Бахшҳо

Ҳукми 13,5 соли зиндони се корманди пулиси ноҳияи Фархор

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси ноҳияи Фархорро, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешуданд, содир кардааст.

Наздикони яке аз ин кормандони пулис имрӯз, 8 феврал ба “Озодагон” гуфт, додгоҳ Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатовро, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекарданд, ба муҳлати 4,5 солӣ равонаи зиндон намуд.

Парванда алайҳи Акрамшоҳҷон, Саид ва Меҳроб бар асоси шикояти як сокини Фархор, ки иддао кард, дар пайи як баҳси хонаводагӣ кормандони пулис фарзандаш Парвиз Ҳабибовро ба идораи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бурда, мавриди латту кӯб қарор додаанд, боз шуд. Дар шикоят гуфта мешуд, дар пайи ин латту кӯб қабурғаи Парвиз шикастааст. Аммо Акрамшоҳҷони Абдулло, яке аз се корманди милиса дар муроҷиатномае унвонии Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон изҳор дошта буд, дар латту кӯби Парвиз Ҳабибов даст надорад.

Дар ин муроҷиатнома, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” гардид, гуфта мешуд, 29 марти 2016 дар мавриди муноқишаи оилавӣ дар хонаводаи Парвиз Ҳабибов муроҷиат шудааст. Ӯ мегӯяд, бо ду ҳамкораш дар руйхати гурӯҳи фаврӣ номнавис шуда, на аз пеши худ, балки тибқи супориши раҳбарияти ШКД-и Фархор ба манзили Ҳабибов рафтаанд. Тибқи ин муроҷиатнома, ба ҳабси пешакӣ гирифтани Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатов баъди он сурат гирифт, ки онҳо бо супориши раҳбарият Парвиз Ҳабибовро аз хонааш гирифта, барои ҷанҷоли оилавияш ба ШКД-и ноҳия овардаанд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки ин баҳс нахуст дар додситонии ноҳияи Фархор баррасӣ шуд ва ҷонибҳо ба созиш расиданд, аммо Ҳабибов ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурдааст. Додситонии кулл нисбат ба Акрамшоҳҷони Абдулло ва ду ҳамкораш бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ-147, қисми 2 бандҳои “а”, “б” (ғайриқонунӣ даромадан ба манзил) ва 316 қисми 3 банди “а” ( баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда боз намуда, баррасии онро ба уҳдаи додгоҳи вилоят вогузор кард. Ахиран, Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон се корманди собиқи пулисро муҷрим шинохта ва ҳар кадоми онҳоро барои 4,5 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)