Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 104 Ҳукми зиндони 18 тоҷикистоние, ки дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ дар Перм муттаҳам мешуданд » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 27 сентябр 2020, 08:07

Ҳукми зиндони 18 тоҷикистоние, ки дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ дар Перм муттаҳам мешуданд

29 декабр 2014, 13:48

Додгоҳе дар шаҳри Перми Русия 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта, ба муҳлати аз 5 то 22 сол равонаи зиндон кардааст.

Ба иттилои хабаргузории русии “Permv.ru” аз ин 18 нафар, чаҳорашон ба ҳайси саркардаи гуруҳ ва 14 нафари дигар ҳамчун иштирокчӣ маҳкум шудаанд. Манбаъ менависад, ин афрод гӯиё дар қаламрави шаҳри Перм бо қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, ин гуруҳи қочоқчӣ соли 2013 аз сӯи Раҳмиддин Султонов, шаҳрванди Тоҷикистон ташкил шудааст, ки ба муддати 9 сол дар зиндони низомаш шадид нигаҳдорӣ мешавад: “Раҳбарии ин “тиҷорат”-ро бародарзодаи Султонов - Хуршеди Маҳмадкарим бар уҳда мегирад ва ӯ низ дар навбати худ се нафари дигар - Алишер Ғайратов, Тоҳирҷон Додиев, Далер Тирамоҳиевро ҷалб мекунад, ки ҳар яке аз онҳо гуруҳи қочоқчиеро дар минтақаҳои Кунгур, Чернушк ва Перм идора мекардаанд”.

Бо қарори додгоҳ, Хуршед Маҳмадкарим ба муҳлати 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуда, Тирамоҳиев, Додиев ба муддати 20 солӣ ва Ғайратов ба муддати 22 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Боқимонда, 14 нафар аз 5 то 22 сол ҳукм гирифтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!