Бахшҳо

Парлумони Аврупо ва ИА: НОБ-и Роғун барои минтақа зарур аст

Вакилони парлумони Аврупо масоили марбут ба НОБ-и Роғунро ба баррасӣ гирифтанд.


Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар нишасти мазкур ба ҷуз вакилони парлумони номбурда, инчунин намояндагони барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия, ташкилотҳои ғайридавлатии ИА  ва гурӯҳи олимон ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, ҷаласа аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар ИА  ва вакили парлумони Аврупо Струан Стивенсон ташкил карда шуд.   
Зимнан, дар ин нишаст Струан Стивенсон ва ҳамоҳангсози миллии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия Камила Магзиева аз натиҷаи сафари кории худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла аз ташриф овардан ба мавзеи сохтмони НОБ-и Роғун маълумот дода, таасуроти амиқи хешро роҷеъ ба ин нерӯгоҳи азим баён намуданд. Онҳо ҳамчун мутахассисони соҳаҳои энергетика, экология, илм, технология ва инноватсияи муосир, безарарии экологӣ ва сейсмологии сохтмони НОБ-и Роғунро аз нуктаи назари илмӣ асоснок намуданд. Таъкид карданд, ки баҳсҳо дар атрофи Роғун беасос буда, бештар аҳдофи  сиёсӣ доранд. Онҳо изҳор дошданд, ки НОБ-и Роғун манбаи воқеии пешрафти натанҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиё Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҳоҳад буд. Ҳамзамон иброз намуданд, ки Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сипар дар мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шарики калидии Ғарб дар Осиёи Миёна мебошад. Онҳо афзуданд, ки дар Тоҷикистон ниҳодҳои демократӣ устуворона тақвият ёфта истодаанд. Ба ақидаи онҳо, бо назардошти мавқеи калидии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо бояд ҳамаҷониба ҷумҳуриро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг ва маориф дастгирӣ намояд.
Манбаъ афзуд, Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар бораи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди идоракунии захираҳои обӣ, иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаҳои нерўгоҳҳои обӣ, аз ҷумла, дар бораи таърих ва марҳилаҳои сохтмони НОБ-и Роғун дар давраи шӯравӣ ва корҳои барқарорсозӣ дар марҳилаи кунунӣ сухан ронд. Дипломати тоҷик гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи ташхиси ҳамаҷонибаи сохтмони НОБ-и Роғун ҳамкории зичро бо Бонки Ҷаҳонӣ ба роҳ монда, ба роҳ мондааст. Ӯ таъкид сохт, ки барқи аз нуктаи назари экологӣ тоза ва арзони нерӯгоҳи Роғун барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, инчунин барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон зарур мебошад. Дар чаҳорчӯби ахбороти пешниҳодгардида зарурати ташаккулёбии афкори мусбии Аврупо нисбати барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бахусус  сохтмони НОБ-и Роғун ва зарурати дастгирии ин лоиҳаҳоро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо махсусан қайд намуд.Дар баромадҳои худ вакилони Парлумони Аврупо ва дигар иштирокчиён равандҳои демократии кишвар, мавқеи хоссаи ҷумҳуриро дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосир қайд намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа хизмат ҳоҳад кард.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)