Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Иттиҳодияи Аврупо мушкилоти Тоҷикистону Ӯзбакистонро ҳал карда метавонад?

11 май 2012, 09:34

Чӣ қадаре, ки дахолатҳои беруниву хориҷӣ зиёд шавад, ҳамон қадар муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбакистон печидатар шудан мегирад.

Шодӣ ШАБДОЛОВ,  раиси ҲКТ
Иттиҳодияи аврупо созмоне нест, ки роҳгушои мушкилоти кишварҳо бошад. Як созмони парлумонисту бас ва бо таҳлили вазъияти иқтисодиву иҷтимоиву сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо тавсияҳои гуногун медиҳад. Дар нишасти ахир мо манофеи давлати худро аз дидгоҳи ин ё он ҳизб баҳо надодем. Ин созмон монанди созмони милали муттахид наметавонад як қарореро тасвиб кунаду иҷрои он ҳатмӣ бошад. Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳодияи аврупо шомил нест ва танҳо бо ин созмон робита дорад. Ин созмон мебинад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ чи мехоҳанду манофеи ҳукумативу парлумонии онҳо чист. Мо интизор надорем, ки ин Иттиҳодия ягон санадеро барои ҳали мушкилот омода кунаду ба тасвиб расонад. Барои мо муҳим он аст, ки манофеи давлатии худро мутаносибан бо воқеиятҳои таърихиву сиёсии вуҷуд дошта дар Осиёи Марказӣ тағир диҳем. Инчунин ин иттиҳодия шӯрои вазирон ҳам дорад, ки масоили сармоягузориву баҳсҳои марзӣ ва дигар масоилро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Мо узви ин Иттиҳодия нестему ин ташкилот ҳам СММ нест. Кишвари мо узви СНГ мебошад. Мо мехоҳем мавқеи моро фаҳманду ба гӯши соири давлатҳо расонанд. Агар онҳо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, бисёр хуб, аммо агар накунанд аз баҳри онҳо мегузарем. Боз Чину Ҷопону дигар давлатҳо ҳастанд, ки ин давлатҳо ҳам узви ин Иттиҳодия нестанд.                  

Раҳматулло ВАЛИЕВ, сиёсатшинос
Иттиҳодияи Аврупо ба таври пурра мушкилоти Тоҷикистону ӯзбакистонро ҳал карда наметавонаду илоҷи мушкилоти ҷойдошта дар дасти худи ин 2 кишвар аст. Ҳалли ин масоил ба президентҳои ду кишвар бастагӣ дорад. Дар хусуси нерӯгоҳи Роғун Иттиҳодияи Аврупо чанд маротиба мавқеи худро дигар кард. Зеро як қисми вакилони Аврупо метавонанд сиёсатҳои Ӯзбакистон ва қисми дигарашон сиёсатҳои Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Иттиҳодияи Аврупо барои беҳбуди равобити ин ду кишвар ба Ӯзбакситон фишор оварда наметавонад. Танҳо ин ду давлат метавонанд равобити худро мӯътадил гардонанд. Аз онҷое, ки мо дар Осиёи Марказӣ қарор дорему Иттиҳодияи Аврупо аз мо фарсангҳо дур аст, тавоноии рафъи масоили Роғун ва рафту омади байни шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистонро надорад. Ингуна масоил танҳо дар сатҳи олии ду кишвар ҳали худро ёфта метавонад. Ман то имрӯз намедонам чаро роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон барои беҳбуди равобит коре намекунад. Шояд иқдоме дошта бошад, аммо дар ин бора на дар расонаҳои ҷамъиятӣ ва на дар расонаҳои давлативу хусусӣ иттилое нест. Тоҷикон дар ӯзбакистон ва Ӯзбакон дар Тоҷикистон хешовандони зиёде доранд, ки дар байни мушкилоти байни ду мамлакат мондаанд. Барои ҳамин вазифаи ҷонии роҳбарияти ду кишвар ҳали ин масоил аст. Чун Ӯзбакистону Тоҷикистон узви Иттиҳодияи Аврупо нестанд, ин Иттиҳодия барои ҳали ихтилофоти ду кишвар масъулияте надорад. Талаботу пешниҳодоти ин ниҳод танҳо дар сатҳи як пешниҳод аст, ки асоси қонуние надорад. Ду кишвар хоҳанд пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупоро мепазиранд ва нахоҳанд намепазиранд. Кишвари мо ва ӯзбакистон ҳеч ӯҳдадориеро дар назди ин ниҳод надоранду ягон санади расмиеро ҳам имзо накардаанд. Ин иттиҳодия танҳо пешниҳод дода метавонад ва аз нигоҳи қонунӣ кори дигаре анҷом дода наметавонад. Гузашта аз ин, тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ манофеи худро доранд. Ин созмонҳо дар Афғонистон артиши худро доранду хеле ҳам мехоҳанд то давлатҳои назди марзи Афғонистон мамолики пешрафате бошанд. Ин иттиҳодия беманфиат дар минтақа ҳузур пайдо намекунад. Сиёсат роҳест, ки иқтисод дар он ҳаракат мекунад, ҳар қадар ин роҳ ҳамвор бошад, ҳамон қадар мошини иқтисод дар ин роҳ бесадама ҳаракат мекунад. Вақте сиёсат нодуруст бошад, иқтисодиёт ҳам мелангад. Бинобарин пеш аз ҳама бояд тиҷорати байни ду давлат беҳбуд ёбаду марзҳои ду кишвар боз гардад. Ва қабл аз ҳамаи инҳо бояд сиёсати байни ду давлат сиёсати сулҳдустона бошад на сиёсати душманонона. Чун бо сиёсатҳои ҷорӣ равобити иқтисодии ду далват аз байн меравад.

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Дар масоили марбут ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шартномаҳое, ки байни  созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳоди кишварҳои муштараккулманофеъ ба имзо расидаанд, метавонанд мушкилоти ҷойдошта дар байни кишварҳои узви ин созмонҳоро рафъ намоянд. Тоҷикистону Ӯзбакистон узви САҲА ҳастанд, аммо аъзои Иттиҳодияи Аврупо нестанд. Дар инҷо Иттиҳодияи Аврупо метавонад бо истифода аз таҳримҳо дар хусуси ҷорӣ накардани технологияҳои навтарин, дар мавриди роҳандозии тиҷорат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, ба мушкилоти мо таъсири худро гузорад. Ин Иттиҳодия то кунун барои ҳали мушкилоти байни Тоҷикистону Ӯзбакистон тавсияҳо кардаанд, ки бо роҳи гуфтушунид ин масоил ҳал карда шавад. Аммо то ҳол барои ҳали ин масоил аз василаи таъсиррасоне истифода накардаанд ва онҳо ҳатто барои роҳандозии таҳримҳо дар муқобили Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳавасманд нестанд, ки агар таҳрим ҷорӣ мекарданд, мушкилоти ҷойдошта зудтар ҳали худро меёфт. Бадбахтона то ин ҳангом қарорҳои ин созмонҳо ягон таъсире дар равобити байни ТоҷикистонуӮзбакистон надоштааст. Зеро онҳо ҷуз сухан гуфтан ва тавсия додан кори дигаре намекунанд. Ҳатто ҷазо ҳам надодаанд ва то он ҳангом, ки Иттиҳодияи Аврупо дар муқобили кишвари мо ва Ӯзбакистон иқдоми ҷиддиеро накунад, мушкилоти поймолкунии ҳуқуқҳои давлатҳо ва мардум боқӣ мемонанд. Ба тавсияҳои онҳо ҳам касе гуш намекунаду бар сари ҳарфи худ меистад. Агар Иттиҳодияи Аврупо ба тасмими ҷиддие нарасад, мушкилот ҳали худо намеёбад. Дар ин байн, набояд Русияро фаромуш кард, зеро ин кишвар аз мушкилоти байни Ӯзбакистону Тоҷикистон манфиатдор асту кишвари моро доимо мустамликаи худ меҳисобад. Бе қарори Русия ин мушкилотро Иттиҳодияи Аврупо ҳам ҳал карда наметавонад. Зеро қудрати роҳбарияти мо ба русҳо вобаста буда амру фармонҳои онҳо пайваста қабул ва иҷро мегардад. Мутаасифона дар ин байн, Тоҷикистону Ӯзбакситон ҳам барои ҳали мушкилоти худ ба Русия рӯ меоранд, ки ин кишвар ду тарафро дар печохами дуроҳаи саргуме қарор медиҳад. Худи русҳо на мехоҳанд, ки моро нороҳат кунанд ва на ӯзбакҳоро. Ҳар ду мамлакатро мехоҳад аз даст надиҳад махсусан иншоотҳои бузурги Тоҷикистон аз ҷумла Талко ва Роғун. Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз ҳал нашудани мушкилоти Тоҷикистону Ӯзбакистон манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва геополитикии худро меҷуяд. Аммо саъй мекунад то манофеаш дар муқобили манофеи Русия қарор нагирад, чун медонад, ки мо вобастаи кадом кишварем. Ба ҳамин хотир наметавон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо мақсадҳову манофеи худро надорад. Хушбахтона мардуми ду кишвар ба монанди роҳбарони сиёсии Тоҷикистону Ӯзбакистон нестанд, балки байни худ равобити 500 сола доранд. Зеро фарҳангашон омехта шудаасту бо якдигар хешовандии хунӣ доранд. Ду миллате ҳастанд, ки хеле амиқ бо ҳамдигар махлут шудаанду касе онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонад. Ҳатто агар ду роҳбари пуриқтидор бошанду дар муқобили ин ду миллат ихтилофандозӣ кунанд, боз ҳам ба мақсади худ намерасанд.

Саидумар ҲУСАЙНӢ, муовини раиси ҲНИТ
Ман ҳеч розӣ нестам, ки проблемаи ду кишварро кишвари сеюм ҳал кунад. Вале новобаста аз ин дар тамоми ҷаҳон чунин проблемаҳо ҷой доранд, ки кишварҳо дар танҳоӣ роҳи ҳалли масъаларо намеёбанд ё шояд Худованд инсониятро ҳамин хел офарида аст, ки ҳамеша як ислоҳкоре лозим аст. Вале дар ин сурат агар ният холис бошад имкон дорад, ки мушкил ҳал шавад. Дар акси ҳол масъала боз печидатар мешавад. Дар ҷаҳони муосир абарқудратҳо аз миёнравӣ ё дахолат ба масоили миёни кишварҳо ҳатман як манфиате доранд ва дар пайи татбиқи ин манфиат масъала боз печидатару мураккабтар мегардад. Чанд сол мешавад, ки дар масъалаи бунёди "Роғун" намояндагони Иттиҳоди Аврупову дигар кишварҳо миёнравӣ мекунанд, вале то имрӯз ба ягон натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд. Аз сабаби он ки Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳамдигарро фаҳмида натавонистанд, масъалаи иқтисодӣ ба мушкили сиёсӣ табдил шуда истодааст. Муносибатҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон хубтар бошанд ва тиҷорат озод бошад, ин ба беҳтар шудани муносибатҳои сиёсии ду кишвари ҳамсоя сабаб мегардад.

Шодавлат ШОНУСАЙРИЕВ, узви шӯрои сиёсии ҲУСДТ
Масъала дар сари он аст, ки оё Иттиҳоди Аврупо дар мусоидат кардан ба ҳалли проблемаи  Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳавасманд ҳаст ё не. Зеро дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо нисбати масъалаи "Роғун" фикри ягона нест. Ҳар як сиёсатмадор дар ин бора андешаи худро дорад ва тарафдору муқобил ҳаст. Он тамоюлҳое, ки дар дунёи муосир ба вуқуъ мепайванданд, ҳамааш баёнгари он аст, ки на Иттиҳоди Аврупо ва на Амрико ва на дигар абарқудратҳо ҳавасманди сохтани иншоотҳои бузург нестанд. Оид ба ин масъала намояндаҳои парлумони Иттиҳоди Аврупо фикру ақидаашонро баён доштанд. Ин як барномаи пурсарусадо аст, ки баҳси ҷонибҳоро бенатиҷа нишон медиҳад. Агар барои мо барқ лозим бошад пас барои чӣ ду ё се нерӯгоҳи миёнае насозем, ки иқтидораш баробар ба "Роғун" бошад ва ҳамин миқдор барқ истеҳсол кунад ва мавзӯи баҳси беохирро хотима диҳад?  

Сафват БУРҲОНОВ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Салом"
Чӣ қадаре, ки дахолатҳои беруниву хориҷӣ зиёд шавад, ҳамон қадар муносибатҳои байни Тоҷикистону ӯзбакистон печидатар шудан мегирад. Аз таҷрибаи солҳои 1990 медонем, ки дахолати кишварҳои абарқудрат ба манфиати мо набуд. Ҳамаи кишварҳои абарқудрат барои дахолат дар ин ё он раванд ба муносибатҳо манфиатдоранд. Сабаби таъсир расонидани Иттиҳоди Аврупо ва Амрико низ дар равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон аз манфиат доштани онҳо дарак медиҳад. Чӣ хеле "Газпром" газро гирифту дар партовҳо партофт ва соли гузашта мо газ доштем, аммо аллакай имсол газ надорем, дигар абарқудратҳо низ айнан ҳамин хел мекунанд. Ягон лоиҳаро ба даст мегиранд ва корро ба таъхир мегузоранд. Ҳеч яке аз ин кишварҳо хоҳиши пешравии Тоҷикистонро надоранд. Ба тамоми кишварҳои абарқудрати дунё Тоҷикистон чун як давлати камбағал лозим аст ва агар Тоҷикистон кишвари пешрафта шавад, ба ҳеч кас писанд нест. Ман чунин пешниҳод мекунам, ки нисфи маблағи бунёди "Роғун"-ро ӯзбакистон диҳад ва нисфи дигарашро Тоҷикистон. Ба ин иқдом ӯзбакистон мухолифат намекунад ва аз сӯи дигар омили беҳ шудани муносибатҳо мегардад. Чӣ фарқ дорад, ки пули Иттиҳоди Аврупо ё Русия бошад ё пули Ӯзбакистон? Вақте ӯзбакистон ба ин лоиҳа маблағгузорӣ мекунад, ба хотири пул шуда, амнияти Тоҷикистонро дигар халалдор намесозад ва дар паҳлуи кишвари мо қарор мегирад. Мо бояд сармояву маблағи соҳибкорони ӯзбакистонро дар Тоҷикистон бештар ҷалб кунем ва ҳар қадар сармояи Ӯзбакистон дар кишвари мо бештар шавад ҳамон қадар давлати ҳамсоя дар бораи амнияти сармояи худ фикр мекунад. Мо ҳоло дар ягон бахш сармояи Ӯзбакистонро ҷалб накардаем.

Усмони СОЛЕҲ,  мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҲХДТ
Иттиҳодияи Аврупо дар ҳалли мушкили миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон оид ба сохтмони НБО "Роғун" мусоидат карда метавонад. Чунки ин масъала ҳоло аз масъалаи сирф иқтисодӣ ба масъалаи сиёсӣ табдил шудааст, ки ин "бо хизмати" ҳамсокишвари мо ба вуҷуд омадааст. Зеро Ӯзбакистон нисбати бунёди "Роғун" хеле муқовимату мухолифати ҷиддӣ дорад. Ба ин хотир мо ба кӯмаку мусоидати созмонҳои байналмиллалӣ ниёз ҳам дорем. Баъзе намояндагони парлумони Иттиҳоди Аврупо нисбати бунёди "Роғун" хушбин ҳастанд. Чунки бунёди "Роғун" ба итмом расад, на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати минтақа аст. Он нафароне, ки дар парлумони ИА зидди гигантомания ва иншооти бузурганд, эшон антиглобалистанд. Онҳо назару ақидаи ташкилоту ҷамъиятеро, ки доранд, ҳимоя мекунанд ва зидди сохтмони иншооти бузурге мисли "Роғун" ҳастанд. Вале дар маҷмуъ намояндагони парлумони ИА ҷонибдори бунёди "Роғун" ҳастанд. Зеро ин нерӯгоҳ ба хотири бҳдошти зиндагии мардум равона шудааст ва онҳо низ ҳар лоиҳаеро, ки ба манфиати халқ бошад дастгирӣ менамоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!