Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:39

Чаро алайҳи мизоҷ парвандаю нисбати бонкдорҳо не?

7 октябр 2017, 10:13

Мақомоти милиса алайҳи як мизоҷи “Тоҷпромбонк” барои сари вақт барнагардондани маблағи бонк парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми октябр иттилоъ дод, кормандони милиса марди 61-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро боздошт намудаанд. .

Манбаъ мегӯяд, муттаҳам 22-юми декабри соли 2014 аз “Тоҷикпромбонк”-и ноҳияи Файзобод тариқи шартномаи қарзӣ 120 ҳазор сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 24-моҳ қарз гирифтааст: “Аммо то ҳол ин маблағро барнагардонидааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мизоҷ дар ҳолест, ки бонкҳои калони Тоҷикистон, аз ҷумла Тоҷикпромбонк, Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк маблағи пасандози садҳо мизоҷашонро бозпас надодаанд, аммо мақомот то ҳол дар мавриди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи бонкдорҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон ҳеч иттилое надодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шамсуддин

  • 8 октябр 2017 20:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат дуруст кайд кардед.То хол мо хам пулхои худро аз Агр.Инв.гирифта наметавонем.Вале касе аз кормандони Агр.Инв.бонк парвое надоранд.Ждат карда шиштем чи мешавад.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!