Бахшҳо

Магар президент падар нест ва орзую ҳавас надорад?

Як хонандаи “Озодагон” ба матолиби расонаҳои хориҷӣ дар бораи рақсу сурудхонии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тӯи писараш вокуниш нишон додааст. Ӯ дар номаи худ навишта, ки бояд ба рақсу сурудхонии президент ҳамчун хушҳолии як падар дар тӯи писараш нигарист, на ин ки дар он баҳонаҳои сиёсӣ ҷуст.


Хонандаи мо бо номи “Донишҷӯи ИМА” менависад:

“Мардуми мо аҷиб аст. Магар президент одам нест? Ӯ низ ба монанди дагарон писар калон кардааст.

Умеду шавқу орзую ҳавасҳои падару модар танҳо дар писар аст, дӯстон. Инро Шумо ба сиёсат рабт надиҳед.

Магар Шумо тӯй накарда будед ва падаратон дар тӯйи Шумо нарақсида буд? Ё писаратонро тӯй накарда будед? Чӣ, шумо барои писаратон келин оварданро орзу надоред?

Мардак дорад, мекунад. Дасташ имрӯз мерасад, барои бачааш мекунад. Кори дигарон чӣ? Ин суханҳое, ки гуфтам, бовар кунед, пуштибонӣ аз ҷаноб нест. Шумо худатон фикр кунед, о кадом падар дар тӯи фарзандаш рақсу шодӣ намекунад?”
Мӯҳр
Cалом ба бародар МЕХМОН, Як чахон ташаккур барои фикру назарат... Факат хаминро мехом изофа кунам, ки ба шахси чаноби оли тамоман бахили ва кина дар дил надорам.

Cалом ба бародар МЕХМОН, Як чахон ташаккур барои фикру назарат... Факат хаминро мехом изофа кунам, ки ба шахси чаноби оли тамоман бахили ва кина дар дил надорам.

Ман хам бо ин харфхо мувофикам ...Аммо ин чо гап дар сари Конуни танзим меравад ки Президент худ кафили сарконун хаст, Ин чо ду нукта хаст; авал ин ки маълум шуд ки худи конун то чое нодуруст кабул шуда аст (агарче ман худам сад дар сад тарафдори конуни танзим хастам) дувум ки акалан худи у хамчун президент конунро бояд риоят мекард то ба дигарон нишон дихад ки конунхои мо дар руйи когаз нестанд!!........ Як нуктаи ХАЙЁЛИ!!:Дар мавриди ин ки У хам ПАДАР аст орзуву-фарзанд дорад инро бояд гуфт ки баъд вакте ба НАФАКА раванд ЧАНОБИ мухтарам он вакт дар огуши фарзандон давлати пири меронанд.

Ба хамаи шумо салом харчанд бевакт шудааст барои навиштан аммо хостам фикри худро иброз дорам. Аз фанни адабиёт хама огохи дорем. Ва дар адабиётхои мо навишта шудааст, ки ин шох ва ё он шох 7 шабу 7 руз туй кардааст. Дар давраи кадим ин расму русум буд. Акнун шумоён тахкир накунед, ки барои чи Президент ин тавр кардааст? Президент низ дил дорад, баъди соати 17-00 у низ зиндаги дод. Аввал факт, далел биеред, ки нишон дихед. Ин туй факт нест. Хамон одамхое, ки мехоханд давлати моро боз ба пасти баранд аввал худашон аз ухдаи кор бароянд аз дигар чо истода доду фарёд накарда. Агар мард бошад биёяд, хамрохи мо зиндаги кунад ба пеш барад. Ахсан ба президент, ки сулх хаст дар Точикистони мо!!!!!

хофизи туйгард
Танзим чи? танзим танхо барои камбагалон?

Ин "донишҷуи ИМА" тамоман ақлаш ноқис будааст, ки қила аз қол фарқ намекунад. Одамо А гуянд вай Ҷ мегуяд. Ба таваҷҷухи ин ноқис мерасонам, ки инҷо гап дар сари манъи хурсандии президент намеравад, балки дар хусуси риоя нашудани танзими расму оин аз ҷониби худи асосгузораш ва беодобии онҳо меравад, ки ин худ шармандагист. Ман шоҳид будам, ки ин шағолони беинсофи мақомоти танзим чи гуна дар маъракаи 40 - и яке аз афроди маъруфу хизматнишондодаи Радиои Тоҷикистон, ки бо номи Тағои Радио шинохта шуда буд, дағалона ворид шуда, одамонеро, ки барои фотиҳа меомаданд, зиёд шуморид ва аҳли хонадони марҳумро, ки бе ин ҳам нодор буданд, беш аз 2 ҳазор сомон ҷарима бастанд. Агарҷи ҳозирин аз онҳо дархости бахшидани соҳибони маъракаро карда, гуфтанд, ки марҳум инсони хеле наҷиб ва фарҳангӣ буданд ва одамон бе даъват низ ба ффотиҳахонӣ омада истодаанд, ин шағолҳо умуман ба сухани онҳо диққат надода, танҳо тӯтивор такрор мекарданд, ки гӯё"қонун барои ҳама як аст". Акнун ин донишҷуи каллахароб баъди дидани туйи ҷаноб онро бо ин руйдоди нангини нақлкардаам муқоиса кунаду хулоса барорад.

Хо бгу метарсем. Вакте ки ба шири модараш хурд касам на боядки танхо барои оилаи худаш хизмат кунад, балки барои ХАЛК хизмат кунад......

махин
Ман аз хама чавонон хохиш дорам, илтимос хар кас кори худаша карда рафтан гирад.магар кор надоред.?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)