Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:17

Мурофиаи додгоҳии хабарнигори ОИ “ТojNews” мавқуф гузошта шуд

29 январ 2013, 07:27

Ҷаласаи мурофиавии Амруллоҳи Низом, имрӯз, 29-уми январ оғоз нагардида, боз ба вақти дигар мононда шуд.

Саймуддин Дӯстов, муассис ва раиси Шӯрои муҳаррирони нашрияи "Нигоҳ" ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҷаласа ба хотири дархостҳои пешниҳодкардаи Амруллоҳи Низом ба прокуратураи генералӣ мавқуф гузошта шуда, санаи баргузории мурофиаи навбатиро суд эълон хоҳад кард. “Амруллоҳи Низом аз додситонии кулл хоҳиш намуда, ки салоҳиятҳои нафаре, ки худро посбон ё муҳофиз ва нафари дигар, ки худро ронандаи Абдураҳим Холиқов муаррифӣ мекунанд, аз ҷумла худи роҳбарияти дастгоҳ бояд, таҳқиқ шавад, ки оё онҳо салоҳияти онро доранд, ки як нафарро маҷбуран аз ҳавлии кумита берун кунанд. Инчунин талаб шуд, ки ҳамон сабти назорати видеоии кумита аз санаи 12 то 19-уми январ барои таҳқиқ гирифта шавад, то онҳо поккорӣ ё коркард накунанд ва дар асоси ҳамин ваҷҳҳои оварда, аз прокуратураи генералӣ хоҳиш карда шуд, ки қарори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро бекор кунад ва дигар барои баррасии судӣ дигар ҳеч асосе намондааст”.

Ҳамзамон, Дӯстов гуфт, амалҳои Абдураҳим Холиқов ва  роҳбари дастгоҳи Кумитаи дин зидди сиёсати ҳукумати ҷумҳури Тоҷикистон мебошанд ва инчунин дар ин масъала талаби оҷонсӣ аз он иборат буд, ки ба ҳамаи ин масъалаҳо баҳои ҳуқуқӣ гузошта шуда, худи масъулини ҳукуматӣ низ вокуниши маъмурӣ нишон бидиҳад, дар шакли ба истеъфо равон кардани Абдураҳим Холиқов.

Ёдрас менамоем, Кумитаи дини назди ҳукумати  Тоҷикистон дар қиболи хабарнигори "Тоҷнюс" ба догоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки гӯё журналист унвонии кормандони ин ниҳод ҳақорату дашномро раво дидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!