Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:54
7 декабр 2013, 14:04

Кӣ, кай ва дар куҷо? Муаррифии кӯтоҳи аъзои ҳукумати нав

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноат; Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ; Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молия; Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ; Руқия Қурбонова, муовини нахуствазир; Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт; Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг, ки аз мақомҳояшон барканор гардидаанд, то ҳол мансабе надоранд.

7 декабр 2013, 10:27

Бобоназарова: "Наметавонам ҳукумати таъсисшударо ҳукумати нав гӯям"

Мақомот мегӯянд, 60 дарсади ҳукумат нав шуда, синни миёнаи мансабдорон аз 56 ба 52 поин оварда шудааст.

6 декабр 2013, 13:06

Президент баъзе роҳбарони блоки иқтисодиро нав кард

Бо фармонҳои дигари ӯ, Ҳамдам Тағоймуродов аз мақоми раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи сардори Саридораи бойгонӣ озод шуда, ҳоло мансабе надоранд.

6 декабр 2013, 12:36

Таъини роҳбарони Кумитаи забон, Академияи улум ва донишгоҳҳо

Фарҳод Раҳимов рӯзи 6 декабр аз мақоми муовини вазири маорифи Тоҷикистон барканор ва президенти Академияи илмҳои кишвар таъин шудааст.

5 декабр 2013, 17:47

Ҷаласа барои тасдиқи тағйироти кадрии ахир дар ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 5 декабр бо судури як фармон иҷлосияи ғайринавбатии ду палатаи парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват намуд.

3 декабр 2013, 14:45

Курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова насиби кӣ хоҳад шуд?

Қарор аст, барои "пур" кардани курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳоло муовини нахуствазир, дар ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе интихоботи миёндаврӣ баргузор гардад.

30 ноябр 2013, 13:25

Нахустин вокунишҳо ба мансаби нави Рустами Эмомалии 26-сола

Усмон Солеҳ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Рустами Эмомалӣ кадри ояндадор аст ва аз иҷрои вазифаҳои аз ин ҳам баландтар баромада метавонад.

30 ноябр 2013, 11:39

Рустами Эмомалӣ, писари президент -- раиси Хадамоти гумрук

Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин гардид. Вай то кунун ба ҳайси муовини раиси Хадамот фаъолият дошт.

26 ноябр 2013, 10:14

Боз интихобот... Қатъи ваколатҳои Ҷабборова ва Хидирова

Ваколати Марҳабо Ҷабборова ва Мағфират Хидирова ба ҳайси вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 26 ноябр расман қатъ шуд.

23 ноябр 2013, 11:41

Мақомҳои нави Хидирова, Раҳимов ва Муҳиддинов

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, қарореро, имзо намуд, ки тибқи он Хидирова Махфират Умаровна, раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.

23 ноябр 2013, 11:09

Эмомалӣ Раҳмон сарвазири нав ва муовинони ӯро таъин кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, бо судури фармон, Оқил Оқилови 69-соларо, ки 14 сол боз сарвазир буд, аз мақомаш барканор намуда, ба ҷои ӯ Қоҳир Расулзодаро сарвазири кишвар таъин намуд.

22 ноябр 2013, 09:57

Шариф Саид ва муовинони ӯ курсиҳояшонро ҳифз карданд

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, зимни ҷаласаи аъзои палата дар Кохи Ҷомӣ аз фаъолияти 5-солаи ин созмон гузориш дода, ҳозиринро муътақид сохтааст, ки ниҳоди зертобеяш тайи солҳои 2008-2013 барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷ ва рушди дохилӣ мусоидат кардааст.

21 ноябр 2013, 17:34

Дар ҳошияи ҷойивазкуниҳо. Суруди Паваротти дар иҷрои Абрам

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои он ки қаттолонеро, ки оилаҳоро мекушанд ҷустуҷӯ намоянд, аз паи хабарнигору мошини донишҷӯён медаванд. Чаро мо дар роҳҳо дурбинҳо насб мекунем, вақте аз оддитарин садама бо иштироки писари нафари калон чашм мепӯшем?

21 ноябр 2013, 13:30

Қосим Қосимов монд. Вазифаҳои нави Тағоева, Усмонов ва Орумбеков

Рӯзи 21 ноябр бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадамин Маҳмадаминов -- вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Мирзошоҳрух Асрорӣ -- вазири фарҳанг аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

21 ноябр 2013, 13:27

Раҳмон курсии вазири саноатро аз Гул Шералӣ гирифту ба Шавкат Бобоев дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми ноябр, бо судури як қатор фармонҳо Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистонро аз мақомҳояшон барканор кард.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!