Бахшҳо
30 июл 2014 10:18Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

“Низомхон Ҷӯраев ба Қирғизистон фирор кардааст...” (ВИДЕО)

Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бино ба иттилое, ки дастраси онҳо шудааст, Низомхон Ҷӯраев -- собиқ вакили Маҷлиси вилоятӣ дар Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара ба Қирғизистон фирор кардааст. Ба қавли онҳо, ҷои Низомхон дар пайи таҳлили зангҳои телефонии ӯ бо наздиконаш муайян шудааст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди коррупсия, ки дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, айни ҳол дар робита ба фирори Низомхон Ҷӯраев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, худи ӯ аз тарафи Интерпол – пули байналмилалӣ мавриди ҷустуҷӯст.

ВИДЕОИ суҳбати муфаттишон дар бораи Низомхон Ҷӯраев

Ӯ илова кард, Ҷӯраев қабл аз фирораш дар ҳабс набуд ва танҳо аз рӯи дастхат ҳаққи берун баромадан аз ҷои истиқоматашро надошт: “Ҳаққи боздошташро надоштем, чун ӯ алакай муҳлати ҳабси пешакиро, ки қонун 18 моҳ муқаррар кардааст, паси сар намуд. Аз ҷумла, ҳангоми тафтишот дар боздоштгоҳи Маскав нигоҳдорӣ мешуд. Мо барои ӯ утоқ ҷудо кардем, меомад, парвандаашро, ки аз аз 150 ҷилд иборат аст, меомӯхт. Як рӯз пеш аз оғози мурофиа дар Душанбе буд. Баъди гирифтани даъватнома аз дасти иҷрочиёни суд ғайб задааст.”

Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара, миёнаи моҳи июни соли ҷорӣ, ҳамон тавре ки аз Русия ба Душанбе омада буд, ба таври мармуз “ғайб зад”. Ӯро, ки бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод.

Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷӯраев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷӯраев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.

Баъд аз боздошт ва оғози мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав моҳи сентябри соли гузашта дубора номи Ҷӯраев дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон кард, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.
Мӯҳр
Пайгир
Маълум мешавад, ки Низомхон Ҷӯраев танбал ва дарсгурез будааст.
Чунки аз ухдаи хондани 150 чилди парвандааш набаромада, фирор кардааст.,У боз як чилди нав- 151- ро дар саргузашташ илова кард.

Ин аком невидимка будаас ку. Э афти мугулият да бале.

шох
Бародарони азизи Озодагон бубинед,ки шахсе миллионхо сомониро горат кардааст дар озоди мемондааст ва маълум,ки ин парванда зери назорати ахли чомеа буд осонакак баромада мерафтаасту Кормандони Очонси уро назорат намекардаанд?Ин дуруги махз аст акои Абдулфатои Гоиб!Барои хамин фикр накунед,ки он чизе,ки Шумо харф мезанед дар нишасти матбуоти мардум. ба он бовар дорад,хамаи ин рафтори кормандони Шумо соату дакика дорад! Хаминро гуфтаниям,ки беадолатиро пеша накунед Худованд бузург аст, бисер одамонро таъкиб мекунед худатонро тоза метарошед ин албатта хуб нест. Шумо хам дар хамин чамъият кору зиндаги мекунед,аз камбудихои чамъият ори нестед!!Барои чи Шумо мегуед,ки хавли аз модаротон мерос мондааст? О ба ин ки бовар мекунад? Хеч гап не Шумо мансабдор хамаи чиз насибатон шудааст гуедчи хел поликлиникаро аз худ кардаед.Умуман Озодагон агар хакикат бошад??? Чоп мекунед!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)