Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:43

ВКД: Марги як нафар бар асари зарбаи корд

5 ноябр 2012, 07:02

Саидакбар Ғаниеви 45-сола, сокини деҳаи Боботоғи  ноҳияи Турсунзода дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун гумонбар дар ҷиноят дастгир карда шуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Саидакбар Ғаниев рӯзи 2 октябри соли равон дар маҳаллаи 5-уми ноҳияи мазкур дар ҳолати мадҳушӣ шаҳрванд Дилшод Давлатови 31-сола, сокини деҳаи Асбобро бо корди дар дасташ буда, ба қафаси синааш мезанад, ки дар натиҷа шаҳрванд Давлатов Дилшод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад.

Ҷабрдида аснои  ба беморхона интиқол ёфтанаш ба ҳалокат мерасад.

Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!