Бахшҳо

Ронандаи зӯру “баднафс”-и дигаре дар хатсайри 28: Гурехтагӣ “р...х” будай...

Мусофирони хатсайри 28-и шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки дар рӯзҳои иди гузашта, бархе аз ронандаҳои ин хатсайр то нимароҳ низ 2 сомонӣ роҳкиро талаб мекарданд.

Раҳматулло Одинаев, сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар арафаи Иди Қурбон қариб ҳамаи ронандаҳои хатсайри 28 то ними роҳ ду сомонӣ талаб мекарданд: “10 сентябр дар бозори Корвон аксари мусофиркашҳои хатсайри №28 ба ҷойи 80 дирам то бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ 2 сомонӣ талаб менамуданд. Кондукторҳо вақти даъвати мусофирон огоҳ мекарданд, ки то ГАИ ду сомонӣ ва мусофироне, ки норозӣ буданд, кондукторҳо таъкид мекарданд, то савор нашаванд”.

Одинаев афзуд, мо савори мошине шудем, ки кондуктораш арзиши роҳкиро эълон намекард: “Бинобар ин бо дӯстам дар ин микроавтобус, ки рақами қайди давлатиаш 04-43 тт 05 буд, савор шудем. Хостем ба маҳаллаи “Политехникум” равем, вале кондуктор то истгоҳи РБДА 2 сомонӣ талаб кард. Ҷанҷолу хархаша дар дохили старекс шурӯъ шуд. Кор ба ҷойе расид, ки кондуктор ба ронанда амр кард, ки нақлиётро нигаҳ дорад, то мусофирони «саркаш»ро фароранд. Чанд мусофири норозиро аз мошин фаровард. Ман ишора кардам, ки қазияи ҷазои як ронанда ва раиси ҷамъият бароятон дарси ибрат нашуд? Ронандаро ҷарима карданду кондуктор гурехт. Ронанда дар ҷавоб гуфт, он ронандаю кондукторе, ки ҷарима шуданд, ё гурехтаанд «р..х будай» ва исрор мекард, мусофирон ду сомонӣ пардохт намоянд”.

Одинаев мегӯяд, дар пайи ин қазия ба рақамҳои боварие, ки дар дохили мусофиркаш насб шуда буд, занг зад: “Баъди чанд соат масъули ҷамъияти «Нақлиёт» ва худи ронанда ҳам занг зада, хоҳиш карданд, ки ба идораи дахлдор занг назанем ва ин мавзӯъро расонаӣ нанамоем. Вале мо розӣ нашудем”.

Одинаев гуфт, шаҳрвандон бояд ҳақталошӣ кунанд, то ронандаҳо густохона ҳақашонро нақз накунанд: “Қарори шаҳрдориро поймол менамоянд, аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанду бар замми ин, дар старексҳо ҳам пулчинак мегиранд, ки ҷанҷолро ин нафарон мехезонанд”.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи чунин як қонуншикании ронандаи хатсайри 28 ахиран Бародмат Муродов, раиси ҷамъияти “Нақлиёт” дар суҳбат бо “Озодагон” ваъда дод, ки назорати тартиботро дар ин хатсайр пурзӯр мекунад.
Мӯҳр
Назорат нест Пулис Кҷора нигоҳмекни .Ҷиноят дар пешат.Хама порахури Хаст.Ифлоси

ЧСК "Наклиёт" ба Хуршед Курбон - сардори Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар сохаи наклиёти Вазорати наклиёти ЧТ муттаалик аст...

умед
бисёр хуб мешуд, хатсайри раками 8, 16-ро назорат мекарданд, ки ронандогон ва кондукторхо аз мусофирон бо суханхои ночо меравед пурсон мешаванд.

Дар даврони шурави агар ба тролейбус хамчун "зайчик" савор мешудиву дохили он семичка мехурди контралер не занхои рус аз гушхоят гирифта аз дар берунат мекарданд. Ахсант бар ин бародар хукукхояшро медонистааст. Хар як сокин агар хаминхел рафтор кунад ин кондукторхову ронандагон хатто раисони чамъиятхо низ ба низом медароянд.
Одамонро фахмидан киин. Вакте маршрутка манъ карду дидед ки пур аст нашинед мон равад. Холияш омад шинед.!! Агар ронанда фахмад ки халк ба маршруткаи пур намешинанд барои экономи сузишвори дигар манъ намекунад мошинашро.

Инашро хам чарима кунанд !!!!!!

Дуруст аст, мо барои ҳар дирам бояд талаб намоем. Ин зихнаги не, балки кӯшише барои риояи қонун аст.

Ягон конуни чазо дида бароян барои хамин гуна ронанда ин доги Руз аст.

Бояд мардум аз ин старексхо даст кашанд ба тролейбусхо гузаранд 70 дирам хеле хуб мешуд арзон кризис худнамоиштиера кам кунанд камтар пиеда гарданд ба саломати фоидаовар кани корупция милиция гаи ва дигар ташкилотхо дахлдор рейдхо гузаронда аз ин ронандахои баднафсу каллобу саркаш ва гадохое ки рузи дароз мераванду мебиенд яьне бо ном кондуктор делахои чинои кушода шаванд

Комил
Вой бар ҳоли ин давлату ҳукумвт, ки қонуни онҳоро ҳатто ронандаҳои мусофиркаш писанд намекунанд. Э вой бар ҳоли ингуна давлатдорӣ.


Мехмон
Ҳамин старексхо дар байни рох одамора мефуроран ва савор мекунан. Ягон назорат хаст? Инро бояд кӣ назорат кунад? Ягон коидаи харакатро риоя намекунанд. Бояд хамаашонро аз нав имтихон гиранд. Маромномаи сокини пойтахтро омӯзонанд. Одоби муоширатро ёд диҳанд. Охир инҳо симои пойтахтанд.

Рости дар Душанбе дар хама самт маданият паст аст. Аз Хучанд омузед! Чун ки ончо хам риояи конун хасту хам ахлок. Пойтахт аст охи Шурохои чамъияти, муллохо, полисон назорат баран, вазифашона ичро кунан, мухимаш нонашона халол карда хуранд.

гуреза
Руи хамин хел чамъияти наклиётхо сиёх. Ронандахое, ки мехоханд ба чунин чамъиятхо аъзо шаванд, аз 200 то 800 доллар пора медиханд. Вагарна кабул намешаванд. Бечора ронандахо дигар чи кор кунанд? Сари хар кадам ГАИю литзензияхо истодаанд. Агар хакашонро надиханд, сад айбашонро меёбанд. Хамин чамъиятхо куртахои кабуде, ки ронандагон пушидаанд, 50-60 сомони мефурушанд, ки дар бозор хамин гуна куртаро ба 5 сомони хеч кас намехарад. Як бор дар ин мавзу хам нависед? Ин ронандагон аз чон безор шудаанд. Аз мастишона ба чунин кор даст намезананд!!!!

Дар хатсайри 28 новобаста аз масофа 1с60д мебошад

Ин хела холатхо бисёр ба назар мерасанд. Рузхои якшанбе агар ба бозори корвон равед ба ин хела холатхо бештар дучор мешавед. Ронандахо бо пулчинакашон то нимарох 2 сомони талаб менамоянд. Як рузи якшанбе аз бозори корвон то 46 мкр 2 сомони ва то калинин 3 сомони гуфтанд ман савор нашудам.

Чаро рохбари чамъият мусофирбари 28 хомушаст!

Мусофир
Гап сари он меравд, ки шумораи зиёди мардум имруз маблаг надоранд аз ин хотир карори кабулкардаи шахрдориро риоя ва кабул мекунад агарна хамонхо хам мефахман ки ронандахо дар азобанд. Аммо тарафдори онам ки барои ин гуна ронандахои ки дар нимарох аз мошин мусофиронро фарофардан, конунро риоя накардан бояд аз кор бо чаримаи калон пеш кардан лозим ва хатмист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)