Бахшҳо

Аъзои ҳукумат, мақомоти додгоҳӣ... Кӣ барои пинҳон намудани душаҳрвандӣ муҷозот мешавад?

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки муҷозоти афродеро, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин шуда, шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, қабул кард.

Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзи худ аз ин тарҳ пуштибонӣ карданд. Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, ки лоиҳаи мазкурро муаррифӣ кард, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин банд ба аъзои ҳукумат, сарвазир, муовинони нахуствазир ва онҳое ки ба мақомоти додгоҳӣ таъин мешаванд, дахл дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ояндаи наздик бархе аз ниҳодҳои дигар низ шомил гарданд.

Рӯзи 10 апрел тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Шӯрои палатаи поёнии парлумон баррасӣ гардид. Он замон Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи маҷлис оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳадафи ин тағиру иловаҳоро “пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст” унвон кард.

Ба гуфтаи Насриддинзода, дар робита ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5011 бо мазмуни зерин илова гардид: “Моддаи 5011. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар: Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.

Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муайян гардидааст ва мансабдоре, ки доштани шаҳрвандии дигар кишварро пинҳон мекунад, то 1500 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.

Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон имрӯз, 12 апрел дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон ҳоло танҳо бо Русия созишномаи доштани душаҳрвандӣ дорад. Ӯ афзуд, механизми ошкор намудани душаҳрвандӣ душвор аст, зеро баъзе кишварҳо ҳангоми додани шаҳрвандӣ талаб намекунанд, ки шахс аз шаҳрвандии аввали худ даст бикашад. Бо ин ҳол вай афзуд, масъулияти ошкор кардани шаҳрвандии нафаре, ки ба вазифаҳои хизмати давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, ба души онҳоест, ки ӯро ба кор мегиранд.
Мӯҳр
Рашид
Дар Вазорати корхои хоричии Точикистон 10 фоиз сохиби шахрвандии Федератсияи Россия мебошанд, ки то хол кору фаъолияти худро идома дода истодаанд ва дар вазифахои баланду поён.....чаро касе инро пайгири намекунад.....озоди хохиш менамоям чоп кун

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ аз шумули идораҳоеанд, ки асосан бо сирру асрори давлатӣ сару кор доранд. Биноан, кормандони хурду калони ин ниҳодҳо доштани шаҳрвандии дигар мамлакатро бояд ҳатто орзу накунанд. Дар замони шӯравӣ пас аз аз кор рафтан аз ин идораҳо кормандон то панҷ сол ҳуқуқи ба хориҷа рафтанро надоштанд. Либерализм кори хуб аст, вале дар ҳама кор тартибу интизом ва нангу номуси миллӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Мо баъзе чизҳоро боядки аз ҳамсоягони наздики худ омӯзем. Аз ҷумла, афғонҳо ин хел як матал доранд: " То як нафар афғон аст, инҷо Афғонистон аст!" Тавре мегӯянд, ба шарҳ ҳоҷат нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)