Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 28 май 2017, 08:05

Фирӯза ними ҷигарашро ба модараш дод, аммо барои дору пул надоранд

16 август 2016, 09:23

Наздикони Хайриниссо Охунова, ки ахиран дар шаҳри Душанбе ҷарроҳии пайвандсозии ҷигарро пушти сар кардааст, барои харидани дору аз мардуми саховатманди кишвар ёрӣ мехоҳанд.

Комила Ҳайдарова, духтари Хайриниссо ба “Озодагон” гуфт, ду ҳафта қабл табибон як ҳисса ҷигари хоҳараш Фирӯзаро ба модараш пайванд кардаанд: “Шукри Худованд ҷарроҳӣ бо муваффақият анҷом шуд. Акнун баъд аз ҷарроҳӣ доруҳо лозиманд, ки аз Русия бояд дастрас кунем”.

Ба гуфтаи Комила, нархи ин доруҳо хеле гарон буда, хонаводаи онҳо имкони харидории онҳоро надорад: “Аз ин рӯ аз ҳамватанон хоҳиш дорам, каме ҳам бошад барои мо кумаки пулӣ расонанд”.

Комила Ҳайдарова афзуд,нафароне, ки тавони ёрӣ додан доранд, метавонанд бо телефони (+992) 915 15 23 22 тамос бигиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хайрхох

  • 17 август 2016 09:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум. Ташаккури зиед корбарони сомонаи ОЗОДАГОН. Иншоаллох барои эълон кардан Худованд ба шумо ачр ато мекунад. Аз хама хамватанон хохиш дорам, ки агар касе ин эълонро мехонад аккалан 50 сомони кумак кунад, Иншоаллох барои доруворишон чамъ шуда кифоя мекунад. Биеед кутохи накунем ва камари химмат бубандем. Он кадар маблаги зиед нест, чи гуфтед ХОНАНДАГОНИ ОЗОДАГОН?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ки медонад ки ин пул ба кисаи кадом мошеник ё духтури порахур мегузарад. Чиба ки духтурои чаррох пули кадон барои чарохи мегирану боз шарм надошта аз мардум садака талаб мекунан. Тибки конститусия табобат ва чарохи ройгон аст вале ин дар когаз хай майли пулша гирифтен то охир табобат кунен дорухоша харидори кунен
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмоил аз Има,
Бародар барои чаррохи кардан аз мо маблаг нагирифтаанд, ман аз докторхои ин клиника бехад миннатдорам.
Худаш дорувори кимматаст. агар тавонед бародар ба хамин номери боло навишта шуда тамос гиред.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!