Бахшҳо
03 сен 2015 15:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оғози мурофиаи додгоҳии марбут ба марги сарбози 22-сола

Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд фардо, 4 сентябр ба баррасии мурофиаи марбут ба марги сарбоз Фирдавс Раҳматов шурӯъ мекунад. Дар ин бора аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд.

Дар курсии айбдорӣ сержантҳо - Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов ва сарбози қаторӣ Айём Назаров нишастаанд. Нисбати дуи аввал бар асоси моддаи 391, қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ) ва сарбози қаторӣ тибқи моддаи 273, қисми 2 (вайрон намудани талаботи оинномаи умумиҳарбӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Ба қавли наздикон Фирдавс Раҳматов, сокинони 22-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Сабаби маргашро онҳо “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. Аммо Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Дар пасманзари ин ҳама масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа гуфтанд, “тибқи натиҷаҳои санҷиш роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латту кӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.

Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд, гуфт, “соатҳои тахминан 15:00 дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро баъди хӯроки нисфирӯзӣ барои қазои ҳоҷат бурда, Раббонӣ Сулаймонову Комрон Раҳимов, ду сержант ва Айём Назаров, сарбози қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом Раҳматовро зери зарбу лат қарор медиҳанд, дар ноҳияи гардан ва қафаси синааш зарбаҳои сахт мерасонанд”.

Рӯзи 22 июн масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон аз барканории се мақоми баландпояи қисми ҳарбии 04080-и худ дар шаҳри Конибодом, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ дар он ҷасади Фирдавс Раҳматов ба хона оварда шуд, хабар дода буданд. Он замон аз дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, ки фармондеҳони полк, баталион ва ротаи қисми ҳарбии 04080 ба хотири бетаваҷҷуҳӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Аммо манбаъ, аз бурдани ному насаби онҳо худдорӣ кард.
Мӯҳр
Noayon
Мардуми нотарси точик одамкушуда истодаанд....Магар инхи аз Худо наметарсанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)