Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:19

Маслиҳати Шӯро ба марде, ки барои розигии модар нияти талоқи ҳамсарро дорад

8 июл 2017, 10:24

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба марде, ки барои розигии модараш дар фикри ҷудошавӣ аз зану фарзандонаш аст, маслиҳат додааст, ки аз нияташ баргардад.

Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо ба ин ниҳод марде муроҷиат карда, арз доштааст, ки “бо баъзе сабабҳои оилавӣ модарам ҳамсарамро нағз намебинад, пас аз ҷанҷоли бисёр модарам гуфтанд, ки оилаатро гирифта ҷудо зиндагӣ кун. Айни ҳол алоҳида зиндагӣ дорам, бо модарам рафтуомад дорем, бахшиш ҳам пурсидем, лекин аз ҳамсарам киноя мекунад, дар дилашон кина доранд ва ҳатто фарзандонамро он қадар нағз намебинанд, вақтҳои охир бо ман ҳам хуб сухан намекунад. Ман модар ва оилаамро дӯст медорам, дили модарам наранҷад гуфта, дар сарам фикри ҷудо шудан аз занам чарх мезанад. Лутфан ба ман маслиҳат ва роҳи ҳалли ин масъаларо фаҳмонед, чунки ба масилиҳати шумо бисёр муҳтоҷам”.

Дар посух Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ин мард барои розигии модар набояд хилофи фармудаҳои шариат ва Русули Худо амал кунад: “Бародари азиз, некӣ кардан ба падару модар дар зиммаи фарзандон воҷиб аст, хоҳ зинда бошанд ё набошанд. Некӣ ба онҳо дар зинагиашон ба даст овардани ризо ва хушнудии онҳост, модоме ки бар хилофи дастуроти Худованд амр накунанд. Агар онҳо фарзандро ба коре амр кунанд, ки мухолифи фармудаҳои шариат бошад, дар ин ҳолат итоати онҳо воҷиб намешавад. Шумо бо ҳамсару фарзандонатон низ муомилаи нек дошта бошед, ҳаргиз фикри ҷудоӣ аз ӯро накунед, зеро ин кор хилофи дастуроти Худованд ва Расули ӯст. Гоҳо инсон ба имтиҳонҳои вазнини зиндагӣ мубтало мешавад, вале ба он таслим набояд шуд, баръакс муъмини комил бояд барои комёбӣ талош намояд, яъне ризои модарро ба даст оварад ва сарпарастии зану фарзандро низ ба дӯш дошта бошад. Худованд шуморо комёб гардонад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъзе мардхои точик ба фанатизм гутида, хакикатан хам, мохияти дини Ислома сарфахм нарафтаанд. Маркази исломи чавоби хуб додааст. Лекин барои марди боандеша зарурат ба ин хел саволгузори вучуд надорад. Мусулмони комил хеч вакт барои розигии модараш шуда фарзандашро зиндасагира намекунад! Хой, нафари "панчвактнамоз", хаминро фахм, охир...
Посух додан
  • шариф

  • 10 июл 2017 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин неъмат дар чунин холатхо сабр аст бародари азиз хамааш хуб мешавад.
Посух додан
  • Дилшод

  • 10 июл 2017 14:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин фатво! Худованд Шурои уламоро дар хифзаш нигох дорад!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!