Бахшҳо
08 ноя 2013 14:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Дахли дигарбораи Абдулқодирзода ба мавзӯи "Ошӯро"

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бори дигар ба мавзӯи Ошӯро дахл карда, аз сокинони кишвар даъват намуд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст.

Абдулқодирзода, ки рӯзи 8 ноябр дар масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест". Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз амалкарди ин гуна пайравони мазоҳиб изҳори таассуф кард, ки онҳо дар ин рӯз худро задаву аъзои баданашонро хуншор мекунанд.

Ӯ таъкид кард, чоку захмӣ кардани бадани худ дар ин рӯз як сӯиқасд ба ҷони хеш ё мисли харошидан ва маҷруҳ кардани бадани шахси дигар аст ва ин амал аз нигоҳи Ислом қатъиян ҳаром мебошад: “Касе ҳақ надорад бигӯяд, ки ҷони ман аст, чӣ коре хоҳам мекунам. Чун Худованд ин ҷонро дар бадани инсон амонат қарор додааст, ки ин кор боиси хиёнат ба амонат мешавад.”

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, дар рӯзи Ошӯро баъзан ашхос ба бархе аз гузаштагон лаънату дашном мефиристанд, ки ин амалро набояд кард: “Мову Шуморо Худованд аз гузаштагон намепурсад, ҳар касро барои кори анҷом додааш пурсон мекунад. Шумо лаънат мегӯед ба гузаштагон, ки онҳо имони қавӣ доранд, яъне сипари қавӣ ва дар натиҷа лаънати моро бозпас мефиристад.” Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода подош ва савоби рӯза доштан дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррамро зикр намуда, афзуд, рӯзадорӣ дар ин рӯзҳо аз паёмбар (с) ба мо мерос мондааст: "Агар шахсе рӯза дошт, савобро ноил шудааст ва оне намегирад гунаҳгор ё осӣ намешавад."

Дахли дигарбораи Абдулқодирзода ба мавзӯи "Ошӯро" Ин даъвати Абдулқодирзода дар ҳолест, ки ду соли қабл байни ӯ ва хонаводаи Тураҷонзодаҳо дар мавриди Ошӯро як баҳси густурда ба миён омад, ки то ба марҳилаи додгоҳӣ расид. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят бурданд, аммо додгоҳ даъвои онҳоро қонеъ накард. Ҳамзамон дар пайи ин қазия фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия”, ки ба оилаи бародарон Тураҷонзодаҳо марбут аст, ҳамчун масҷиди ҷомеъ мамнуъ гардида, ҳоло ба ҳайси масиҷиди панҷвақта фаъолият дорад.

"Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4-уми ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.
Мӯҳр
ОЗОДАГОН ТУ ОЗОД НАБУДАИ МАН 2юмБОРА АСТ КИ САЙТИ ТУРО МЕКУШОЯМ ААМО ФАХМИДАМ КИ ОЗОД НЕСИТИ ЧУНКИ НВИШТА ШУДАИ МОРО ЧОПНАКАРДИ

prezident agar hoji mirzoro mufti monand hamai vazironu raison haromxuriro bas mekunand inshoalloh.

Мухтарам Чаноби С.Абдулкодирзода Шумо ин суханонро бояд ,ба мардуме,ки дар Чумхури мо зиндагони намекунанд ба онхо мегуфтед. Баромаде,ки шумо дар солхои пешин дар Масчити Турачонзодахо кардед ,мо он баромади шуморо як-чанд бор тамошо кардем,аз авал шумо суханони хубро баён доштед,Мардум шуморо бо дикат гуш доштанд,шумо сухан аз Акл кардед ва дар ,давоми суханхоятон Мардумро аз рафтору ,кирдорашон мутахам кардед.Дар хамин вакт Мардуми бо номус натавонистанд,дигар бора суханони шуморо гуш андозанд,ва норозиги сар, сад байни шумо ва байни ахли Масчит.Дар ин наворо метавонад,дигар бора тамошо кунанд шахсоне,ки ба ,фикри шахси ман рози нестанд.Мухтарам Абдулкодирзода шумо дар бораи чашни навруз ,чашни соли нав ,чашни валентина ,чашни 8-март ,ки ба мо Мусулмонон харом хисоб мехурад. Ба Хонаи ХУДО, рафтанро аз руи сину-сол ,ки ба шумо хукук дод,ки шумо дасгириаш доред.Мухтарам С.Абдулкодирзода шумо бо ин саводатон хубтараш аз вазифа истифо медодед,ва ба чои шумо ХОЧИ ДОМУЛЛО МИРЗО таин мешуд,бовари кам дорем,ки ХОЧИ ДОМУЛЛО МИРЗО Кози Точикистон шавад,чун бо фасодзадагон, МухтарамХОЧИ , ДОМУЛЛО МИРЗО ё ахли Турачонзодахо ,хеч вазифаро ба души худ намегиранд. Шумо бошед мухтарам Абдулкодирзода барои вазифа рузи киёматро фикр намекунед,пас шумо хаки козиги хам надоред.

asalomu alaykum barodar sunatullo shumo chi kor kardanied dar in ayom az khudo bitars mufti on chi meguyd tibki kuroonu sunat meguyd va dar shariat az akli khud har chi nagu agar ba joi in on meshud oy kase az ahli sunat in ayomro jash giriftast yo in ki barodar rofizii dar libosi takiy gap mezani

Мухтарам, ба дигар масъалахои нисбатан мухимтар таваҷҷух кунед, масалан пушидани либоси исломи барои духтарон.

ба хонанда ки ба ман чавоб гардонидааст.
Кори шумо хамин аст чизеро нохода ва нодида ба душмани мепардозед. магар нахонди тарихро ки Язид дар васфи Хусайн чи мегуяд?
Афсус ки шумо ба тарикаи худатон тарих доред, хадис доред, тафсири Курон доред, Дин доред...
Шумо ки косалесон мебошед мисоле меорам ки дар вакти хукумати Рахмон чанд сарбозони чавонро дар рашт куштанд ки инро метавон гуфт вакти хилофати Рахмон буд.
Магар Арбобатонро гунахгор шумурдед?
Не харгиз не чаро ки шумо дини чудо аз ислом доред.
Эхххееее чи гуям гап ба шумо хайф аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)