Бахшҳо
04 май 2016 19:01Тоҷикистон / Сиёсат

Намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ фармоиши ахири вазири адлияро ба баҳс кашиданд

Гуруҳе аз намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ фармоиши вазири адлияи Тоҷикистонро дар мавриди тартиби пешниҳоди огоҳинома перомуни маблағҳои дарёфткардаашон аз хориҷи кишвар дар ҳамоише мавриди баҳс қарор доданд.

Ин ҳамоиш бо иштироки намояндаҳои наздик ба 30 ташкилоти ҷамъиятӣ имрӯз, 4 май дар Вазорати адлия сурат гирифт. Раъно Каримова, сардори Раёсати бақайдгирии аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорат гуфт, ин фармоиш дар заминаи қарори ҳукумат таҳия шуда, санади ниҳоӣ нест ва мехоҳанд мазмуни онро бо намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба баррасӣ бигиранд. Дар фармоиш аз ҷумла гуфта мешавад, дар огоҳинома таъкид шудааст, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд маблағ ва молу мулки аз давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шударо зикр намоянд. Ин ташкилотҳо ҳамчунин муваззафанд, маболиғи аз соли гузашта боқимонда, маблағҳои мақсадноки дар соли ҷорӣ гирифташудаашон ва хароҷоти тамоми маболиғ, бо назардошти харҷи фаъолияти эҳсонкорӣ, гузаронидани маҷлису семинарҳо, сафарҳои хизматӣ ва ғайраро ба Вазорати адлия пешниҳод кунанд.

Намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳамоиши имрӯз гуфтанд, баъзе бандҳои дар фармоиши вазири адлия зикршуда такрори қарори содирнамудаи ҳукуматанд, ки ба мавҷудияташон ниёз нест. Дилбар Халилова, раҳбари ташкилоти “Фидокор” пешниҳод кард, бандҳои 4 ва 5-и фармоиш, ки пешниҳоди маълумот дар бораи миқдори кӯмакгиранда (гуруҳи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба кӯмак) ва натиҷагирии фаъолиятро дар назар дорад, бо далели такрор шуданашон лағв шаванд. Наргис Зокирова аз Бюро оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар масъалаи пешниҳоди молу амвол баъзе норӯшаниҳо мавҷуданд. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, баъзе ташкилотҳои кумакрасон амволи лозим, ба монанди компютер ва нақлиётро ба таври муваққат дар ихтиёри ташкилотҳои ҷамъиятӣ мегузоранд ва бо поён ёфтани муҳлати барнома онҳоро бозпас мегиранд. Ин нукта дар фармоиш бояд дақиқ карда шавад.

Дар поёни ҳамоиш ҷиҳати баррасии бештари масъала аз ҳисоби намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ гуруҳи корӣ таъсис шуд, ки ҳадафаш баррасии фармоиш бо намояндаҳои Вазорати адлия хоҳад буд. Намояндаҳои Вазорати адлия мегӯянд, ин санад дар пайи баррасӣ ва пешниҳодҳои намояндаҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ эҳтимолан такмил ёбад.

Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, Вазорати адлия муваззаф шудааст, феҳрасти ташкилотҳои ҷамъиятиеро тартиб диҳанд, ки аз ҳисоби маблағҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва дигар маблағҳои хайриявии шахсони ҳуқуқию инфиродӣ фаъолият мекунанд. Бар асоси тартиботи муайянкардаи ҳукумат ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар сурати гирифтани маблағҳо бояд давоми 10 рӯз мақомоти адлияро огоҳ кунанд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ уҳдадор шудаанд, ки дар маълумотномаашон ба мақомоти адлия, ҳаҷми маблағ, сарчашма, ҳадаф ва макону муҳлати татбиқи лоиҳаро ироа кунанд.

Қарори нави ҳукумат дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тағйироте ворид гардиданд, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, сарчашмаи маблағгузорияшонро ифшо кунанд. Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар пайи қабули қонун ба “Озодагон” гуфт, мақомоти Тоҷикистон ягон ҳадафи маҳдудсозӣ ва фишор болои созмонҳои ҷамъиятиро надошта, танҳо ният доранд дар масъалаи сармоягузорӣ шаффофиятро таъмин кунанд: “Ташкилотҳо фикр кардаанд, ки мо мехоҳем низоми иҷозатдиҳии қабули маблағҳои хориҷиро ҷорӣ кунем. Мо ин ниятро надорем, онҳо фақат огоҳ мекунанд, ки кадом маблағҳоро қабул карда истодаанд ва бо кадом мақсад. Имрӯз агар 2600 ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ бошад, фақат қариб ҳазор ташкиот ҳисобот додаасту боқимонда не. Ин ҳам қонуншиканӣ аст ва агар мо ин хел гирем ҳуқуқ дорем ин масъаларо пайгирӣ кунем. Ба баъзеашон огоҳӣ низ додаем”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)