Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:06

“Оламе маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт”

20 март 2013, 13:04

Меҳмоншо ШАРИФЗОДА,
докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия


Оламе маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт,
Сахт по барҷост ҷаҳли мо, магар Турем мо.
Бедил

...Аслан мушкилоти мо ин аст, ки бештар ба қафо менигарему ба таҷрибаи дигарон нигоҳ карда, роҳ рафтанро меомӯзем. Аз як сӯ, аз сиёсатбозии ҷаҳонӣ рамзҳо ва шаклҳои ҳаракатро ба таври рӯяки ёд гирифтаем ва маъниҳо аслан дар сиёсати мо вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, мо ҳанӯз дар сатҳи ҳуввият ва идеологияи миллӣ мушкилот дорем ва ба худ наомадаем ва ин барои сиёсати созанда дар кишвар мушкил эҷод мекунад. Шарт нест ин ҷо ёд кардан аз он ки дар мо шиорҳои 'демократия', 'ҷомеаи шаҳрвандӣ', 'либерализм' ва ғайраро чунон баланд бардоштаанд, ки муаллифон ва соҳибони ин шиорҳо дар ҳайратанд. Танҳо як мисол меорем, бубинед, вақте дар бораи дунявият ҳарф мезанем ва ба сиёсати Отатурк тақлид карданӣ мешавем, фаромӯш мекунем, он арзишҳо, ки Отатурк зидди онҳо буд ва ба Ғарб такя мекард, акнун худ аз Ғарб омада истодаанд. Дигар ин ки Туркия худ имруз роҳашро дигар кардааст ва дар якҷоягӣ бо бисёр кишварҳои исломӣ исбот карданист, ки барои ҷомеаи донишбунёд, истеҳсолкунандаи дониш ва истеҳсолкунандаи дороӣ ва некӯаҳволии мардум 'риш'- и мардон ва ё 'рӯсарии' занҳо мушкиле эҷод намекунанд. Ин гуна муносибат дар сиёсат ба он имкон медиҳад, ки ба ҷои ҷомеаи солим ва амалкунанда доштан, ки ба арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо такя мекунад, дар мо фасод ба система табдил ёфта ҷомеа ба "муҳити зисти" гурӯҳе табдил ёбад. Аз сӯи дигар, ин рӯйдод боиси он шудааст, ки сиёсат аз решаҳои аслии худ, ки дар сатҳи фарҳанг, ҷомеа ва дар вуҷуди фардҳои ин ҷомеа қарор доранд, канда шуда танҳо як чизи зоҳирӣ ва бозичаи дасти пулдорони дохилӣ ва хориҷӣ шуда ва мшавад. Акнун ташкили ҳизб, номи модерн (демократӣ, либаралӣ ва ғ.) ба он гузоштан, бофтани идеология барои он ва дигар мардумро ваъдаҳо дода ба вазифае (қудрат) соҳиб шудан, метавонад кори сабук шавад. Ин сиёсатбозие мешавад, ки ҳар ки ба мардум бештар ваъдаҳо дод, ба қудрат меоянд, боз ҳамон "ҷангал" ва "муҳити зист", дигар арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо ки дар борааш мегуфтанд, фаромӯш мешаванд ва қудрат ба ҷои иҷрои вазифаҳои ҳаматарафаи худ танҳо як вазифаро иҷро мекунад - назорат ва идора кардани мардуми худ...

Чи хеле қайд кардем, дар мо чи будани қудратро ҳанӯз нафаҳмидаанд ва онро бисёр оддӣ тафсир мекунанд. Баъзан бароят ояҳои Қуръонро меоранд (3:26), ки неъмату иззат аз Худованд аст ва ба ҳар ки хоҳад медиҳад, вале тамоман фармудаҳои Қуръонро фаромӯш мекунанд, ин маънии онро дорад, ки ин неъмату иззат дар ҷомеа дар вуҷуди мардум, дар ҳастии мардум бояд ҳузур дошта бошад. Яке аз аз маҳдудиятҳои ин қавм (зиёиён) ин аст, ки онҳо баҳси зиёӣ ва қудратро нодуруст фаҳмида табиати қудратро нашинохтанд. Аслан қудрат як унсурест, ки дар раванди сохтмони худӣ (шахсият) пайдо шуда дар ҳаёти инсон мавқеи муайянкунанда дорад ва он дар муносибатҳои ҳаррӯзаи ҳаёт аз худ дарак медиҳад. Инсон мавҷуди қудратист ва онҳое, ки имрӯз вазифае доранд ва мавқеи таъсиргузор доранд, бояд худ зиёӣ бошанд. Дунёи имрӯз талабгори чунин шахсиятҳост, ки огоҳанд, қобилияти таҳлили рӯёдодҳои ҷомеаро доранд, эҷодкоранд ва дар таркиби ҳаёт дигаргуниҳо дароварда зиндагиро метавонанд сифатан дигаргун намоянд. Дар қудрат будан ва роҳбарӣ кардан на он чиз аст, ки мо имрӯз дар фазои Тоҷикистон мебинем.

Фикр мекунам, агар имрӯз фурсате дорем, ба ғайр аз илм ва технологияи замонавӣ барои ҳаёти мардумро ба зинаи дигари инсонӣ бардоштан, барои ҷомеаи донишбунёд доштан, барои истеҳсоли дороӣ ва бехатарии иҷтимоӣ ва ҳаётии мардум, моро лозим аст, бо арзишҳои аслии худ бархӯрдро хотима бахшем. Дар масъалаи шинохт (назарияҳо ва роҳҳои таҳқиқ), илм ва дониш мо аз касе қарздор нестем ва Тоҷик аз қадим ва махсус дар давраи тамаддуни Исломӣ ва инчунин дар давраи Шуравӣ исбот намуд, ки метавонад дар ин роҳ истиқлолияти илмии худро таъмин намояд. Фақат ин қисматро, яъне пажуҳишгоҳҳо ва олимонро бо муҳаббат ва маблағи лозимӣ таъмин кардан зарур аст. Ин ки мегӯям, мо дар ин масъалаҳо қарздор нестем маънии инро дорад, ки Тоҷикон худ ҳам дониш ва таҷрибаи ҷомеасозӣ, истеҳсоли илм, дониш, сарват ва некӯаҳволии мардумро доштанд ва доранд.

Имрӯз мушкилоти мо ин дин ва фарҳанги Исломӣ нест ва чи хеле ки мебинем, намояндагони он кӯшиши беҳтарини шинохте аз худӣ ва дунёи имрӯз доранд ва дар бунёди сохтмони ҷомеаи мардумсолории Тоҷикиасос мекӯшанд. Ва мавҷудияти ҳизби Исломӣ дар Тоҷикистон гузашти ҳукумат нест, чи хеле ки баъзеҳо фикр мекунанд, балки ин зарурияти воқеияти Тоҷикистон ва сатҳи фарҳангии он аст. Ин як падидае олист на фақат дар таърихи сиёсии Тоҷикон, балки дар таърихи фикрӣ ва фарҳангии онҳо, ки ин ҳаракат имконият медиҳад арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои аслии Тоҷикӣ дар баробари арзишҳои дигари умумиинсонӣ дар сохтмони худӣ, ҷомеа ва қудрат нақш дошта бошанд. Ва ин ҳаракатест, ки болои арзишҳо дини номусии Тоҷикон, таҷрибаи хубу бади Шуравӣ ва таҷриба ва арзишҳои мардумсолории Ғарбӣ кӯшиши сохтани ҷомеаи солими инсониро дар Тоҷикистон доранд. Ин сатҳи фарҳангӣ, яъне Исломӣ, қариб ҳамаро фарогир аст ва шахсиятҳо ва намояндагони дигар ҳизбу ҳаракатҳо ҳам агарчи Исломӣ хонда нашаванд, аммо дар бунёди шахсияти худ ва ҷаҳонбинии худ аз нақши ин арзишҳо ва идеалҳо ёд мекунанд.

Вале баъзе "зиёиёни" мо, ки ҳанӯз нақши дин ва фарҳанги исломиро дар сохтмони худӣ (шахсият), ҷомеа, иқтисод, миллат ва ояндаи Тоҷикон он чуноне ки ҳаст, намебинанд, мехоҳанд фазои фарҳангии мардуми Тоҷикро, ки корхонаи аслии истеҳсоли маъниҳои нав аст, ба чорчӯбаҳои меросии истеъмории худ гузоранд. Дар ин раванди гуфтугӯҳо, дар баробари нодида гирифтани сарчашмаҳои аслии сохтмони ояндаи Тоҷикон, мехоҳанд авлавияти Тоҷикиятро нисбат ба Исломияти Тоҷик исбот кунанд ва баъзеҳо зиёиёни худро пеш аз Ислом ҷустанӣ мешаванд, ва ё ҳеч набошад мехоҳанд, чунон ки дар Русия, Булғористон ва ё Арманистон аст байни дин ва давлат як симфония (ҳамоҳангӣ) ташкил кунанд. Хулоса, чи хеле ки гуфтем, баҳсҳои китобӣ ва кӯчагиро ба сатҳи ҳақиқати давлату миллат бароварданӣ мешаванд. Охирин пешниҳодҳои аз тарафи "зиёиён" шуда ин аст, ки дин ва фарҳанги исломӣ чи гуна аз тарафи давлат бояд идора карда шавад ва дигар ин ки назарияи хаёли ормонии "шоҳи одил" дар ҷомеа амалӣ карда шавад. Дар хусуси масъалаи назарияи хаёлии "шоҳи одилро", ки аз муаллифонаш хомтар аст, ҳаминро донистан даркор, ки ҷомеае ки онҳо мехоҳанд, оқибат аз се қисм таркиб меёбад, аз шоҳ, аз гадо ва қисмати насиҳатгӯй ва лаганбардоре мисли ҳамин "сиёсатшиносҳо", ки дар асрҳои миёна ҳам чунин ҳолат набуд.

Онҳое, ки ҳанӯз баҳси Тоҷикият ва Исломиятро дар вуҷуди Тоҷик тақсим карданӣ мешаванд, ба фикрам, то ҳол нафаҳмидаанд, ки Тоҷикият ин ба хун, ба шири модар, бо забони модарӣ, бо муҳити зист, обу ҳавои он дар вуҷуди мо зинда аст ва ин аслро ягон дин ва идеология дигар намекунад ва агар Тоҷике идеология ва динеро ихтиёр ҳам кунаду дар баробари роҳи интихоб кардааш миллати ӯро зикр карданӣ бошанд, мегӯянд 'тоҷики коммунист", 'тоҷики зартуштӣ' ва ғайра. Яъне ин ихтиёри ӯст, ки дар кадом сатҳи фарҳангӣ ки худро ёфтааст, худӣ, ҷаҳонбинӣ ва ҳақиқати худро чи гуна месозад. Ин падида, ки Тоҷик мусулмон таваллуд шудааст ва мехоҳад мусулмон зистан ва мусулмон мурдан ин як ҳақиқатест умумиинсонӣ ва берун аз тоҷикияти мо, берун аз арабият ва туркияти дигарон. Ҳам ин падида, ки гурӯҳе аз ҷавонмардони мусулмони тоҷик вақте мегӯянд, мехоҳанд ва метавонанд ватани худро обод кунанд ва мехоҳанду метавонанд ба илм ва фарҳанг машғул бошанд ва ихтироот ҳам кардан, ва ин ки мегӯянд, мехоҳанд ва метавонанд ҷомеаи инсонии сифатан беҳтар аз дигаронро бисозанд, чаро ба ин ҷоҳилона муқовимат кардан? Дигар ин ки вақте аз мардони таърихсози Афғонистон ёд мекунед, чаро аз арзишҳо ва идеалҳое ки дар шахсият ва ҷаҳонбиниии онҳо, ба ғайр аз Тоҷикияти онҳо, нақши муаянкунанда доштанд ҳарф намезанед? Вақти он аст, дарк кунем, ки бо вуҷуди умумӣ будани қисмати зиёди арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои исломӣ, фаҳмиш ва истифодаи онҳо дар фарҳанг, воқеият ва контексти Тоҷикистон аз Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Эрон фарқ мекунад. Боз ин ба табиат, ғунҷоиш, қобилият ва кӯшиши шахсиятҳо вобастагӣ дорад, ки то куҷо дониши чизеро доранд. Масалан, шаҳид Аҳмадшоҳ дигар тафсир ва фаҳмиши исломро дошт ва Мулло Умар худро мусулмон гуфта дигар гуна амал мекунад. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки сатҳи фарҳангии Исломии Тоҷикистон, як воқеияти зиндаи амалкунанда аст ва онро набояд нодида гирифт, балки онро бояд шинохт ва имкон дод, ки дар бунёди ҷомеаи солими Тоҷикӣ нақши худро дошта бошад. Ин сатҳест, ки худ технологияи сохтмони худӣ, истеҳсоли маъниҳои созанда ва инчунин таҷрибаи муҳофизат аз ҳаргуна идеологияҳо ва ҳаракатҳои ғайрро дорад ва онро аз хурофотҳои ҳам динӣ ва ҳам илмӣ - дунявӣ муҳофизат бояд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй кош,мисли Мехмоншо олимоне бештар медоштем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсант. Инро нигох ва тахлили бегараз, олимона, вокеъбинона, дурбинона ва андешамандона мегуянд. Олиму зиёии вокеиро аз 1-сахифа матнаш хам метавон шинохт. Вале баъзе Зиёхо сад китоб эчод кунанд хам зиёй намешаванд. Баъзе Абдурахимхо Абдухоким хастанд ва он хам калбакй. Баъзе мукаррамхо каромати инсонй надоранд. Зихй модари точик! Бовар дорам боз фарзонахои оламгир (бо илму андеша, на бо зури шамшер) ба дунё хохй овард.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан шеъри Мирзо Бедил чунин аст:

Дар таҷалли сӯхтему чашми биниш во нашуд,
Сахт по барҷост ҷаҳли мо, магар Турем мо...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мехмоншои чун, аслан ин байти Бедил чунин хаст:
Олами маъни шудему доги чахл аз мо нарафт,
Кард Бедил илмхои беамал моро хароб.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!