Бахшҳо

Манбаъ: Муноқишаи маргбор бо кормандони комиссариат зимни муайянсозии шахсият сурат гирифтааст (ВИДЕО)

Манобеъ дар мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, муноқишаи маргбори 7 ноябр, ки бо марги ду корманди комиссариати ҳарбӣ анҷомид, зимни муайянсозии шахсият рух додааст.

Дар пасманзари сарусадоҳо, ки гӯиё муноқишаи кормандони комиссариат бо афроди номаълум ҳангоми “облава” сурат гирифтааст, манбаи “Озодагон” изҳор дошт, ки муноқиша зимни талоши кормандони комиссариат барои муайян кардани шахсияти афроди ҳамлагар сар задааст.

Манбаъ афзуд, ки то ҳол ягон гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят боздошт нашудааст: “Гуруҳе барои бозпурсӣ даъват шуда буданд, аммо муайян гардид, ки онҳо ба ин ҷиноят рабте надоранд. Амалиёт барои муайянсозии шахсияти ҳамлагарон идома дорад”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои иттилоъ дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, шахсияти афроде, ки дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон нигоҳ дошта хоҳад шуд: “Аз шаҳрвандоне, ки дар бораи шахсияти омилони ин қазия иттилое доранд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 02, 102, 221-21-21 ва 221-15-00 ба милиса хабар диҳанд”.

Инчунин мақомот навореро нашр кардаанд, ки дар он гӯиё яке аз муттаҳамон сабт гардидааст. Дар навор ҳаҷми ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ эълон шудааст, аммо баъдан ВКД бо нашри як иттилоия онро то 10 ҳазор доллар боло бурд:



Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи маргбор ба афсарони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод, ки соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр рух додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёт барои муайян ва дастгир намудани омилони ин ҳамла идома дорад.
Мӯҳр
Betonshik
....Манобеъ дар мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, муноқишаи маргбори 7 ноябр, ки бо марги ду корманди комиссариати ҳарбӣ анҷомид, зимни муайянсозии шахсият рух додааст.
.... Vaqte vazorati mudofia meguyad ki ruzi 2 noyabr da'vat ba okhir rasida bud!!!!!!!! Pas charo kormandi harbi boz muayansozii shakhsiyat meguzaronidaasttttttt???????

салмони форси
охир кормандони комиссариати харби милиса нестанд ку шахсиятидигар нафарро муайян созанд, хатман ба иззати нафси гумонбаршуда расидаанд, дар кирдори мархумонниз амалхои гайриконуни аст, баромадан аз хади ваколаташон ки шахсияти инсонро муайян месозанд, дар асоси кадом конун? кадом дастуруламал?

рауф
худорахматашон кунад хомиёни ватанро оимн

ачонт,о ду нафаре ки ранит кардагиян дидагиян ку ки хаст одами хамлагар бо чи мепушанд хай Гуянд ки ки хаст ин чинояткор мегарде дах хазор бист хазор долар карда

Беақл
Ман як чизбе ақлам ҳуй накарсос.
Аз кай боз доллари америка пули Тоҷикистон шудос?
Одамҳоя барои ба доллар фурӯзтани телефону телевизиор ҳамин милисаҳо дела мекунанду? Худи вазорати корҳои дохилӣ бошад мукофотро бо доллар элон кардос!
Ҳамин ҳуккуматанда ягон ақл монда бошад?
Прокурори генералӣ, куҷо шумо шудедтон? Аз валютчик сур карданба рафта ҳамин вазири корҳои дохилиро гиред намешавад?! О бо ин элонашон панҷ қонун ва ҳафт дастурамали идоравӣ ва ҳукуматиро вайрон карданд ку? Ё мегӯед онҳо ҳам иммунитет доранд? Ё шумо мағз надоред? Ё мо ай ҳадди бад доно шудагӣ?

Озодагон, бе таҳрир чоп кунедон, мабодо ягон хондаметонистегиш мебинад..

дар сарконуни чт омадааст ки хар як шахс хукуки озодона зиндаги кардан дорад кормандони комисарият чи хукук доранд ки хукуки якасро поймол мекунанд. Гунахкор худашон хастанд

Истиклол
Чавоб ба облмва[/b], Гушку додар, вакте, ки ба чавон писар огохнома (повестка) меояд, чаро хамчун мард ба комиссариати харби хозир намешавад. Ана вакте, ки онхоро дар куча боздошт мекунанд, ба корчазани даст мезананд.
Фикри ман хамин: Ин нобакорро дастгир карда, чазо додан лозим аст, ки то ба дигарон дарс шавад, ки дар оянда ба корхои нобакори даст назананд. Дар ин чо кордзани дар дигар давлатхо бошад, худашонро аз 7 метри дарози мепартоянд аз тарси милисахои ончо

Sementshik
Истиклол,
Tu bacha padarat haymi????????

Суман
Истиклол Ба фикрам шумохам коркуни Войнкомат мебошед Дар кадом Конун омадааст ки Облава кунед Облава карда боши холат аз ин бадтар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)