Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Амрико: "Муносибати нохуби раҳбарон хатар ба Осиёи Миёна аст"

13 март 2013, 11:52

Хадамоти ҷосусӣ ё кашфи Амрико дар гузориши нави худ гуфтааст, хатари асосӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ на аз Афғонистон, балки аз дохили минтақа, аз ҷумла аз муносибатҳои шахсии раҳбарони давлатҳо сар мезанад.

Ҷеймс Клаппер, сардори Хадамоти ҷосусии Амрико, рӯзи сешанбе, 12-уми март, дар парлумони ин кишвар, гузориши нав оид ба таҳдидҳои байналмилалӣ ба амниятро муаррифӣ кардааст. Дар гузориши ин ниҳод хатари асосӣ барои амнияти Осиёи Миёна муносибатҳои шахсии раҳбарони давлатҳои минтақа арзёбӣ мешавад:

“Тайи солҳои охир, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд, забон ёбанд. Раҳбарони ин минтақа таъмини муътадилияти кӯтоҳмуддатро аз ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ боло мегузоранд. Дар ҳоле, ки маҳз ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ метавонанд, муътадилии бардавоми кишварҳои минтақаро таъмин созанд. Аксари раҳбарони мамлакатҳои Осиёи Миёна аз шуришҳое, амсоли “Баҳори араб” дар ҳаросанд ва эътирозҳои кӯчакро ҳам пахш мекунанд. Раҳбарони ин кишварҳо рақобати шахсӣ доранд ва баҳсҳои марзӣ, обӣ ва энержӣ барои сар задани муноқиша дар Осиёи Миёна замина мегузорад. Бо назардошти ин сар задани даргирии ғайричашмдошт дар минтақа аз эҳтимол дур нест.”

Ин дар ҳолест, ки дар гузориши соли гузашта Хадамоти ҷосусии Амрико таҳдиди асосиро барои амнияти Осиёи Миёна ҳаводиси Афғонистон арзёбӣ карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!