Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Хуҷанд: Омодагӣ ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон

12 ноябр 2012, 11:34

Дар Қасри фарҳангии "Арбоб" корҳои охирини ободонӣ ва таҷдиду тармим идома доранд.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо мактаббачагони ноҳияи Бобоҷон Fафуров нахустин ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзро шинонда, ба сарсабзии гирду атрофи қаср асос гузошт. Бояд гуфт, ки дар майдонҳо, қади роҳҳо, атрофи гулгаштҳо 1500 бех чунин ниҳолакҳои дарахтони сӯзанбарг шинонда мешаванд.   

Ҳамзамон, мумфаршкунии роҳи асосии Хуҷанд-Арбоб низ оғоз шуда, айни ҳол 26 нафар тавассути таҷҳизоти сохтмонӣ ва 15 нафар бо нақлиёти борбардор ба тахту ҳамворкунии роҳ машғуланд. Масолеҳи сохтмонӣ аз заводи "Битум"-и ноҳияи Спитамен дар мӯҳлаташ дастрас шуда истодааст. Дар маҷмӯъ 50 ҳазор метри мураббаъ роҳи гирду атрофи чойхона мумфарш  карда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!