Бахшҳо
20 фев 2015 22:26Ҳуқуқи инсон

Корбурди усулҳои нави таблиғи ифротгароӣ

Амонҷон МАҲКАМОВ

Ҷаҳонгир Ҷ., сокини шаҳри Ваҳдат, ки чанд соли ахир дар шаҳри Маскави Русия сохтмончӣ шуда кор мекунад, аз таблиғи пай дар пайи, ба гуфтаи худаш, гурӯҳе аз ифротгароёни тоҷику узбак ба ҳарос афтода, маҷбур шудааст, ки бо панҷ нафар шарикаш ҷойи корашро иваз намояд.


Ба гуфтаи Ҷаҳонгир, вай ҳамроҳи сохтмончиёни дигар ҳар рӯз дар ҷойи кор, яъне майдони сохтмон намози пешин ва асрро мехонду намози ҷумъаро низ ҳар ҳафта адо мекард. Аммо ахиран эхсос намуд, ки ду ҷавони шубҳанок намозхонӣ ва ҳатто суҳбату дигар корҳои онҳоро назорат мекунанд.
- Дар аввал мо ба кору бори худ машғул шуда, он қадар ба «шпион»-ии он ду ҷавон аҳамияти ҷиддӣ намедодем, - афзуд Ҷаҳонгир. - Рӯзе баъд аз кор ба сӯйи манзили зистамон мешитобидем, ки гӯё нохост бо онҳо бархӯрдем. Онҳо бо як меҳру ихлос ва самимият ба мо салом дода, аҳволпурсӣ карданд. Ва гуфтанд, ки «шумо, бародарони азиз, ба назари мо хеле одамони ботақво ва худотарс менамоед. Мо низ чун шумо ҷонфидои роҳи Худоем. Ҳоло вақтатонро намегирем, маълум аст, ки аз кори пурмашаққати «стройка» хаста шудаед. Мо танҳо аз шумо, дӯстони меҳрубон, як хоҳиши кӯчак дорем», гуфта як китобча дода, хоҳиш кардаанд, ки аз барои Худо як маротиба якҷо ҳамроҳи рафиқон онро хонем. Боз «бо умеди дидор» бо мо хайру хуш карданд.

Ҷамолиддин мегӯяд, ки ҳамроҳи ҷавонони шариккораш бо завқ он китобчаи беному муаллиф номаълумро мутолиа кардаанд. Дар «китоб»-и мазкур оид ба таърихи ҷанги Сурия, қатли даҳшатангези мусулмонон ва дар хусуси «ҷиҳод» навишта шуда, аз ҷумла гуфта шудааст, ки «шахсе, ки даъвои мусулмонӣ дорад, бояд ё дар ҷиҳод иштирок кунад, ё сармояе дар ин роҳ сарф кунад ва ё ҳадди ақалл муъминони ҳақиқиро даъват ба он кунад. Дар ин «китоб» гуфта шудааст, ки маблағе, ки шумо медиҳед, барои ҷиҳодкунон ва аҳли оилаи онҳо сарф хоҳад шуд. Садҳо мардону ҷавонони ҷонфидои роҳи Худо, зану фарзанд ва оилаҳои худро танҳо гузошта, ба ҷиҳод рафтаанд. Ҳамаи маблағҳои ҷамъшударо ба оилаҳои ҷиҳодкунандагони ҷанги Сурия ва Ироқ тақсим мекунанд, то ин ки зиндагиашонро пеш баранд. Ва ба ивази ин амали «хайр» гӯё ҷаннатӣ хоҳанд шуд…

- Аммо ман ин «китобча»-ро хонда ба як чиз ҳайрон шудам, ки чаро «китоб» ном надорад, муаллиф надорад ва ҳатто нашриёту теъдоди нашраш зикр нашудааст, - мегӯяд мусоҳибамон. - Ғайр аз ин, матни китобча чунон самимию таъсирнок навишта шудааст, ки фикр мекунам, ки ба нафари аз асолати ислом начандон огоҳ зуд ба «фармуда»-ҳои он дода мешавад. Дере нагузашта боз дар роҳ бо он ҷавонон вохӯрдем. Онҳо моро дида, «чӣ хулоса баровардед, бародарони азиз?» гуфтанд. Аз ҳамон вақт фаҳмидам, ки он ду ҷавон аз мо чизе мехоҳанд. Якбора бо ҳамроҳонам тасмим гирифтем, ки ҷойи корамонро тағйир диҳем…

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Ч., сокини ноҳияи Қубодиён, ки қариб панҷ сол дар муҳоҷирати корӣ будааст, гуфт, ки дар Россия чунин одамон ва гурӯҳҳо кам нестанд. Ӯ итминон дорад, ки он ду ҷавоне, ки худро воситаи маблағрасон ба ҷиҳодкунандагон муаррифӣ мекунанд, қаллобанд. Онҳо ба афкори ҷавонон бо суханҳои нарму дилчасп таъсир расонидида, ба ҳамин восита пул кор мекунанд.

Саидҷон Маҳмудзода, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар яке аз мавъизаҳои намози ҷумъа гуфт, ки таблиғи ҷавонон ба «ҷиҳоди исломӣ» дар Сурия гуноҳест азим. «Таблиғгари роҳи хато сабабгори ятим мондани фарзандони фарди ба ном ҷиҳодкунанда, бева мондани зани ӯ ва дур аз пайвандон будани вай мегардад», - гуфт ин рӯҳонии саршинос.

Ҳамчунин дар ин маврид, дар маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» омадааст, ки сатҳи пасти маърифати динӣ ва ҳуқуқии баъзе ҷавонони моро дида, гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ истифода бурда, онҳоро ба мазҳаби бегонаю гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ менамоянд. Инчунин дар маҷаллаи мазкур бо таъкид гуфта шудааст: «Ҷавонони фирефташудаи тоҷик бояд огоҳ бошанд, ки ин муноқишаҳо ва муҷодалаҳо ҷалби қабилавӣ, гурӯҳӣ ва ё ба манфиати ашхоси алоҳида мебошад ва ягон рабте ба «ҷиҳод» надорад. Агар шахсе дар ин муноқишаҳо вафот кунад, ҳеҷ гоҳ шаҳид намешавад, зеро он ихтилофи ду тарафи муқобил - давлат ва мухолифон аст ва дар ин ҷангҳо асосан мусулмонон кушта мешаванд ва куштани мусулмонон ғазаби Худоро меорад».

Ба иддаои ҳуқуқшинос Саидҷаъфар Сафаров, қонунгузории аксари кулли кишварҳои ҷаҳон тарғиб ба амалҳои хусусияти экстремистидоштаро манъ карда, ҷазо пешбинӣ кардааст. Аз он ҷумла, дар Федератсияи Россия низ. Аммо тибқи моддаи 3071-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бошад, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақалл ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин вобаста ба дараҷаи хавфнокии чунин амалҳо ҷазоҳои сангинтар ҳам пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)