Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:20
15 ноябр 2016, 15:05

А.Шафиев: Пан Гӣ Мун гуфт, аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва таъқибу таҳдид ба зиндагии онҳо хеле нигаронем

Абдуфаттоҳ Шафиев, журналисти тоҷик, ки феълан дар Амрико қарор дорад ахиран бо Пан Гӣ Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дидору гуфтугӯ дошт. Хабарнигори “Озодагон” дар як суҳбати кутоҳи катбӣ нахуст аз ҷаноби Шафиев пурсид, ки ин мулоқот чӣ гуна имконпазир шуд?

27 октябр 2016, 11:37

Салимпур дар меҳмонии тоҷикони паноҳҷӯ: Чӣ диду чӣ шунид?

Мирзои Салимпур, рӯзноманигори маъруфи тоҷики муқими Аврупо, ки ҳафтаи гузашта аз ҳоли ҳамватанони паноҳҷӯ дар ин қора хабар гирифт, дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” аз дидаю шунидааш нақл кард.

12 октябр 2016, 15:18

Башир Аҳмад: Хушунат ва ноамниҳо ба Осиёи Миёна кашонда хоҳад шуд

Барои ин ки аз вазъи ҷанг ва фазои амниятӣ дар шимоли Афғонистон хонандаро огоҳ кунем, бо хабарнигори шабакаи телевизиони яки(1TV) Афғонистон Башир Аҳмад Қосонӣ суҳбат анҷом додем, ки дар зер нашр мешавад

1 октябр 2016, 09:50

Суҷудӣ: Қаҳҳор Осӣ Аҳмадшоҳи Масъудро Рустами сонӣ гуфта буд

Қаҳҳор Осӣ шоири тоҷиктабори Афғонистон аст. Шоирест, ки дар кишвараш гоҳо ӯро Нимо хитоб мекунанд ва шеърҳои ӯро барҷастатарин шеъри муосири Афғонистон медонанд. Ин шоири пуровозаи тоҷиктабори Афғонистон бар асари “ракетаборон”-и Гулбиддини Ҳикматёр кушта шуд. Ахиран, ки ҳукумати Ғанӣ ва Абдулло бо Ҳикматёр сулҳ кард, исми Қаҳҳор Омӣ беш аз ҳар вақти дигар дар сафаҳоти рӯзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Ҳаводоронаш мегӯянд, ҳич вақт хуни ба ноҳақ рехташудаи Қаҳҳор Осӣ муомила намешавад.

30 сентябр 2016, 14:52

Меҳмоншоҳ Шарифзода: Ғарб рӯзе худро дар Мавлоно пайдо мекунад

Мавлоно, дақиқан дар афкор ва андешаи инсонӣ кореро кард, ки Аттор пешбинӣ карда буд: “Рӯзе шавад, ки ин кӯдак фитна бар олам занад”. Мусоҳибаи Иршод Сулаймонӣ бо андешаманди мавлоношинос Меҳмоншоҳ Шарифзода рӯйи шахсият ва “фитнаҳоест”, ки бар олам зада...

23 сентябр 2016, 09:26

Абдуссалом Одиназода: Муҳлат доданд, то гум шавам

Абдуссалом Одиназода, донишманд ва пизишки тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Амрико, Шветсия ва Австралия корҳои илмӣ ва пажуҳишӣ кардааст, бо ҳадафи кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт, аммо ахиран маҷбур шуд, дубора аз ватан берун шавад. Дирӯз, 22 сентябр ӯ Дубайро ба қасди Австралия тарк кард. Ҷаноби Одиназода қабл аз парвоз бо “Озодагон” суҳбати кутоҳе анҷом дод.

10 сентябр 2016, 16:42

Муродӣ: Ғарб Масъудро ба ҳайси раҳбари ояндаи Афғонистон пазируфта буд

Суҳбати имрӯзи “Озодагон” бо дуктур Соҳибназар Муродӣ яке аз ҳамсангарону ҳамкорони Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки феълан коршиноси Намояндаи фавқулодаи раисҷумҳури Афғонистон дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб мебошад.

8 сентябр 2016, 08:57

Раҳматилло Зоиров: Бо Ислом Каримов шинос будам...

Баъд аз марги Ислом Каримов бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон нуқтаназарҳо ва баррасиҳои худро дар мавриди шахсияти Ислом Каримов ва ҳамчунин дар перомуни шеваҳои ҳукуматдорӣ ва муносибати ӯ бо тоҷикону Тоҷикистон баён карданд. Дар ин миён изҳороти Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди вокунишҳои густардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорону таҳлилгарони шинохта қарор гирифт. Аз ҷумла бештари касоне, ки вокуниш нишон доданд, тавсифу тамҷиди Зоиров аз Каримовро ғайримунсифона ва ғайриинтизор унвон карданд. Иршод Сулаймонӣ ба дунболи ин вокунишҳо бо чанд суол ба Раҳматилло Зоиров муроҷиат кард.

19 август 2016, 09:12

(ВИДЕО) Сафири Амрико: Мо тамоми корҳоро дар Тоҷикистон ба анҷом нарасондаем

Амрико, ки як кишвари абарқудрати дунёст, бо вуҷуди доштани равобити дипломатӣ аз тариқи сафоратхонаҳои худ, ҳамчунин бо баъзе аз кишварҳо муколамаҳои дипломатиро дар форматҳои нав ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ду соли ахир шоҳиди чунин як муколамаи Амрико бо кишварҳои Осиёи марказӣ бо номи С5+1 ҳастем. Чанд рӯз қабл ҳамчунин як муколамаи вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат пазируфт. “Озодагон” ба дунболи ҳадафҳои муколама хостори як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сафири ИМА дар Тоҷикистон шуд.

16 август 2016, 09:47

Фарид Сафармамад: Муваффақтарин модели маориф дар фазои носозгор мепӯсад

Фарид Сафармамад. Як ҳамватани 34-солаи мост, ки ҳоло дар яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои иёолоти Вирҷиниёи ИМА, Донишгоҳи Олд Доминион (Old Dominion University) ҳам устод аст ва ҳам дар давраи дуктуро таҳсил мекунад. Фарид дар тахассуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ машғули тадрис ва пажуҳиш аст. Давраи мостарии худро ҳам дар ҳамин донишгоҳ фаро гирифтааст. Қабл аз рафтан ба Амрико дар Тоҷикистон ва Итолиё дар лоиҳаҳои гуногуне дар заминаи рушд ва ислоҳоти маориф кор кардааст. Бештар аз 1,5 сол ҳамоҳангсози Барномаи омӯзишҳои фаромарзии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ буд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” бо Фарид Сафармамад суҳбате анҷом дод, ки пешниҳоди хонандаҳо мешавад.

8 август 2016, 09:05

“Тасмимгирии яктарафа аз сӯи Тоҷикистон ба марги тадриҷии забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ хоҳад анҷомид”

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, хабарнигорони тоҷикро барои истифодаи вожаҳои ноошно ҷарима хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, барои мушаххас кардани ин гуна маворид комиссияи махсус таъсис шудаву даст ба кор аст. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: АМАЛИ КУМИТАИ ЗАБОН МАНТИҚӢ ВА ҶОИЗ АСТ?

5 август 2016, 08:22

Розенблюм: Фарқ кардани мухолифини сиёсии осоишта ва садоҳои динии сулҳомез аз ифротгароии хушунатомез муҳим аст

Дэниел Розенблюм, ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегӯяд, ИМА ҳамеша нигарониҳояш дар мавриди риоя нашудани ҳуқуқи инсон ва озодиҳоро дар баландтарин сатҳи ҳукумати Тоҷикистон ба миён мегузорад. Розенблюм ин нуктаро дар ҷавоб ба суоли “Озодагон” дар як телеконфронс, ки аз сӯи “The Brussels Hub” ҳафтаи сипаришуда баргузор шуд, иброз дошт.

15 июл 2016, 09:14

Роман Друкс: Бунёди неругоҳ дар Бартанг ангезаи дарунии ман буд (АКС+ВИДЕО)

Як шаҳрванди Швейтсария бо харҷи 250 ҳазор доллар дар деҳаи Басиди водии Бартанг неругоҳи барқӣ бунёд кардааст.

11 июл 2016, 15:00

Вокуниши Усмонов ва нашри мусоҳибаи комилаш бо Ҳумайрои Бахтиёр

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи нашри мусоҳибааш бо “IWPR” - “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ”, ки “Озодагон” онро бознашр кард, вокуниш нишон додааст.

8 июл 2016, 14:49

Абдулло Давлатов: Тибқи пешгӯиҳо солҳои 2050 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад

Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия ва Анҷумани созмонҳои тоҷикии “Самандар” аз сӯи Ҳизби “Партия Роста” номзад ба вакилӣ дар Думаи Русия пешниҳод шудааст. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, номзадиаш рӯзи 4 июл дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб ба вакилии Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия дар рӯйхати федеролӣ (умумирусиягӣ) аз шаҳри Маскав пешниҳод шудааст: “Номзадҳо ба вакилии Думаи давлатӣ метавонанд аз минтақаҳои мухталифи Русия интихоб шаванд. Ман ки дар Маскав зиндагӣ мекунам, табиист аз ҳамин шаҳр пешбарӣ шудаам”.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!