Бахшҳо

Иқтисоддон: Зани президент миллиардҳо ҷамъ овардааст

Шермамат Абдуллозода, корманди пешини Вазорати молияи Узбакистон гуфтааст, ҳамсари Ислом Каримов миллиардҳо ҷамъ овардааст. Ин нуктаро ӯ дар як мусоҳиба ба торнамои Uznews.net изҳор доштааст.

Абдуллозода, ки соли 2004 ҳамроҳ бо хонаводааш ба ИМА кӯч баст, афзуда, ки “худи Каримов дар қасри раёсатҷумҳурӣ ройгон зиндагӣ мекунад. Пулҳояшро дар ҳисобҳои бонкӣ нигоҳ медорад. Ӯ Ислом Каримов аст, на Гулнора Каримова, ки комёбиҳояшро ба намоиш гузорад. Вай зиррак аст, пас хеле доно”.

Дар мавриди дороиҳои духтарони Ислом Каримов ин иқтисоддон афзуда, ки танҳо манзили Лола Каримова дар ИМА наздики $50 миллион арзиш дорад. “Андози солонаи ин хона 105 ҳазор доллар мешавад. Бар илова ҳақмузди хидматгорон, муҳофизон... Солона барои нигоҳдории он 500 ҳазор доллар сарф мешавад. Барои чӣ ман ин маблағҳоро ҳисоб мекунам? Барои он ки Лола Каримова дар ин манзил аз ҳами зиёд рухсатияшро мегузаронад. Хонаи аслии ӯ дар Швейтсария 50 миллион доллар нарх дорад. Бо назардошти ин дар ҳисобҳои бонкии ӯ чандин миллиард доллар аст. Ва ин танҳо як духтари Каримов. Гулнора ҳам аз ин камтар нест ва дӯст дорад, ки дар қиёс ба хоҳараш Лола, дороиҳояшро намоиш бидиҳад”,-илова кардааст Шермамат Абдуллозода.

Ба гуфтаи ин иқтисоддон, вай аз сиёсати молии Узбакистон изҳори норозигӣ кард ва аз ин рӯ дар он кишвар истодан барояш хатар дошт. "Агар аз кишвар берун намешудам, ҳоло дар боздоштгоҳи Хадамоти амният будам. Маро дар паҳн кардани маводи мухаддир, амалиётҳои молиявӣ ё ҳамдастӣ бо исломгароён ва омодагӣ ба амалҳои террористӣ муттаҳам мекарданд",-гуфтааст вай.
Мӯҳр
Чуманиёзова
Тавба клдм 100 раз, вообще инсоф ийёк ку.

сино
Хамсоя аз хамсоя ранг мегирад мегуянд.

ИНШОАЛЛОХ ЗАХРТОН МЕШАВАД У СУМОИ АЗ ХАЛК ДУЗДИДААТОН!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)