Бахшҳо

Пешниҳод барои гузоштани як кӯча ба номи Раббонӣ ва донишгоҳи ҳарбӣ ба номи Масъуд

Як донишҷӯи тоҷик пешниҳод дорад, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Бурҳониддин Раббонӣ ва муассисаи таълимии назди Вазорати дифоъ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад.

Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябр ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, пешниҳод дорад, яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба номи Бурҳониддин Раббонӣ, райисиҷумҳури собиқи Афғонистон ва донишгоҳи ҳарбии назди Вазорати дифои кишвар ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодии он кишвар гузошта шавад. Ӯ мегӯяд, “нақши Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон беандоза аст ва бо номгузории як кӯча ва донишгоҳи ҳарбӣ ба номи эшон аз ин абармардон мешавад, қадрдонӣ кард”.

Ин донишҷӯи тоҷик меафзояд, дар Афғонистон ҳудуди 14 миллион тоҷик умр ба сар мебарад ва шахсиятҳои бузург ҳам чун Масъуду Раббонӣ ҳамеша худро тоҷик муаррифӣ кардаанд, “вале муттасифона имрӯз дар Тоҷикистон аз онҳо чандон қадрдонӣ намешавад. Ҳатто дар донишгоҳ боре шоҳид набудам, ки бо баргузории чорабиние аз чунин нафарон ёд карда бошанд”.

Шоҳрух Каримов мегӯяд, хизматҳои холисонаи ин афрод дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро наметавон нодида гирифт. Ба гуфтаи Шоҳрух Каримов идеяи пешниҳоди гузоштани як кӯча ва як донишогоҳ дар Душанбе ба номи Раббонӣ ва Масъуд баъд аз мутолиаи китоби Мирзо Шукурзода - “Размоварони ҳиндукуш” пайдо шудааст, ки дар мавриди ин мардони асил қисса мекунад.

Ин донишҷӯи тоҷик дар охир изҳори умед кард, пешниҳодаш ба шаҳрдории Душанбе ва ба ҳукумати Тоҷикистон мерасад ва ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Пешниҳоди гузоштани як кӯча ва як муассисаи таълимӣ ба номи Раббониву Масъуд дар ҳолест, ки Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик соли сипаришуда дар як маҳфили ёдбуд аз Аҳмад Зоҳир, овозхони саршиноси афғон гуфт, зиёд мехоҳад дар Душанбе баробари хиёбонҳои Рӯдакиву Шерозӣ хиёбоне бо номи Аҳмад Зоҳир пайдо шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Хиёбон ба номи Раббони пешниходи хуб. Донишгохи харби ба номи Масъуд тамоман нодуруст. Якум, Масъуд точик бошад хам аз Афгонистон аст, дуюм ба монанди гузоштани номи Сангак мешавад, баъд аз чанд вакт боз мегиранд номашро.

беакл бача, мухбирони озодагон дониста боз чоп мекунанд, дар рохи рушду нумуи пойтахт кихо ранч кашидаанду кучахояш ба номи ки пешниход мегарданд. Ёки Ахмадшохи Масъуд ягон соат лекция гуфтааст дар донишгохи харби.

Беозор
Елсинам иштирок дошт, собик президенти Ирон хам яке боз инхо хафа нашаванд. Холи Турачонзода хам иштироки сахт дошт хози и хабара бшнава ай гиребонт нагира, ки ма хам бдм.

Озодагон бо хамон кудак 14000 хазор не чордах милен бошад медонам хтона доно мегирену аз мара чоп намекуни охистаак ислохи мекуни

Dev
nosi,
Hakikat nozii. KUlminasiyai in kor ( kuchaero ba nomi kase mondan) dastgirii yak tojiki burunmarzist.Tojike,ki dar yagon vaktu yagon holat az tojik budanash dast nakashid.Kushish kard Tojikistonash yak porchavu yak tan bimonad.Tojikistonro meboyad hamesha at tojikoni Afgonistonu Uzbakistonu...dastgiri kunad.Agar ba dasti man boshad hamai shoironi navisandagonu hofizhoi tojikihoni Uzbakistonro unvon medodam,to digar tojikoni onjo "bedor" boshand hamesha...

Озодагон як идоаи бокуват базе вакт як гапое менависед. ки ба акл рост намеояд. И дафтари шумо касе биёя чизе гуяд шумо чоп мекунед. Шорух Каримов хамунхо бисер макулат бошанд суратохояшонро бар дар хонатон кашол кун аммо кучахои шахри душанбеда кордор нашав. Озодагон илтимос чоп кунед.

Мухаммад
Ман 100 дар 100 тарафдор офарин ба ин донишчу

Барои чи не??? Ин шахсонро хамчун кахрамон шинохтан лозим аст. Комментаторхои мухтарам, точикон на факат дар Точикистони хозира хастанд, балки берун аз он хам макон доранд. Идеяи бисёр хуб. Ман тарафдор. Точикистон бо ин амал бештар назари дунёро чалб мекунад. Ман боз пешниход дорам, ки яке аз хиёбонхоро бояд ба номи олими бузурги олмони Гёте ном монд ва дигарашро ба номи пойтахти Австрия Вена, чун дар Вена кучае хаст бо номи Душанбе. Ягон кучаро дар Душанбе Берлин ном монем хам бисёр ачоиб мешавад.

пешнмход фикри ахмаконае беш нест. !!??!1

Алию ВАЛИ
бехтарин, дар Афгонистон ягон кучаи ба номи Мирзо Турсунзода, Лоик Шерали, Садриддин Айни, Бобочон Гафуров, Деваштич, СПИТАМЕН бошад? Агар бошад мо рози.

Донишҷу гуфта аст, ки дар ҳудуди Афғонистон 14 ҳазор тоҷик аст, пас дигар Тоҷикҳои Афғонистон куҷо шуданд? Соли 1979 дар оғози ҷанги Афғонистон ва шурви Тоҷикҳо акарият буданд, ки аҳолии Афғонистон қариб си млн. буд. Имруз Амрикоиҳо мегуянд, ки паштуҳо зиёданд. аллбата Амрико ба форс зиёдтар душмани дорад. Шумо рузноманигорон ақалан ислоҳ кунед, ин гуна иштибоҳотро.

Фирдавс
дар Афғонистон ҳудуди 14 ҳазор тоҷик умр ба сар мебарад????

Точик,
Аҳмадшоҳро бо Сангак баробар накунед. Сангак яке аз душманони ҳалки тоҷик буд ва мемонад.

Вокеан дар Афғонистон ҳудуди 14 ҳазор тоҷик не, балки 14 млн нависед дурусттар мешавад

Бисёр пешниходи хуб аст.Мо точикон на бояд махалгарои бикунем,баръкс бояд ахл бошем.Бояд яке аз кучахои Душанбешахр ба номи профессор Раббони номгузори бишавад.Ва номи генерал Масъудро низ номгузори бикунанд.Зеро ки ин шермардони бо ору номуси миллати мо буданд....


Мехр
Эй Бухоро шод бошу дер зих..Устод Раббони ва Ахмадшох Масъуд фарзандони фарзонаи миллати Точик хастанд, номи онхо дар номаи аъмоли парокандаи миллат, абадан сабт хохад гашт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)