Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57
30 январ 2014, 11:35

“Хаааар”, “ҳайвооон”, “девонаааа” -- ифтихори ҷавонони тоҷик?!

“Хааааар”, “ҳайвоооон” ва “девонааааашай” акнун фонди луғавии бархе ҷавонони тоҷикро “ғанӣ” гардонда, калимаҳои хуб, беҳтарин ва олиро ором-ором ҳамнишини вожаҳои архаистӣ мекунанд.

17 январ 2014, 15:47

Қаҳрамони Тоҷикистон пул мехоҳад

Дар Тоҷикистон онҳое, ки ба варзиши №1 бетаваҷҷӯҳ нестанд, ҳоло бештари сари як мавзӯъ – ояндаи бошгоҳи “Равшан”, қаҳрамони дукаратаи футболи кишвар меандешанд. Ахиран, ин даста, ки қарор буд, дар бозиҳои Ҷоми АФК-2014 аз Тоҷикистон намояндагӣ кунад, изҳор дошт, дар гирдоби мушкили молӣ уфтодаву, ширкаташ дар ин сабқат зери суол аст.

26 декабр 2013, 09:09

Наход барои анҷоми вазифаи касбӣ ҳам боздошту латту кӯб кунанд?

Хабарнигорону кормандони ВАО (СМИ) бояд “язна”-и кӣ бошанд, то латту кӯб нашаванд ё ҳадди ақалл омилони ҳамла ба онҳо ёфтаву муҷозот гардад?

20 ноябр 2013, 09:58

75-солагии Бозор Собир: Аз шоири саркаш то вассофи президент

Бозор Собир зодрӯз дорад. 75 солагии шоире, ки се соли пеш одитарин толор дар Ватан барояш дастнорас буд, дар Театри опера ва балет таҷлил мегардад.

13 ноябр 2013, 11:42

Эмомалӣ Раҳмон ин бор ба чӣ қасам мехӯрад?

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки 16 ноябр Эмомалӣ Раҳмон чӣ қасаме ёд мекунад? Боз ҳам бо номи поки Худо, ҷони ҳашт миллион аҳолии кишвар, шири сафеди модарашу дуои неки падарону модарон?

10 октябр 2013, 15:19

Дар роҳҳо эҳсоси ноамнӣ мекунам. Шумо чӣ?

Дар роҳу кӯча ҳеч гоҳе худро амн эҳсос намекунам. Чӣ ба сифати мусофир дар нақлиёт ва чӣ ба сифати пиёдагард дар пайраҳаҳо.

3 октябр 2013, 09:47

Асрори 5 октябр. Зодрӯзи президент, туҳфаҳо ва Раҳмон Набиев

Шояд дар назари аввал ҳаводисе, ки дар Тоҷикистон ба ин сана рабт мегирад, тасодуфӣ намояд, аммо вақте жарфтар менигарем, ҳамаи он аз қабл тарҳрезишуда ва хуб санҷидашуда менамояд.

21 сентябр 2013, 13:16

ВИДЕО: Баҳси мусиқӣ ва сулҳ дар осорхонаи Шаҳидӣ

Нақши фарҳанг ва мусиқӣ дар таҳкими сулҳ дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 мавзӯи мизи мудавваре буд, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии сулҳ дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ сурат пазируфт.

20 сентябр 2013, 08:49

Агар зан президент шавад, ба ҷои "Ҷаноби Олӣ" чӣ бигӯем?

Дар шашумин интихоботи президентии 22 соли ахир ба ҳайси муддаии курсии президентӣ пешниҳод шудани як зан ин суолро халқ кардааст, ки дар сурати пирӯзӣ ӯро ба чӣ сифате ном хоҳанд бурд: Бонуи Олӣ, Саркорхонум ё Хотунбузург?

11 сентябр 2013, 14:33

Рақобат: Ойниҳол Бобоназарова VS Эмомалӣ Раҳмон?

Иттиҳоди нерӯҳои истоҳотхоҳи Тоҷикистон дар баробари нафаре, ки 21 сол зимоми қудратро дар даст дорад, номзадии як ҷинси латифро пешниҳод кард.

5 сентябр 2013, 14:30

Барои Иди каду пул ҳаст, барои ручкаи интихобот не?

Барои мисол, дар ҳар хонаводае, ки аз ду бештар фарди дорои ҳаққи раъй ба сар мебарад, чортоӣ ручка ҷамъ оварда шавад...

28 август 2013, 15:36

Мусобиқаи антинаҳзатӣ: Ҳоло муллоҳои Рашт пешсафанд

Фаъолони ноҳияи Рашт низ нишон доданд, ки дар антинаҳзатӣ будан аз намояндаҳои дигар манотиқ кам намеоянд. Раштиҳо дар як ҷаласа, ки дар пасманзари мулоқоти райисҷумҳур бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор шуда ва шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дод, “пуху парах”-и Ҳизби наҳзатро бароварданд.

16 август 2013, 11:49

Номзадҳои наву кӯҳна ба мансаби президентӣ

То интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 80 рӯз ва ё чизе бештар аз он боқӣ мондааст. Аммо ҳоло танҳо исми ду номзади эҳтимолӣ ба маснади президентӣ рушан аст, ки яке аз онҳо райисҷумҳури феълӣ ва дигаре собиқ номзад ба мақоми президентӣ дар ҳафт соли пешанд.

16 август 2013, 10:44

«Дӯзахи русӣ» барои муҳоҷирон

Бахти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия боз омад накард. Онҳо боз василае дар дасти сиёсатбозон қарор гирифтанд. Мушкилашон мушкилтар ва рӯзашон сиёҳтар шуд. Агар дар гузашта зуд-зуд хабари лату кӯб, қатл ва ихроҷи ҷудогонаи онҳо мерасид, акнун онҳоро дастаҷамъӣ таҳвин мекунанд. Туда-туда мисли рама ё ғулом пеш карда ба лагерҳо мебаранд. Лагерҳои фароғатӣ не, лагерҳои мусибат ё тавре блогнависони рус гуфтаанд «дӯзахҳои хурд»…

2 август 2013, 09:20

Пешниҳод: Таппаку шири гов ҳам Ид дошта бошанд

Иди харбузаву асалу каду ва картошка ҳам хубанд, аммо ба назари ин ҷониб ба идҳои дигаре ҳам аз қабили Иди таппак, Иди бодиринг, Иди себи хубонӣ, Иди олуча, Иди шири гови зотӣ, Иди қаламфур, Иди гандум ва ғайраҳо низ сахт ниёз дорем.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!