Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:13

“АП”: Набераҳои Ҷаббор Расулов қасд доранд, шаҳрдории Душанберо ба додгоҳ бикашанд

19 октябр 2017, 09:10

Набераҳои Ҷаббор Расулов, раҳбари Тоҷикистон дар солҳои 60-70-и асри гузашта аз интиқоли қабри ӯ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба иддаои онҳо ҳеч яке аз се фарзанд ва чор набераи Расуловро дар мавриди интиқоли қабр огоҳ накардаанд, менависад хабаргузории “Азия Плюс”.

“Дар Душанбе ба таври пинҳонӣ бидуни огоҳ сохтани фарзандону набераҳо ва дарёфти розигии онҳо қабри бобои маро интиқол додаанд. Ҳоло ман ин хабарро ба модарам намерасонам, зеро вокуниши ӯро тасаввур карда наметавонам”,-навиштааст Ирина Тихонова, набераи Ҷаббор Расулов дар саҳифаи Фейсбукаш.

Хонум Тихонова дар идома афзуда, агар онҳоро огоҳ месохтанд, ҷасади бобояшро ба Маскав интиқол дода, онҷо дафн мекарданд.

Ирина ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки қабри Ҷаббор Расуловро ба қабристони мусалмонон интиқол додаанд: “Дар вақташ ӯро тибқи васияташ на бар асоси суннатҳои мусалмонӣ гӯронда буданд, зеро бобои ман коммунист буданд”.

Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки дар сурати аз интиқоли қабр огоҳ шудан ҳоли модар, амма ва тағояш, се фарзанди хеле солманди бобояшро тасаввур карда наметавонад. Ҳоло писари Ҷаббор Расулов -- Леонид 86, духтари ӯ Светлана 81 ва духтари хурдаш Ирина 79 сол доранд.

Ирина ба “Азия Плюс” гуфтааст, бори охир соли 2008 қабри бобояшро дида буд. Тимур Тихонов, набераи дигари Ҷаббор Расулов гуфтааст, “интизор надошт, бо нафаре ки барои кишвар кори зиёде анҷом дод, чунин муносибат мекунанд”.

Набераҳои Ҷаббор Расулов гуфтаанд, қасд доранд, шаҳрдории Душанберо барои бидуни огоҳӣ ва ризоияти онҳо интиқол додани қабр ба додгоҳ бикашанд.

Ҷаббор Расулов 10 июли соли 1913 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Солҳои 1946-1956 раҳбари Шӯрои вазирони Тоҷикистону шӯравӣ ва аз соли 1961 то соли 1982 котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд. Соли 1981 унвони Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистиро дарёфт кард. Ӯ 4 апрели соли 1982 дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Акс аз "Азия Плюс"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чабор Расулов магар аз Россия буд ё миллаташ рус буд,ки уро ба маскав мебурдед дар сурати огохи ёфтан аз кучонидани кабри у ? у зодаи Точикистон буд ва миллаташ точик аст. барои комунистхо кабристони алохида нест,ки ончо бурда гурони падаратро. у васят накардааст,ки маро дар кабристони християнхо гуронед чигуна шумо нияти кучонидани уро доштед ?
даъвохои шумо хам асос надорад.
Посух додан
  • Зинда бод ТОЧИК

  • 19 октябр 2017 11:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охи садкаи ин хубихои макомоти Точикистон шавед. Чабор Расулов ба Чумхурии мо ягон заррае хам хизмат накардааст. ами я пахтаро гуё 1 миллион тонна чамъ овардаасту хамон хам ба фоидаи дигар давлат тамом. Як зарра фикри мардуми точика накардааст.
Посух додан
  • хочи

  • 19 октябр 2017 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чабор расулов мисли дигаро хам як бандаи хоки аст тобуташ аз осмон наёмадааст агар боботона бисёр нагз бинен мавзолей баренаш ахоли сол то сол зиёд мешавад чои мурдахоро зиндахо мегиранд чони бобо шукрона кун ба номи бобот нохияву чамоатхо аст аз мардуми точикистон ношукри накунед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!