Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 02:35

Шарофзода: Ардвирасура фариштааст, Облоқулу Асмоаро рад кардем (ВИДЕО)

31 июл 2017, 15:43

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлол пешниҳод мешавад. Шарофзода имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Феҳрасти номҳои миллӣ аллакай чоп шудааст.

Ба иттилои ӯ, дар Кумитаи тобеаш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки “ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо, хулосаи худро пешниҳод мекунанд. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шудааст”.

Ба иттилои масъулини Кумита, ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд: “Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд”.

Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, Шарофзода ба мунаққидон маслиҳат дод, ки ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунанд, ки дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • усто

  • 31 июл 2017 21:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал хандам грифт, бо гиря кадм да холи и корошон, то ному, турсики одамо кордор шидан кори хуб нест(((
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ё тоба! и нав фахмидам номи фаришта будаст. кадом фаришта? аз дини зардушти гуед агар намедонам. хаминро медонам ки имруз мо мегем мусалмонем ягон фариштаро нашунидем ки чунин ном дошта бошад. инкадар номи дар талафуз мушкилу бехусн (Ардивасура).
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асмоа натанҳо ҷамъи исм аст бал ки чандин маънои хуб ҳам дорад, Асмо маънои Сумувв яъне бартари ва болоиро мефаҳмонад. Ва Асмоа ин номи духтари ҳазрати Абубакри сиддиқ ҳам ҳаст ки дар вақти ҳиҷрати падараш бо Паёмбар ба онҳо кумак расонда буд.
Посух додан
  • Табарзода

  • 3 август 2017 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Фархаги миллии номхо тавсияви бошад,шумо дар асоси кадом конун номхои Облокул ва Асмоаро рад кардед? Аввал худатон конунро риоя кунед,дигарон шуморо дида ибрат гиранд.

адл,
адл,
адл,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!