Бахшҳо

Ифшои 4 фолбин дар Суғд: Фол-15 сомонӣ, бахткушоӣ-150

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ифшои 4 фолбини “сеҳру ҷодугар” дар вилояти Суғд хабар доданд, ки аз 3 то 27 сол собиқаи корӣ доштаанд.

Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, яке аз боздоштшудаҳо -- Саидаҳмад Саидкамолови 38-сола, зодаи ноҳияи Мастчоҳ мебошад, ки тайи 12 соли охир ба сеҳру ҷоду машғул будааст: “Аз ҷумла Саидаҳмад дар маслиҳат бо Гулбоева Гулчеҳра, сокини 45-солаи ноҳияи Зафаробод аз як сокини шаҳри Истаравшан бо баҳонаи он, ки ӯ дар доми ҷоду гирифтор аст ва бояд халосаш кунанд, аз ӯ як гусфанд, 100 доллар ва 400 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтаанд”.

Саидаҳмад гуфтааст, ҳунари фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро аз падару бобокалонаш мерос гирифтааст.

Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, фолбини дигар Гулҷаҳон Худошукурови 50-сола, зодаи шаҳри Истаравшан давоми 27 соли охир сеҳру ҷодуро пеша кардааст: “Дар шаҳри Хуҷанд як хонаро ба иҷора гирифта, барои хизматрасониҳояш аз 15 то 150 сомонӣ мегирифтааст. Дар нархномаи муайянкардаи ӯ фол-15 сомонӣ, гардон-15 сомонӣ, бахткушоӣ- 150 сомонӣ, банка-120 сомонӣ, укол-1,8 сомонӣ ва массаж тайи 10 рӯз 120 сомонӣ нархгузорӣ шудааст”.

Аммо худи Худошукурова мегӯяд, ҳаққашро вобаста ба инсофи корафтодагон мегирифтааст, чун ӯ иҷоранишину модари танҳо буда, бояд ду писарашро хӯронаду хононад.

Дар ин қатор ҳамчунин фаъолияти Ҷаҳонгир Аламуродови 24-сола ошкор шудааст, ки дар зодгоҳаш, ноҳияи Спитамен муддати се соли охир ба сеҳру ҷоду машғул будааст. Манбаъ мегӯяд, аз Аламуродов беш аз 50 сурати афроди гуногун дарёфт шудааст, ки ба гуфтаи худи ӯ аксҳои корафтодагон мебошанд: “Ӯ барои барқарор кардани муносибатҳои оилавӣ, муолиҷаи безурётӣ, тумор, кушоиши кору гарму хунук кардан кӯмак карда, аз 5 то 100 сомонӣ ҳаққи хизмат мегирифтааст”.

Мақомот аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ба чунин “фиребкорон” бовар накунанд ва дар сурати дарёфти иттилоъ аз фаъолияти онҳо ба ниҳодҳои дахлдор хабар диҳанд.
Мӯҳр
Дар Рушон Киргизбегим ном зан аз Дерушон сохо боз мардумро бо бахонаи ефтани сехру чоду ахмак карда гаштаст. Аз 300-500 сомони кам намегирад. Вале амнияту прокуратураву милиса гуе чизеро намебинанду намешунаванд.

Гарчанде, ки аз тарики телевизионхои чумхури сирри чунин фиребагарон фош карда шуда буд, аммо боз хастанд афроде, ки то хол ба ин кор машгуланд. Дар махалаи 84 нохияи Сино гузаргохи 1 хонаи 4 як фолбине бо номи муло Саид фаъолият дорад ва аз субхи барвакт то торикии шаб шахрвандони гумрох навбат меистанд. Ба баъзеашон хатто навбат як ё ду руз тул мекашад. То индам ягон чорае нисбати у дида нашудааст ва 99 дарсади онхо занхо мебошанд. Бар замъи ин хамаи ин занхо бо сару руи пушида "сатрпуш" хастанд. Дар холе, ки сару садохо нисбати занони сатрпуш дар шахр бисер пахн шудааст,..... шояд ин гуна занхоро дар назар доранд. Хуб мешуд аввал чораи ин "муло" баъдан аз сари чунин занхо сатр гирифта шавад, то ки дини мубини исломро бадном накунанд.

Олам
Оххх БоракАллох! Бехтарин кор! Хамин харомхурхои чодугаронро тезтар хаммашонро несту нобуд кунед олам гулистон мешавад. Ташакур ба кормандони хифзи хукук!Палла,

Офарин Паллабой.
Дар махаллаи мо- 33 хам чунин каллобзан пайдо шуда буд, аз афташ 30-40 нафарро ба дом афтонд, маблаги хангуфте кор карду гайб зад. Мардум ному насабу чои зисти каллобонро ба кудратихо ифшо кард, боз чи кор кунанд- рафта боздошту говсуд кунанд? Конуну конундорон чи кор мекунанд?

Итари майда чуйдаша чко менен каташа бкапен ба амитари звани грфта то генерала шиден дигарорам омухта каден

точик
Агар фолбину муллоги рост мебуд ин мошенникхо кайхо миллионер мешуданд. Муллогиву фолбини ин як намуди фиребгариви аст. Дар Шурави инхоро муфтхур мегуфтанд. Вале шумораашон ба маротиб кам буд, зеро аксари мардум басавод буд. Холо ки сафи бесаводон зиед шудаааст, бозори муллову фолбин гарм шуддаст. Бояд ба ин гуна шахсон чазои махрумият аз озоди мукаррар кард, то ки сафашон кмтар шавад. Зеро мардумро гумрох карда оилахоро пош медиханд. Точик зудбовар аст сухани муллову фолбинро бо оби тилло менависад.

Абдуллох
Э мардум бедор бошен, Худованд акл офаридаст, хар мушкиле бар сари шумо биёяд, аз Худо талаб кунед чуз Худованд бузург ва кудратманд нест, ман намедонам имруз мардуми моро чи бало зад ба хар коро машгул мешаванд, одами боакл ба ин коро машгул намешаванд. Худованд хамаи моро хидоят кунад омин.

Палла,
Палла,
Ку дар шабаки 1 биереш, чи тари занакай? Мо хам бифахмем ки и тари занхо зие шида истанд дар махали мо. Илтимос, агаи милисаи Рушону КГБ, як бор нишонуш тен.

Бурда хамашона говсуд кунанд ин фолбину чодугархо хаёти одамора асосан рухан вайрон мекунанд, хатто якхелашона ХУКМИ КАТЛХАМ диханд хато намекунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)