Бахшҳо

Холаи Сабзамоҳ: Таъна мезананд, ки писарат дар Сурия аст (АКСУ ВИДЕО)

Як зану шавҳар аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) мегӯянд, баъди ба Сурия рафтани писари бузург ва бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи экстремистӣ боздошт шудани фарзанди дувуми онҳо, зиндагиашон мушкил шуд.

Ба қавли Сабзамоҳ Миралиева дар ҳама ҷо таънаашон мезананд ва наметавонанд, коре пайдо карда, зиндагии худро пеш бубаранд: “Вақте барои нафақаам меравам, писарат дар Сурия гуфта, нафақаамро намедиҳанд”.

Шамсимад Назаров, шавҳари Сабзамоҳ низ мегӯяд, муносибати мақомоти маҳаллӣ бо онҳо хеле сард аст. “Мо террорист нестем. Наход Ҳукумат бо мо чунин муносибат кунад? Наметавонам коре пайдо карда, аққалан 200 сомонӣ ёбаму зиндагиро пеш барам”,-ҳасрат мекунад вай.

Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писари бузургаш Амрияздон, ки 26 сол дорад, ду сол қабл бедарак шуд ва баъдан хабари пайвастанаш ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ расид. Ҳоло намедонанд, ки ӯ зиндааст ё мурда. Писари дуюми онҳо – Алимардони 24-сола соли 2015 бо пешниҳоди як дӯсташ барои кор ба вилояти Суғд меравад: “Вақте кормандони амният моро даъват карда, гуфтанд, ки писари калонатон дар Сурия аст, моҳи июни соли 2015 писари дуюмам барои пеш бурдани зиндагӣ ба Истаравшан рафт. Як дӯсташ бо номи Даврон ба Алимардон гуфтааст, ки онҷо дар як завод ба ҳайси назоратчӣ ба корат мемонам”.



Ба қавли ӯ, писараш аз ноҳия ба Душанбе ва аз онҷо ба Хуҷанд меравад, аммо шабона боздошташ мекунанд. 29 декабри соли 2015 додгоҳ ӯро дар узвият ба гуруҳҳои ифротӣ муҷрим шинохта 10 сол равонаи зиндон мекунад: “Ин писарам донишгоҳи технологии Кӯлобро хатм карда буд, аммо бо сабаби хира шудани нури чашмам дар назди духтур табобат мегирифт. Сутунмуҳрааш ҳам каҷ буд”.

Шамсимад Назаров мегӯяд, мутмаин аст, ки Алимардон гуноҳе надорад ва иштибоҳан пушти панҷара рафтааст.

Амрияздон

Холаи Сабзамоҳ: Таъна мезананд, ки писарат дар Сурия аст (АКСУ ВИДЕО)

Алимардон
Холаи Сабзамоҳ: Таъна мезананд, ки писарат дар Сурия аст (АКСУ ВИДЕО)

Амрияздон ва Алимардон (акс аз албоми тифлӣ)
Холаи Сабзамоҳ: Таъна мезананд, ки писарат дар Сурия аст (АКСУ ВИДЕО)

Мӯҳр
мохира
Сад хайфи чавонони зебо, наход ки хукумат пеш аз оне ки чавононро ба панчара мекашан,якум бор бояд огохонидан лозим ,вакте ки такрор кард дар он холат ба хабс гирифтан мумкин аст, базеи чавононро дар гурури чавони хато намедонанд дар кадом рох рафта истодаян бе огохиву фахмондадихи чавононро паси панчара кашидан баракс бадбинии чавонон нисбат ба хукумат меафзояд чавононро бояд бо варзиш ва ягон касб чалб кунем, аз бекориву бехукукии чавонон базе душманони милат истифода мебаранд, сад хайфи милати орийоии точикам!!!

Инхо бояд шкиоят аз тарабияи нодурусти худ кунанд, ки фарзандони хешро дар руыияи ватандусти ба воя нарасонидаанд. Миёни мардум як шеъри халки аст...
Хишти аввал равад меъмор кач.
То ба охир равад девор кач.

Модаро Дидед Бетавачухи нисбати Фарзанд Кучо мебарад Ма дар Пойтахт бисёр Чавононро мебинам,ки
Акидаи Ифроти доран лекин Падар Модар аз инхо бехабар хастан

nabi farhor
Чавон ба Сурия рафт вай беакли кард.Кадом Модар мехохад писараш аз наздаш дур бошад.Касе,ки чиноят мекунад,бигзор чавоб гуяд.Модар чи гунох дорад,ки маъоши вай ро намедиханд.

мехмон
Ба кирдори шахрвандони болиг падару модар ва наздикон чавоб намедиханд. Чунки мувофики сарконун хар як шахрванд баъди ба балогат расидан рохи худро мустакилан интихоб мекунанд. Агар ин падару модар ва бародар ба кори якуми шарик бошанд динар гап. Аммо чавонони мо то синни 18 солаги расидан умумуман аз саводи дунявию динни надоранд. Хар як сухани чозибанок онхоро ба тарафи худ мекашад. Имомхатибони нохияу кишлокхо саводи казои надоранд. Ва ба як саволи одди чавоб дода наметавонанд. Ин сабаб хаст ки онхо тез ба гуруххои дигари ифроти дохил мешаванд.

Саломшохиддин
Аз номаш маълум аст, ки Сурия рафтааст..Амри Яздон ки бошад, аник Сурия рафтааст то ари Яздон яъне чиходро амали кунад...номаш ифрогароёна аст, ки худаш аник террорист аст..ана хамин хел бо хешу табораш муносибат крад то барои дигарон даср шавад...хози як бечора 100 грам арак хураду хоб равад ба касе кор нагирад мо хонаи у намеравем, чаро сурия одамкуши мераванд мо бояд бо онхо дусти дошт а бошем...дуруст аст ради маърака шаванд бояд онхо..

синои кулоби
Саломшохиддин,
Ба фикрам арақро дуст медори на ватанрову на миллатро.

гариб
Саломшохидин:
Рузи модари гамдидаро дар сарат биёрад! баъд мефахми. Худованд раъди маъракат кунад! ба ин суханхои навиштаат!

Эй чавони содда, каллаи точиконаатро истифода набурди, ки Хучанд рафтиву ба доми фиреб афтоди. Як кас бошад, дустатро бо номи Даврон рахбари кунад. Аслан ин гуна холатхо аз руи мушохида зиёд шуда истодаанд. Ба дустии баъзе агар кушанд хам бовар намекунам, чунки эътммодамро ба ин гуна ашхоси хизмати хирсона мекардаги аз даст додаам. Падару модари азиз, чавон ку дар рухияи дигар тарбия ёфтааст, бо соддаги ба худаш дуст пайдо кардааст, худи Шумо чи, чаро аклатонро ба кор наандохтеду чилавгири аз он кунед. Мардуми мо то дируз аз конститутсия дастгири мекарду чоннисорихо кард. Имруз дар тули 5 - 10 сол бовар намекунад,ки идеяашон тагйир ёфтааст. Ва ин дар акли ман хич намегунчад. Бошад,ки ингуна домандозихо то болохо нарасад.

Эй чавони содда, каллаи точиконаатро истифода набурди, ки Хучанд рафтиву ба доми фиреб афтоди. Як кас бошад, дустатро бо номи Даврон рахбари кунад. Аслан ин гуна холатхо аз руи мушохида зиёд шуда истодаанд. Ба дустии баъзе агар кушанд хам бовар намекунам, чунки эътммодамро ба ин гуна ашхоси хизмати хирсона мекардаги аз даст додаам. Падару модари азиз, чавон ку дар рухияи дигар тарбия ёфтааст, бо соддаги ба худаш дуст пайдо кардааст, худи Шумо чи, чаро аклатонро ба кор наандохтеду чилавгири аз он кунед. Мардуми мо то дируз аз конститутсия дастгири мекарду чоннисорихо кард. Имруз дар тули 5 - 10 сол бовар намекунам,ки идеяашон тагйир ёфтааст. Ва ин дар акли ман хич намегунчад. Бошад,ки ингуна домандозихо то болохо нарасад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)