Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:40

«Роспотребнадзор» 204 шаҳрванди касали Тоҷикистонро бадарға кардааст

29 ноябр 2011, 08:20

Рӯзи 28-уми ноябр «Роспотребнадзор»-и Русия бо пахши изҳороти нави расмӣ таъкид  доштааст, ки касалиҳои сироятшавандаи барои атрофиён хатарнок, миёни шаҳрвандони хориҷии дар Русия қарордошта, аз ҳама зиёд дар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.


Бино ба қавли масъулини ин ниҳоди Русия, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2011–ум ба Русия сафар кардаанд, 336 ҳолати касалиҳои сироятшаванда, аз ҷумла  96 ҳолати ВИЧ, 166 ҳолати сил ва 74 ҳолати сифлис ошкор гардидаст. Гуфта мешавад, ки кӯмаки тиббӣ ба сироятёфтагон аз ҳисоби маблағи буҷет, ки барои муолиҷаи шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудаанд, расонда мешавад. «Роспотребнадзор» бо такя ба арқоми овардашуда,  ба масъулини ҳифзи тандурустии Тоҷикистон маслиҳат додаст, ки шаҳрвандонашонро пеш аз сафар ба Русия аз муоинаи тиббӣ гузаронанд.

Дар изҳорот омадааст, ки тибқи қарори ҳукумати Русия, шаҳрвандони хориҷие, ки дар онҳо касалиҳои сирояшаванда ёфт шудаанд, аз кишвар берун карда мешаванд.То имрӯз «Роспотребнадзор» нисбати 1 177 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қарор баровардаст, ки ба ҳудуди Русия роҳ дода нашаванд. Аз ин миқдор 204 нафарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.Масъулини «Роспотребнадзор» мегӯянд, қарорҳои қабулшуда тибқи тартиби бадарғаи шаҳрвандони касал аз Русия, ба Хадамоти муҳоҷирати Русия супорида шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!