Бахшҳо
23 апр 2015 14:36Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон маънои калимаи "Кангурт"-ро шарҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми апрел дар доираи боздидаш аз ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баробари суҳбат аз рушди иқтисодию иҷтимоӣ маънои калимаи Кангуртро низ ба сокинони ҷамоат шарҳ додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи суҳбат дар бораи ободонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, кишт ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ изҳор доштааст, ки Кангурт аз замонҳои қадим ҳамчун зодгоҳи орифону олимон ва донишмандони соҳибмактаб эътироф шудааст: “Тибқи маъхазҳои таърихӣ ва маълумоти муҳаққиқон калимаи «Кангурт» аз калимаи «кант», яъне «шаҳр» ё «макон» ва калимаи «гурт», «гурд», яъне «паҳлавон» ё «бузург» таркиб ёфтааст. Шояд маънои дуюми калима дуруст бошад, зеро Кангурт макони кору зиндагии олимону ҳунармандон ва паҳлавонону дигар шахсиятҳои бузург аст”.

Раисиҷумҳур гуфтааст, замоне беҳтарин толибилмон ва мударрисони мадрасаҳои шаҳрҳои бузурги минтақа аз ҷумлаи намояндагони Кангурт будаанд ва фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ва даҳҳо нафари дигар дар рушду пешрафти мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқамон саҳми арзишманд гузоштаанд.

Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноогоҳии мардуми ноҳия аз тартиби нави дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ нигаронӣ кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба тартиби нави дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани хонандагон ба ин низоми муосир қонеъкунанда нест ва огоҳии падару модарон аз усули нави қабул ба мактабҳои олӣ дар сатҳи зарурӣ намебошад: “Ҳамзамон бо ин, омӯзгорон ба масъалаи интихоби огоҳонаи касбу ихтисос аз ҷониби хонандагон ва омода кардани онҳо барои ноил шудан ба ҳадафи худ кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Маҳз бо ҳамин сабаб теъдоди хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар ба пуррашавии мансабҳо ва касбу ихтисосҳо мутобиқат намекунад. Дар ин кор, пеш аз ҳама, падару модарон бояд бештар масъулият эҳсос намуда, ҳангоми интихоби касб завқу хоҳиши фарзандонро ба инобат гиранд”.
Мӯҳр
Истиклол
Бисер дуруст кайд карданд Чаноби Оли, ки Кангурт хакикатан олимхою, пахлавонони бузургро тарбия кардааст.

.
Кангурт вожаи турки аст.

Балчувони
Кангурт маънояш КОНИ ГУРГХО (албатта гургхои дупо) мебошад.

таърихчи
Маънои Кангурт дар асл аз Қунғурот гирифташудааст ва ба маънои макони зисти қунғуротҳо як қавми турктабор ё узбактабор мебошад ва бо мурури замон ба кангурт иваз шудааст. ҳоло ҳам қунғуротҳо дар ин минтақа зиёд зиндагӣ мекунанд.

Хай бахили накнен Кангурт дар асл зодгохи пахлавонону олимон АСТ! Танхо аз Кангурт че нафар кахрамони Иттифоки Совети бароиадааст Ин Шарафи каннгуртихост

Дар байни узбакхо халкияте хаст бо номи "к,унгирот". Шояд дар ин деха замоне онхо зистаанд ё холо зиндагони доранд.

Dev
.,
Shoyad vozhai turki boshad, vale dalel ku? Chi mano doshtas?
Истиклол,
Olimhoi Kangurta millat nadid!

Худо сафи гургхои ду пои гангуртро зияод куна
Мардой банангу ор дора кангурти мо аз авал кангурти
Моро мулки бедар сохтияан (мо мехмон дустем) бародархо

Миллат
Аз навиштаи баъзехо нафрат ба пораи Ватан ва миллат бараъло намоён аст. Оё Кангурт чузъе аз Ватани Шумо нест? Ба ин махалбадбиниатон ба чое намерасед. Бахилиатон маълум шуд. Маънии номи Гурдофарид чист медонед? Дар Кангурт, кунгуротхо хеч вакт набуданд ва нестанд. Ину ваймон аз худамон нест гуфта, Синоро кариб аз даст додед беномусхо. Акнун Хочи Хусайну гузаштагони уро низ ба Туркхо доданиед? Мурдани чунин Ватандорхо бех а не Озодагон. Мард боши чоп кун. Чоп, ки карди Ватандуст буданатаро мефахмем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)