Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:04

Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон бо Ангела Меркел мулоқот мекунад

12 декабр 2011, 04:27

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати анҷоми як боздиди серӯза озими Олмон мешавад.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, зимни ин сафар сарвари Тоҷикистон бо канслери Олмон Ангела Меркел ва Кристиан Вулф мулоқот хоҳад кард.

Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо тоҷирону соҳибкорони Олмон аз онҳо даъват хоҳад кард, дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Қарор аст, дар ҷараёни сафар чанд санади ҳамкорӣ низ имзо шавад. Олмон аз соли 2002 то кунун дар ҳаҷми бештар аз 120 миллион евро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва аз ҷумла як агрегати асосии нерӯгоҳи барқи обии Норак бо 25 миллион евро сармояи як бонки олмонӣ тармим мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!