ҳукумати Тоҷикистон барои бархеҳо сода менамояд, вале боиси сарфаҷӯии маблағҳои зиёд хоҳад шуд: “Ин масъала дар назари аввал бисёр чизи одӣ менамояд. Аммо агар оқилона назар кунем, хеле манфиатовар аст”.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъкид кард, дар давраи буҳронӣ бояд ҳатто аз хариди мизу курсиҳои гаронарзиш низ дар идораҳои давлатӣ худдорӣ шавад: “Шарт нест, мо паси мизу курсиҳои хеле воло нишаста кор кунем. Корро болои курсии одӣ ҳам нишаста, иҷро карда мешавад”.

Ӯ дар идома гуфт, иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар вазъияти буҳронӣ бояд хеле барвақтар гирифта мешуд: “Ин масъала хеле дер, тақрибан шаш - ҳафт моҳ баъдтар гирифта шуд. Албатта, иқдоми мазкур пештар дар назар буд, вале ҳамчун санаде, ки онро пурра фарогир бошад, мутаассифона дер ба имзо расид”.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои зидди буҳронии худ протоколеро ба имзо расонид, ки тибқи он вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, маблағҳои буҷети давлатиро сарфаҷӯёна истифода баранд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон, ин протокол бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки “ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд”.

Як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон дар пайи имзои ин протокол дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи он истифодаи нақлиётии хизматӣ аз ҷониби мансабдорон маҳдуд мешавад. Ӯ афзуд, барои сӯзишвории нақлёти хизматии мансабдорон аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ сарф мешавад ва дар пайи буҳрони молиявӣ аллакай ба ниҳодҳои давлатӣ дастур шудааст, истифода аз мошинҳои хизматиро кам намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд: ”Лекин гуфта нашудааст, ҳама бояд аз нақлиёти хизматӣ қатъиян даст кашанд, танҳо дастур шуда, ки дар ҳар вазорату идораҳо маҳдуд карда шавад. Амалишавии ин масъала таҳти назорат аст”.
Мӯҳр
Хай акнун худатонро бисёр доно ва иктисодчии бузург нишон надихед, сол аз ним гузашт нав аз хоб бедор шудед, ман як шахрванди оддй ин холатро як сол пеш дар бисёр чойхо кушоду равшан изхор карда будам, чй хаёл мекунед, кй бо ин гуфторхоят боварии мардум ба Шумо бисёр мешавад, не ин хобатонро рафта ба об гуед,

Офарин !!!!! Депутат шуда фахмидед- да !!!!!? Вагар на 7 мох + солхои пеш мегуптед хубтар меши -ха?????

Бху бгард
О мебахшед, аввал курсии менишастагии худатонро иваз кунед урток!!!! Озоди ташаккур

Гуё велосипедро бори аввал ихтиро карда бошад. Сарчумбони бобош

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)